SlideShare a Scribd company logo
1 of 127
Download to read offline
1
корҳое ки як шахсро аз доираи
Ислом хориҷ мегардонад
Муаллиф: Шайх Абдулазиз Турайфӣ
Мутарҷим: Абу муҳаммад Маданӣ
2
Феҳрист
Муқаддима ...................................................................................................................................................5
Шарҳи шиканандаҳои Ислом.............................................................................................................8
Маънии калимаи шикананда............................................................................................................10
Саъю кӯшиши уламо ба баёни ҳукми муртад (баргашта аз дин) .............................10
Ноқиси аввал (ширк дар ибодати Аллоҳ)................................................................................12
Ширк ба Аллоҳ бар ду навъ аст:................................................................................................16
Навъи аввал: ширки акбар бар чаҳор навъ аст:...........................................................16
Aввал: ширк дар дуо...........................................................................................................18
Дувум: ширки ният (ширки ирода ва қасд) ..............................................................19
Севум: ширки итоат Хукм Ташреъ Тахокум............................................................21
Тоғут чист ва ба чӣ касе гуфта мешавад?.........................................................23
Чаҳорум: ширки муҳаббат................................................................................................25
Анвоъи ширки муҳаббат ва ҳар кадом ................................................................27
Навъи дувум: ширки асғар ......................................................................................................30
Чигунагии шинохти ширки асғар: .................................................................................32
Навъҳои ширки асғар ...................................................................................................33
Аввал: ширки зоҳир (намоён)...................................................................................33
Дувум: ширки хафӣ (пинҳон) ва хатарҳои он....................................................35
Ҳолатҳои ворид шудани риё дар корҳо ва ҳукми ҳар кадом..............37
Ҳукми худдорӣ аз кори нек аз тарси ин ки риё бошад...........................39
Ноқиси дувум (касе ки миёни худ ва Аллоҳ воситаҳое қарор диҳад, онҳоро
бихонад ва аз онон дархости шафоат кунад ва бар онҳо таваккал намояд, ба
иҷмоъ кофир аст):..................................................................................................................................41
Шафоат дар китоби Аллоҳ ва суннати паёмбар ба ду сурат: .....................................46
Шартҳои шафоати собитшуда..............................................................................................45
Ноқиси севум (ҳукми касе ки мушриконро кофир надонад ё дар куфрашон
шак кунад ё мазҳаб ва ойини ононро дуруст бипиндорад):........................................48
Даъват ба сӯи озодӣ ва ваҳдати адён ва ҳукми он...........................................................50
3
Хулосаи ноқиси савум.....................................................................................................................53
Ноқиси чаҳорум (касе ки муътақид бошад равиш ва ҳукми ғайр аз расули
Аллоҳ аз равиш ва ҳукми паёмбар комилтар ва беҳтар аст, кофир мебошад.
Ва низ касе ки ҳукми тоғут (ғайри Аллоҳ) – ро аз ҳукми паёмбар бартар
медонад).......................................................................................................................................................59
Ноқиси панҷум (ҳар кас ҳукм ё раҳнамуде аз аҳком ё раҳнамуди иблоғи
паёмбаро бад бидонад ва аз он мутанаффир бошад, кофир аст, ҳарчанд худ
ба он амал кунад)....................................................................................................................................68
Ноқиси шашум (ба ришханд гирифтани чизе ё бахше аз дини паёмбар ва
масхара кардани подош ё муҷозоти он ё оёти Аллоҳ, куфр аст):............................73
Агар қасди масхаракунанда шухӣ бошад ҳукми он чист? .............................................74
Масхара кардани дини илоҳӣ аз нишонаҳои мунофиқон ва кофирон ....................76
Дар ҳукми масхара кардан аз дин, эътиқоди шахс шарт нест, ки бо нияти бад ё
хуб анҷом гирифта бошад ................................................................................................................
Ҳукми масхаракунанда ба иҷмоъи мусалмонон куфр мебошад ...............................76
Масхара кардан бар ду навъ аст: ошкор ва киноя............................................................78
Хатароти истеҳзо ба дин ва шаоири он ва ҳукми ҳамнишинӣ бо
масхаракунандагон ..........................................................................................................................78
Ҳукми масхара кардани саҳоба (ёрони паёмбар) ва анвоъи он................................80
Масхара кардани саҳоба ва носазо гуфтан ба онҳо бар чанд гуна аст:................81
Ҳукми масхара кардани уламо ва накӯкорон ва солеҳон..............................................81
Ноқиси ҳафтум (сеҳр аст ки аз он ҷумла ҷудо кардан ва алоқаманд сохтан
байни одамон бо сеҳр ба таври дуруғ мебошад ва ҳар кас анҷомаш диҳад ё
ба он розӣ бошад, кофир аст): .......................................................................................................84
Маънои сеҳр дар луғат ва истилоҳ...........................................................................................84
Оё сеҳр ва соҳирӣ ҳақиқат дорад? ..........................................................................................86
Ширк будани сеҳр ва соҳирӣ аз ду ҷиҳат мебошад .........................................................87
Анвоъи сеҳр ва ҳукми он..............................................................................................................
Ҳукми соҳир дар Ислом ..............................................................................................................89
4
Ноқиси ҳаштум (дӯстӣ бо мушрикон ва ёрӣ расондан ба онон дар баробари
мусалмонон):.............................................................................................................................................94
Дӯстӣ ва душманӣ ба хотири Аллоҳ аз устувортарин ресмонҳои имон.................96
Нукта: ҳукми кумак гирифтан аз куффор дар ҷанг бо гурӯҳе дигар аз куффор102
Ноқиси нуҳум (ҳар кас муътақид бошад ки барои бархе аз мардум гунҷоиш ё
иҷозаи хуруҷ аз шариати Муҳаммад (с) вуҷуд дорад – монанди гунҷоише ки
барои хуруҷи Хизр аз шариати Мусо (а) вуҷуд дошт – кофир аст):......................106
Ҳукми касе ки яке аз аҳкоми мавҷуд дар қуръон ё суннати собитшударо инкор
кунад ......................................................................................................................................................110
Ноқиси даҳум (рӯйгардонӣ аз дини Аллоҳ, ба гунае ки на онро фаро бигирад
ва на ба он амал кунад): ...................................................................................................................111
Мақсуд ва маънои рӯйгардонӣ..................................................................................................111
Анвоъи руйгардонӣ аз дини илоҳӣ..........................................................................................114
Оё касе ба хотири надонистан ва фаро нагирифтани дин маъзур аст?..............117
Оё байни шухӣ ва ҷиддӣ будан ё тарс доштан дар шиканандаҳо узр
мебошад?..................................................................................................................................................
Ҳукми касе ки ҷоҳил бошад ва огоҳӣ ба ин шиканандаҳо надошта
бошад чист? ............................................................................................................................................
Ҳукми куфри шахси муайян ........................................................................................................121
Ҳукми касе ки дар иртикоби ин навоқиз таъвил (тафсир) ва тавҷия дошта
бошад чист? .......................................................................................................................................126
Поён ёфт.
5
Ба номи Аллоҳи бахшанда ва меҳрубон
Муқаддима
Ҳамду ситоиш мар Аллоҳро ва дуруду салом ба банда ва набӣ ва
оли асҳобаш. Аммо баъд:
Аллоҳи мутаол амал ба шариаташ ва пайравӣ аз паёмбарашро воҷиб
фармудааст. Ин роҳи дурусте аст, ки каҷандешӣ ва боварҳои нодуруст ба он роҳ
надорад, балки фурӯғе аст, ки кӯрии чашмҳоро мезудояд ва ба рӯҳу равон тароват
ва тозагӣ мебахшад ва дилҳоро зинда мегардонад. Ҳар кас ин роҳро дар пеш гирад,
растагор мешавад ва ҳар кас аз ин роҳ мунҳариф шавад ё роҳи дигаре баргузинад
ба ҳалокат мерасад.
Мухолифони ин шариат аз рӯшаноӣ ва нури ҳаётбахши он бебаҳра
мондаанд. Чун ба пояҳо ва усуле вобаста шуданд, ки комилан беасос
ва суст ва ба андешаҳое рӯй оваранд, ки бо марги соҳибонаш мемирад
ва дар баҳра ҷустан аз шариати ҷовидон берағбат ва дилсард шуданд.
Китобе ки пеши рӯ доред, дар асл дарсҳое аст, ки дар шарҳи китоби
“шиканандаҳои ислом” - и асари имом Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ироа дода
будам. Бархе аз дӯстон ба умеди ин ки нафъаш бештар шавад, пешниҳоди чоп ва
нашри онро ба ман доданд. Барои иҷрои ин амр ба баррасӣ ва бознигарии матолиб
пардохтам, матолибе бар он афзудам ва порае аз матолибро ҳазф кардам.
Ин китоб аз усуле аст, ки поя ва асоси дин ба шумор меравад. Аллоҳи
мутаол барои баёни ин усул паёмбарашро ба сӯи ҷинҳо ва инсонҳо
фиристода ва динашро дар қолаби ду ваҳй1
нозил намуда ва мардумро
1 Манзур аз ду ваҳй нузули китобҳои илоҳӣ ва раҳнамудҳои паёмбарон аст. Дар бораи ин
уммат, қуръони карим ваҳйе аст, ки тиловат мешавад. Чунончӣ суннати паёмбар (с) низ
ваҳйе аст. Лизо манзур аз ду ваҳй, китоб ва суннат мебошад. (мутарҷим)
6
ду даста гардонида1
ва ба барпоии дин ва шариаташ бо забон ва
шамшер дастур додааст. Аллоҳи мутаол мефармояд:
ُ‫ت‬ۡ‫ق‬َ‫ل‬َ‫خ‬ ‫ا‬َ‫م‬ َ‫﴿و‬‫ٱ‬‫ن‬ ِ‫ج‬ۡ‫ل‬َ‫و‬‫ٱ‬َ‫نس‬ِ ۡ‫ۡل‬:‫[الذاريات‬ ﴾ِ‫ُون‬‫د‬ُ‫ب‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬ِ‫ل‬ ‫َّل‬ِ‫إ‬56]
Ва инсонҳо ва ҷинҳоро танҳо барои ин офаридам, ки маро ибодат ва парастиш
намоянд (зориёт, ояти 56)
Ибни Аббос Аллоҳ аз ӯ розӣ бод дар тафсири ин оя гуфтааст: “яъне
хоста ё нохоста ба бандагии ман пайравӣ кунанд”.2
Дар даврони мо бисёр аз касоне ки ҳеҷ баҳрае аз дунё ва охират надоранд,
кушидаанд, то ин усул ва зерсохтҳои фикрӣ ва ақидатиро ошкор ё махфиёна, бо
шубҳафканӣ ва равишҳои гуногун аз миён бибаранд. Дар ин миён фитнаҳо ба сони
мавҷҳои пурталотум аз фирори якдигар боло мераванд ва бисёр аз касоне, ки ному
расму илм ва донишро бо худ дастак мекунанд, ҷуз ба худ ва саломатии хештан
намеандешанд ва аз баёни ҳақиқат дур мераванд. Дар ин шароити душвор ки
хелеҳо ба хотири ҳифзи худ ва манофеъи хеш роҳи бехатарро баргузидаанд.,
касоне ҳам ёфт мешаванд, ки ба саломатии роҳ меандешанд на ба саломати худ
ва манофеъи хеш. Ва ба ростӣ ба хотири вуҷуди чунин олимони баргузидае аст, ки
дин ва ойин ёрӣ ва ҳифозат мешавад.
Шариати илоҳӣ бартар аст ва аз ҳар осебе, ки сабаби аз байн
рафтан аст, наҷот меёбад. Бад - ин ҳол касе ки сарват ва мақоми худро
дар ҳоли хидмати дин ва ҳифзи ойини илоҳӣ қарор диҳад, Аллоҳи
мутаъол ҷойгоҳ ва мавқеияташро ҳифз мекунад ва динашро барояш
нигаҳ медорад, вале касе ки динашро дар хидмати қудрат ва сарват
қарор диҳад, Аллоҳ қудрат ва сарваташро аз миён мебарад ва дине ҳам
барои ин шахс боқӣ намегузорад.
1
Гурӯҳе ки даъвати ҳақро мепазиранд ва гурӯҳе ки онро инкор ва саркаширо дар пеш
мегиранд. (мутарҷим)
2 Ибни Ҷарир дар тафсири худ инро ривоят кардааст.
7
Ин муқтазо ва мафҳуми сухани паёмбар (с) мебошад, ки
фармудааст: “‫يحفظك‬ ‫هللا‬ ‫”احفظ‬ яъне: “шариати Аллоҳро пос бидор то Аллоҳ
туро ҳифз кунад”. Ҳамон гуна ки гуфтаанд: “ҳар касе он диравад оқибати
кор ки кишт”. Зеро ҳар амале пайомад ва натиҷае дархур ва
шоистаашро ба дунбол дорад.
Ва Аллоҳи мутаъол аст, ки тавфиқ медиҳад ва ӯ барои мо кофӣ ва беҳтарин
корсоз аст.
Шайх АбдулАзиз Турайфи.
4/3/1324
Риёз
8
Шарҳи шиканандаҳои Ислом
Нависанда, Аллоҳ раҳматаш кунад, мегӯяд: “ба номи Аллоҳи
бахшанда ва меҳрубон, биндон шиканандаҳои Ислом даҳ маврид аст”.
Муаллиф ба пайравӣ аз Қуръони карим ва мутобиқи амалкарди
паёмбар дар бисёре аз мавридҳо аз ҷумла номанигорӣ ва корҳои дигар
китобашро бо “бисмилоҳир раҳмонир раҳим” оғоз кардааст. Дар
ривояте омадааст, ки паёмбар (дуруду салом бар ӯ бод) дастур
додааст, ки оғози ҳама кор бо “бисмиллаҳ” бошад. Гуфтанӣ аст: Ин
ривоят субуте надорад.
“Хатиб” дар “Ҷомеъ” – и худ ба нақл аз Мубашшир ибни Исмоил аз
Авзоъӣ аз Заҳрӣ аз Абусалима аз Абуҳурайра ба сурати марфуъ ривоят
кардааст: “ ‫ب‬ ‫فيه‬ ‫يبدا‬ ‫َّل‬ ‫بال‬ ‫ذي‬ ‫امر‬ ‫كل‬‫اقتع‬ ‫فهو‬ ‫الرحيم‬ ‫الرمن‬ ‫هللا‬ ‫بسم‬ ” яъне: “ҳар кори
муҳиме ки бидуни бисмилоҳир раҳмони раҳим оғоз шавад, бурида аст
(ва ба натиҷа намерасад)”.
Ин хабари мункаре1
аст ва ҳофизони онро муаллал2
донистаанд.
Саҳеҳ ин аст, ки ин ривоят мурсал ва бидуни лафзи “бисмилоҳир
1 Мункар дар истилоҳи ҳадис ба хабаре гуфта мешавад ки монанди ривояти “шоз” ровиаш
бо ровиёни сиққа (муътабар) мухолифат карда бошад ва чунин ривояте пазируфта
намешавад. Ҳамчунин агар ровӣ дорои адл ва забт набошад, ҳарчанд дар ривояташ бо
ровиёни сиққа мухолифат накунад, боз ҳам ривояташ мункар ва ғайри қобили қабул аст.
Лизо агар ровӣ одил, зобит ва ҳофиз ба танҳоӣ ривоят кунад ривояташ пазируфта мешавад
ва ривояташ мункар нест. Гарчӣ ин луғат барои он ба кор равад. Хулоса ин ки хабари мункар
дар мухолифат монанди хабари “шоз” аст, бо ин тафовут ки илова бар мухолифат дорои
заиф аст.
2 Муаллал ҳадисе аст ки дар зоҳир ҳеҷ эроде надорад вале дар ҳақиқат иллати қодиҳаи
пушидае дорад, яъне иллате ки дар сиҳаташ халал эҷод кунад. Ин иллат гоҳ дар санад -----
қарор додан ва гоҳ дар матн. Аз беҳтарин китобҳое ки дар замина ба нигориш даромадааст,
метавон ба китоби “Ал - ъилал”, асари Алӣ ибни Мадинӣ, устоди Бухорӣ ишора кард.
Абдураҳмон ибни Абиҳотам низ китобе ба ҳамин ном дорад. (мутарҷим)
9
раҳмонир раҳим” мебошад, ки албатта ин ривоят низ мункар аст ва
муаллал ба ваҳми ровӣ Мубашшир ибни Исмол ки онро бо
“бисмиллоҳ…) ривоят кардааст. Гуруҳе чун Валид ибни Муслим, Бақия,
Хориҷа ибни Мусъаб, Шуайб ибни Исҳоқ, Муҳаммад ибни Касир, Маофӣ
ибни Умрон ва Абдулқуддус ва дигарон ин ривоятро аз Авзоъӣ бо ин
нақл кардаанд: .“ ‫بح‬ ‫فيه‬ ‫يبدا‬ ‫َّل‬ ‫بال‬ ‫ذي‬ ‫امر‬ ‫كل‬‫هللا‬ ‫مد‬ ” яъне: “ҳар коре ки муҳиме ки
оғозаш бо ҳамд ва ситоиши Аллоҳ набошад, ноқис аст.” Касоне ки онро
бо лафзи “бисмиллоҳ” зикр кардаанд, дучори ваҳм ва иштибоҳ
шудаанд, монанди Зайлаъӣ, Ироқӣ, Суюутӣ ва …. ногуфта намонад, ки
бархе аз мутааххирин дар ин бора саҳлангорӣ намуда ин ривоятро
ҳасан донистаанд.
Пас ба ин натиҷа мерасем, ки амр ба оғози корҳо бо “бисмиллоҳ” дар
ривояти мазкур собит набуда ва он чӣ аз паёмбар (с) дар ин бора собит
шуда ин аст, ки он бузургвор номаҳояш ва соири корҳоро бо
“бисмилоҳир раҳмонир раҳим” оғоз мекард.
Ҳамон гуна ки Бухорӣ ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Аббос аз
Абусуфён нақл кардаанд, ки паёмбар дар номааш ба “Ҳирақл” чунин
навишт:
“Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Аз Муҳаммад, фиристодаи Аллоҳ ба
Ҳирақл, бузурги Рум…”
10
Маънии калимаи навоқиз
Навоқиз ҷамъи ноқис аст. Ва ноқис яъне нақскунанда ва
нобудкунанда ки вақте бар чизе ориз шавад, онро нобуд ё хароб
мегардонад. Ҳамчунон ки Аллоҳ азза ва ҷалл мефармояд:
﴿َ‫ك‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ن‬‫و‬ُ‫ك‬َ‫ت‬ َ‫َّل‬ َ‫و‬‫ٱ‬‫ي‬ِ‫ت‬‫ل‬ۢ‫ن‬ِ‫م‬ ‫ا‬َ‫ه‬َ‫ل‬ ۡ‫َز‬‫غ‬ ۡ‫ت‬َ‫ض‬َ‫ق‬َ‫ن‬‫ا‬ٗ‫ث‬ََٰ‫ك‬‫ن‬َ‫أ‬ ٍ‫ة‬‫و‬ُ‫ق‬ ِ‫د‬ۡ‫ع‬َ‫ب‬﴾:‫[النحل‬92]
Монанди зане набошед, ки нахҳои тобидаашро пас тобидан муҳкам боз мекард.
(наҳл, ояти 92)
яъне ҳар чӣ ришта аст, аз миён мебарад.
Масалан: гуфта мешавад: “навоқизи вузу”, яъне чизҳое ки вузуро
ботил мекунад. Ва навоқизи ислом низ ба амалҳое гуфта мешавад, ки
вақте мусалмоне онро анҷом диҳад, исломашро хароб ва нобуд
мекунад, яъне аз доираи Ислом берун мешавад.
Саъю кушиши олимон ба баёни ҳукми муртад
(баргашта аз дин)
Муаллиф дар ин китоб даҳ маврид аз шиканандаҳои исломро
баршумурда аст. Ногуфта намонад, ки шиканандаҳои ислом беш аз
инҳост. Ҳамон гуна ки олимон дар заминаи масъалаи иртидод
(баргаштан аз дин) ва ҳукми муртад, навъҳои гуногуни хуруҷи мусалмон
аз доираи исломро зикр кардаанд ки ба сабаби он ҷон ва моли муртад
ҳалол мешавад. Бад – ин ҳол муаллиф раҳматуллоҳи алайҳ
муҳимтарин ва роиҷтарин шиканандаи исломро ки мавриди иттифоқи
уламост, зикр кардааст.
Олимони ҳанафӣ, моликӣ, ҳанбалӣ ва шофеъӣ, бахше аз китобҳои
фиқҳро ба баёни аҳкоми муртад ихтисос додаанд ва дар он суратҳои
гуногуни куфр ва навъҳои эътиқодӣ, гуфторӣ ва кирдори он ки боиси
11
хуруҷи мусалмон аз доираи Ислом мешавад зикр кардаанд, ки
метавонед барои тафсили бештар ба ин китобҳо муроҷиа кунед.
Муфассалтарин китобҳое ки дар ин замина ба нигориш даромада,
китобҳое аст, ки уламои ҳанафӣ навиштаанд ва навъҳо ва суратҳои
гуногуни куфрро баршумурда ва тавзеҳ додаанд. Ин ҷост ки бояд
бидонем вақте далелҳои мавҷуд нишонгари ин буд ки фалон амал
ноқиси ислом аст, лозимааш ҳалол донистани он амал нест, яъне ин
гуна нест, ки ҳар кас амали куфромезро ҳалол бидонад, кофир аст ва
ҳар кас ҳалолаш надонад, кофир нест. Зеро вақте амале ноқиси Ислом
буд, ҳамин ки касе онро анҷом диҳад, кофир мешавад. Мисли зино,
шаробхорӣ, дуздӣ ва қатли ноҳақ ва монанди он шиканандаҳои ислом
нест.
Чун касе ки муртакиби амали ҳароме мешавад, аз ду ҳол хориҷ нест:
Агар ба ҳалол будани он муътақид бошад, кофир аст ва агар ба
рағми ин ки корҳои ҳаромро ҳалол намедонад, вале муртакиби амалҳои
ҳаром мешавад, кофир нест. Ба иборати дигар ҳалол донистани корҳои
ҳаром куфр аст, гарчӣ муртакиби ин корҳо нашавад.
Анҷом додани шиканандаҳои ислом низ куфр аст, гарчӣ ба ҳалол
будани ин навоқиз муътақид набошад, иртикоби гуноҳони кабира ҷуз ӯ
ислом нест ва ҳалол донистани корҳои ҳаром, нақси ислом мешавад.
Албатта ин ҳам дар ҳоли ҷаҳл будан аст ва итмоми ҳуҷҷат аст, ки ин ҷо
маҷоли баррасии он нест.
12
Ноқизи аввал (ширк дар ибодати Аллоҳ)
Аллоҳи мутаол мефармояд:
﴿‫ن‬ِ‫إ‬‫ٱ‬َ‫ّلل‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ َ‫ك‬ َ‫ر‬ ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ ُ‫ر‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬َ‫ي‬ َ‫َّل‬‫ۦ‬َ‫و‬َ‫ي‬ُُۚ‫ء‬ٓ‫ا‬َ‫ش‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬ِ‫ل‬ َ‫ِك‬‫ل‬ََٰ‫ذ‬ َ‫ُون‬‫د‬ ‫ا‬َ‫م‬ ُ‫ر‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬﴾[‫النساء‬:48]
ҳамоно Аллоҳ инро ки ба ӯ ширк варзанд, намеомӯрзад ва ҷуз ширкро барои ҳар
кас ки бихоҳад мебахшад. (нисо, ояти 48)
Ва мегуяд:
﴿ُ‫ه‬‫ن‬ِ‫إ‬‫ۥ‬ِ‫ب‬ ۡ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َ‫م‬‫ر‬َ‫ح‬ ۡ‫د‬َ‫ق‬َ‫ف‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬َ‫ع‬ِ‫ه‬‫ٱ‬َ‫ة‬‫ن‬َ‫ج‬ۡ‫ل‬ُ‫ه‬َٰ‫ى‬ َ‫و‬ۡ‫أ‬َ‫م‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ار‬‫لن‬‫ار‬َ‫ص‬‫ن‬َ‫أ‬ ۡ‫ن‬ِ‫م‬ َ‫ين‬ِ‫م‬ِ‫ل‬
َٰ
‫لظ‬ِ‫ل‬ ‫ا‬َ‫م‬ َ‫و‬﴾
:‫[المائدة‬72]
ба ростӣ ҳар кас ба Аллоҳ ширк варзад, Аллоҳ биҳиштро барои ӯ ҳаром намуда ва
ҷойгоҳаш дузах аст ва ситамкорон ҳеҷ ёваре надоранд. (моида, ояти 72)
Аз он ҷумла забҳ (қурбонӣ кардан) барои ғайри Аллоҳ мебошад,
монанди касе ки барои ҷин ё қабр қурбонӣ мекунад.)
Ширк бад-ин маъност, ки касе ё чизеро дар рубубият ва улуҳият
шарики Аллоҳ қарор месозанд, ки ғолибан ширк дар улуҳият беш аз
ширк дар рубубият аст.
Ширк бузургтарин маъсият ва нофармонӣ аз Аллоҳ аст ва бештарин
ҷурмро дар миёни шиканандаҳои ислом дорад. Аллоҳи мутаол ба
равшанӣ баён фармуда, ки гуноҳи ширкро барои ҳеҷ мушрике
намебахшад, магар ин ки тавба намояд. Чунонкӣ машҳур аст бархе аз
амалҳои нек каффораи гуноҳи бузург маҳсуб мешавад, вале гуноҳи
ширк ҳеҷ каффорае надорад ва танҳо омиле ки боиси бахшиши ин гуноҳ
мегардад, ин аст ки мушрик аз ширки худ тавба кунад. Аз ин рӯ Аллоҳи
мутаол мефармояд:
﴿‫ن‬ِ‫إ‬‫ٱ‬َ‫ّلل‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ َ‫ك‬ َ‫ر‬ ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ ُ‫ر‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬َ‫ي‬ َ‫َّل‬‫ۦ‬َ‫ي‬ َ‫و‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬ُُۚ‫ء‬ٓ‫ا‬َ‫ش‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬ِ‫ل‬ َ‫ِك‬‫ل‬ََٰ‫ذ‬ َ‫ُون‬‫د‬ ‫ا‬َ‫م‬ ُ‫ر‬﴾:‫[النساء‬48]
13
ҳамоно Аллоҳ инро ки ба ӯ ширк варзанд, намеомӯрзад ва ғайр аз ширкро барои
ҳар ки бихоҳад мебахшад. (нисо, ояти 48)
Ширк зулм ва гуноҳи бузурге аст, ки Аллоҳи мутаъол баён мекунад:
﴿‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬َ‫م‬‫ا‬َ‫ء‬ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ن‬ُ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ َ‫ِك‬‫ئ‬
ََٰٓ‫ل‬ ْ‫و‬ُ‫أ‬ ٍ‫م‬ۡ‫ل‬ُ‫ظ‬ِ‫ب‬ ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ن‬ ََٰ‫م‬‫ي‬ِ‫إ‬ ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫س‬ِ‫ب‬ۡ‫ل‬َ‫ي‬ ۡ‫م‬َ‫ل‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ن‬ ۡ‫م‬َ ۡ‫ۡل‬َ‫ُون‬‫د‬َ‫ت‬ ۡ‫ه‬ُّ‫م‬ ‫ُم‬‫ه‬ َ‫و‬﴾
:‫[اۡلنعام‬82]
амният аз они касоне аст, ки имон оварданд ва имонашонро ба ширк наёмехтанд,
онон ҳидоятёфтагонанд. (анъом, ояти 82)
Аҳмад, Бухорӣ ва Муслим аз Сулаймон аз Иброҳим аз Алқама аз
Абдуллоҳ ривоят кардаанд, ки вақте ин ояти 82 – и сураи анъом нозил
шуд, мафҳуми ин оят барои саҳобагони паёмбар душвор буд. Аз ин рӯ
гуфтанд: чӣ касе аз мо бар хештан ситам намекунад? Расули Аллоҳ
фармуд: “он гуна ки шумо мепиндоред нест, балки мафҳумаш монанди
сухани Луқмон ба фарзандаш:
﴿ِ‫ِل‬ ُ‫ن‬ ََٰ‫م‬ۡ‫ق‬ُ‫ل‬ َ‫ل‬‫ا‬َ‫ق‬ ۡ‫ذ‬ِ‫إ‬ َ‫و‬ِ‫ه‬ِ‫ن‬ۡ‫ب‬‫ۦ‬ُ‫ه‬ُ‫ظ‬ِ‫ع‬َ‫ي‬ َ‫ُو‬‫ه‬ َ‫و‬‫ۥ‬ِ‫ب‬ ۡ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ش‬ُ‫ت‬ َ‫َّل‬ ‫َي‬‫ن‬ُ‫ب‬ََٰ‫ي‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬‫ن‬ِ‫إ‬‫ٱ‬َ‫ك‬ ۡ‫ر‬ِ‫لش‬‫يم‬ِ‫ظ‬َ‫ع‬ ٌ‫م‬ۡ‫ل‬ُ‫ظ‬َ‫ل‬﴾:‫[لقمان‬13]
“эй писарам! ба Аллоҳ ширк наварз, бегумон ширк ситами бузурге аст”. (Луқмон,
ояти 13)
Имом Аҳмад ва Бухорӣ ва Муслим аз Мансур аз Абувоил аз Умар
бини Ширҳабил аз Абдуллоҳ ривоят кардаанд: “ ‫النبي‬ ‫سألت‬‫الذنب‬ ‫اي‬‫هللا‬ ‫عند‬ ‫اعظم‬
‫هلل‬ ‫تجعل‬ ‫ان‬ ‫قال‬‫قلت‬ ،‫خلقك‬ ‫هو‬ ‫و‬ ‫ندا‬‫ذلك‬ ‫ان‬ :."‫لعظيم‬ ” яъне: “Абдуллоҳ ибни Масъуд
мегуяд: аз паёмбар пурсидам: гуноҳи бузургтарин назди Аллоҳ чист?
Фармуд: Ин ки касе ё чизеро бо Аллоҳ шарик қарор диҳӣ, ҳол он ки
Аллоҳ туро офаридааст”. Абдуллоҳ (р) мегуяд: гуфтам: Ба ростӣ ин
гуноҳи бузурге аст.
14
Чаро бузургтарин гуноҳ ва бадтарин зулм набошад дар ҳоле ки ширк
баробар ва ҳамсон донистани махлуқ бо холиқи ҳастӣ? Ширк айби
бузург ва накуҳида мебошад, ки Аллоҳи мутаол худро аз он пок ва дур
донистааст. Аз ин рӯ, ҳар кас ба Аллоҳ ширк варзад, ба мухолифат бо
ӯ бархоста ва костӣ ва айберо ба Аллоҳ нисбат дода ки шоистаи ӯ нест.
Зеро Аллоҳи мутаол аз ҳар айб ва нақсе поку муназзаҳ аст. Аллоҳи азза
ва ҷалл худ аз ҳол ва рӯзи мушрикон ва суханоне ки рӯзи қиёмат ба
маъбудони ботил хеш мегуянд, хабар дода ва фармудааст:
﴿ۡ‫ُم‬‫ه‬ َ‫و‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ل‬‫ا‬َ‫ق‬ِ‫َص‬‫ت‬ ۡ‫خ‬َ‫ي‬ ‫ا‬َ‫ه‬‫ي‬ِ‫ف‬َ‫ون‬ُ‫م‬
َ‫ت‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬ٍ‫ين‬ِ‫ب‬ُّ‫م‬ ‫ل‬ََٰ‫ل‬َ‫ض‬ ‫ي‬ِ‫ف‬َ‫ل‬ ‫ا‬‫ن‬ُ‫ك‬ ‫ن‬ِ‫إ‬
ِ‫ب‬َ‫ر‬ِ‫ب‬ ‫م‬ُ‫ك‬‫ي‬ِ‫و‬َ‫س‬ُ‫ن‬ ۡ‫ذ‬ِ‫إ‬‫ٱ‬َ‫ين‬ِ‫م‬َ‫ل‬ََٰ‫ع‬ۡ‫ل‬﴾:‫[الشعراء‬96-98]
дар дузах дар ҳоле ки бо ҳам хасм меварзанд, (ба маъбудони хеш) мегуянд:
савганд ба Аллоҳ ки мо дар гумроҳии ошкоре будем, чун шуморо бо парвардигори
ҷаҳониён баробар медонистем. (шуъаро, ояти 96-98)
Биҳишт бар мушрик ҳаром аст. Ҳамон гуна ки Аллоҳ мефармояд:
﴿ُ‫ه‬‫ن‬ِ‫إ‬‫ۥ‬ِ‫ب‬ ۡ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َ‫م‬‫ر‬َ‫ح‬ ۡ‫د‬َ‫ق‬َ‫ف‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬ِ‫ه‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬َ‫ع‬‫ٱ‬َ‫ة‬‫ن‬َ‫ج‬ۡ‫ل‬ُ‫ه‬َٰ‫ى‬ َ‫و‬ۡ‫أ‬َ‫م‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ار‬‫لن‬ۡ‫ن‬ِ‫م‬ َ‫ين‬ِ‫م‬ِ‫ل‬
َٰ
‫لظ‬ِ‫ل‬ ‫ا‬َ‫م‬ َ‫و‬‫ار‬َ‫ص‬‫ن‬َ‫أ‬﴾
:‫[المائدة‬72]
Ба ростӣ ҳар кас ба Аллоҳ ширк варзад, Аллоҳ биҳиштро бар ӯ ҳаром намуда ва
ҷойгоҳаш дузах аст ва ситамкорон ҳеҷ ёваре надоранд. (моида, ояти 72)
Ҳамаи амалҳои мушрик табоҳ мегардад:
﴿َ‫ك‬ ‫ا‬‫م‬ ‫م‬ُ‫ه‬ۡ‫ن‬َ‫ع‬ َ‫ط‬ِ‫ب‬َ‫ح‬َ‫ل‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ك‬َ‫ر‬ ۡ‫ش‬َ‫أ‬ ۡ‫و‬َ‫ل‬ َ‫و‬َ‫ون‬ُ‫ل‬َ‫م‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ن‬‫ا‬﴾:‫[اۡلنعام‬88]
Агар ба Аллоҳ ширк варзанд, аъмолашон нобуд мешавад. (анъом, ояти
88)
15
Ҳамчунин мефармояд:
﴿َ‫ك‬ُ‫ل‬َ‫م‬َ‫ع‬ ‫ن‬َ‫ط‬َ‫ب‬ ۡ‫ح‬َ‫ي‬َ‫ل‬ َ‫ت‬ۡ‫ك‬َ‫ر‬ۡ‫ش‬َ‫أ‬ ۡ‫ن‬ِ‫ئ‬َ‫ل‬﴾:‫[الزمر‬65]
Агар ширк биварзӣ, ба таврӣ қатъ амалат нобуд ва табоҳ мешавад. (зумаро, ояти
65)
Амал ки дар ин оят шомили ҳамаи амалҳои инсон мебошад. Яъне ҳамаи
амалҳои солеҳ табоҳ мешавад ва чизе ҷуз ширки акбар наметавонад, ҳамаи
аъмолро нобуд кунад.
Ҷон ва моли мушрик ҳалол мебошад, ҷуз дар мавориде ки шариат истисно
кардааст, монанди кофири зимӣ ва ҳампаймон1. Аллоҳ мефармояд:
﴿َ‫ف‬‫ٱ‬ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ل‬ُ‫ت‬ۡ‫ق‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ش‬ُ‫م‬ۡ‫ل‬َ‫و‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬‫و‬ُ‫ذ‬ُ‫خ‬ َ‫و‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬‫و‬ُ‫م‬ُّ‫ت‬‫د‬َ‫ج‬ َ‫و‬ ُ‫ث‬ۡ‫ي‬َ‫ح‬‫ٱ‬ۡ‫ُم‬‫ه‬‫و‬ُ‫ر‬ُ‫ص‬ ۡ‫ح‬َ‫و‬‫ٱ‬ْ‫ا‬‫ُو‬‫د‬ُ‫ع‬ۡ‫ق‬‫د‬َ‫ص‬ ۡ‫ر‬َ‫م‬ ‫ل‬ُ‫ك‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ل‬﴾:‫[التوبة‬5]
Пас мушриконро ҳар ҷо ки ёфтед, бикушед ва ононро ба асорат бигиред ва
муҳосира намоед ва дар камингоҳ ба каминашон биншинед. (тавба, ояти 5)
1
Зимӣ ба кофире гуфта мешавад ки дар қаламрави ҳукумати исломӣ зиндагӣ мекунад ва
дар қиболи вазоифе ки дорад аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ бархудор аст. Ҳампаймон кофире аст
ки аз хориҷ аз қаламрави ҳукумати исломӣ зиндагӣ мекунад ва бо мусулмонон
ҳампаймон аст ва дар ҷанг нест. (мутарҷим)
16
Ширк ба Аллоҳ бар ду навъ аст:
- ширки акбар
- ширки асғар
Навъи аввал яъне ширки акбар инсонро аз доираи Ислом берун
мекунад ва касе ки дорои чунин ширк мешавад, агар аз ширки худ тавба
накунад ва дар ҳоли ширк бимирад, ҳамеша ва ҷовид дар оташи дузах
хоҳад монд. Ширки акбар ин аст, ки инсон яке аз навъҳои ибодатҳоро
барои ғайри Холиқ анҷом медиҳад. Монанди қурбонӣ кардан ба ғайри
Аллоҳ, барои қабрҳо ва алиё ва бандагони солеҳи Аллоҳ ё барои ҷинҳо
ва шаётин. Фарқ намекунад, ки ин корро аз рӯи рағбат ва алоқа ба онон
анҷом диҳад ё аз тарс ва хавфи онҳо мабодо осеб ё зиёне ба ӯ
бирасонанд! Монанди бисёре аз мардум ки дар ин даврон барои дафъи
зарар ё ҷалби манфиат дар мавориде ки фақат аз Аллоҳи мутаъол
сохта аст, ба ғайри ӯ умед мебанданд ва канори қубури солеҳон қурбонӣ
мекунанд!
Аллоҳ мефармояд:
﴿ُ‫ب‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬ َ‫و‬ِ‫ُون‬‫د‬ ‫ن‬ِ‫م‬ َ‫ُون‬‫د‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َ‫د‬‫ن‬ِ‫ع‬ ‫َا‬‫ن‬ُ‫ؤ‬ََٰٓ‫ع‬َ‫ف‬ُ‫ش‬ ِ‫ء‬ٓ َ‫َُّل‬‫ؤ‬ََٰٓ‫ه‬ َ‫ون‬ُ‫ل‬‫و‬ُ‫ق‬َ‫ي‬ َ‫و‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬ُ‫ع‬َ‫ف‬‫ن‬َ‫ي‬ َ‫َّل‬ َ‫و‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬ُّ‫ر‬ُ‫ض‬َ‫ي‬ َ‫َّل‬ ‫ا‬َ‫م‬‫ٱ‬ُِۚ‫ّلل‬ِ‫َب‬‫ن‬ُ‫ت‬َ‫أ‬ ۡ‫ل‬ُ‫ق‬َ‫ون‬‫ٱ‬َ‫ّلل‬
‫ي‬ِ‫ف‬ ُ‫م‬َ‫ل‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬ َ‫َّل‬ ‫ا‬َ‫م‬ِ‫ب‬‫ٱ‬ِ‫ت‬ ََٰ‫و‬ ََٰ‫م‬‫لس‬‫ي‬ِ‫ف‬ َ‫َّل‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُِۚ‫ض‬ ۡ‫ر‬َ ۡ‫ۡل‬ُ‫ه‬َ‫ن‬ ََٰ‫ح‬ۡ‫ب‬ُ‫س‬‫ۥ‬َ‫ون‬ُ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ا‬‫م‬َ‫ع‬ َٰ‫ى‬َ‫ل‬ََٰ‫ع‬َ‫ت‬ َ‫و‬﴾:‫[يونس‬18]
Ва ҷуз Аллоҳ чизҳоеро мепарастанд, ки на зиёне ба онон мерасонанд ва на
суде. Ва мегуянд: “инҳо шафеони мо назди Аллоҳ ҳастанд”. Бигу: Оё ба гумони худ
Аллоҳро (аз вуҷуди шафеоне) огоҳ месозед ки ӯ дар осмонҳо ва замин суроғ
надорад?! Аллоҳ аз ширке ки ба ӯ меварзанд, пок ва бартар аст. (юнус, ояти 18)
Ширк баробар донистани махлуқ бо холиқ аст. Ҳамон гуна ки Аллоҳи
мутаол аз хусумати мушрикон дар дӯзах бо якдигар хабар дода ва
фармудааст:
17
﴿َ‫ون‬ُ‫م‬ ِ‫َص‬‫ت‬ ۡ‫خ‬َ‫ي‬ ‫ا‬َ‫ه‬‫ي‬ِ‫ف‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬ َ‫و‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ل‬‫ا‬َ‫ق‬
َ‫ت‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬ٍ‫ين‬ِ‫ب‬ُّ‫م‬ ‫ل‬ََٰ‫ل‬َ‫ض‬ ‫ي‬ِ‫ف‬َ‫ل‬ ‫ا‬‫ن‬ُ‫ك‬ ‫ن‬ِ‫إ‬
ِ‫ب‬َ‫ر‬ِ‫ب‬ ‫م‬ُ‫ك‬‫ي‬ِ‫و‬َ‫س‬ُ‫ن‬ ۡ‫ذ‬ِ‫إ‬‫ٱ‬َ‫ين‬ِ‫م‬َ‫ل‬ََٰ‫ع‬ۡ‫ل‬﴾:‫[الشعراء‬96-98]
дар дузах дар ҳоле ки бо ҳам хасм доранд, (ба маъбудони хеш) мегуянд: савганд
ба Аллоҳ ки мо дар гумроҳии ошкоре будем, чун шуморо бо парвардигори ҷаҳониён
баробар медонистем. (шуъаро, ояти 96-98)
Лизо ширк баробар донистани махлуқ бо холиқ дар таъзим ва
муҳаббате аст, ки рӯҳи ибодат ва дарунмояи бандагӣ аст.
18
Ширки акбар бар чаҳор навъ аст:
Аввал: ширк дар дуо
Ширк дар дуо ин аст, ки ғайри Аллоҳро монанди Аллоҳ бихонад,
фарқ намекунад ки дуо дуои масъалат (дархост) бошад ё дуои ибодат.
Лизо ҳар кас ки махлуқеро монанди Аллоҳ бихонад ба Аллоҳ ширк
варзидааст. Аллоҳи мутаъол дар бораи ин навъ ширк мефармояд:
﴿‫ي‬ِ‫ف‬ ْ‫ا‬‫ُو‬‫ب‬ِ‫ك‬َ‫ر‬ ‫ا‬َ‫ذ‬ِ‫إ‬َ‫ف‬‫ٱ‬ِ‫ك‬ۡ‫ل‬ُ‫ف‬ۡ‫ل‬ْ‫ا‬ ُ‫و‬َ‫ع‬َ‫د‬‫ٱ‬َ‫ّلل‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ َ‫ين‬ ِ‫ص‬ِ‫ل‬ ۡ‫خ‬ُ‫م‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫لد‬‫ى‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬َٰ‫ى‬‫َج‬‫ن‬ ‫ا‬‫م‬َ‫ل‬َ‫ف‬‫ٱ‬ِ‫ر‬َ‫ب‬ۡ‫ل‬َ‫ون‬ُ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ُش‬‫ي‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬ ‫ا‬َ‫ذ‬ِ‫إ‬﴾
:‫[العنكبوت‬65]
Пас ҳангоме ки савори киштӣ мешаванд, Аллоҳро холисона ва мухлисона ба дуо
мехонанд ва чун онҳоро ба хушкӣ (мерасонад) наҷот медиҳад, он ҳангом аст, ки
ширк меварзанд (анкабут, ояти 65)
Касе ки манзураш аз дуо касби манфиат ё дафъи зарар бошад,
дуояш дуои дархост (масъалат) аст. Ва касе ки қасдаш хузӯъ ё
фурӯтанӣ ё хоксорӣ дар баробари Аллоҳ бошад, дуояш дуои ибодат
аст. Дар ҳар ду навъ дуо, чӣ дуои ибодат ва чӣ дуои дархост, ҷоиз нест
ки таваҷҷуҳи дуокунанда ба сӯи ғайри Аллоҳ бошад.
Дуо яке аз бузургтарин ва бартарин аъмол аст, ки мояи тақарруб ва
наздикӣ ба Аллоҳ мебошад. Ҳамон гуна ки Аллоҳ мефармояд:
﴿َ‫ة‬ َ‫و‬ ۡ‫ع‬َ‫د‬ ُ‫يب‬ ِ‫ج‬ُ‫أ‬ ٌ‫يب‬ ِ‫ر‬َ‫ق‬ ‫ي‬ِ‫ن‬ِ‫إ‬َ‫ف‬ ‫ي‬ِ‫ن‬َ‫ع‬ ‫ِي‬‫د‬‫ا‬َ‫ب‬ِ‫ع‬ َ‫ك‬َ‫ل‬َ‫أ‬َ‫س‬ ‫ا‬َ‫ذ‬ِ‫إ‬ َ‫و‬‫ٱ‬‫لد‬ِ‫اع‬ِ‫ان‬َ‫ع‬َ‫د‬ ‫ا‬َ‫ذ‬ِ‫إ‬﴾:‫[البقرة‬186]
Ва чун бандагонам аз ту дар бораи ман мепурсанд. (бидонанд, ки) ман наздикам
ва дархости дуокунандаро бад-он гоҳ ки маро мехонад, иҷобат мекунам. (Бақара,
ояти 186)
Ҳамчунин ба бандагонаш дастур додааст, ки ӯро бихонанд ва
дархости худро назди ӯ бибаранд:
19
﴿ُ‫م‬ُ‫ك‬ُّ‫ب‬ َ‫ر‬ َ‫ل‬‫ا‬َ‫ق‬ َ‫و‬‫ٱ‬ٓ‫ي‬ِ‫ن‬‫و‬ُ‫ع‬ ۡ‫د‬‫ن‬ِ‫إ‬ ُۚۡ‫م‬ُ‫ك‬َ‫ل‬ ۡ‫ب‬ ِ‫َج‬‫ت‬ۡ‫س‬َ‫أ‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬َ‫ين‬ ِ‫ر‬ ِ‫اخ‬َ‫د‬ َ‫م‬‫ن‬َ‫ه‬َ‫ج‬ َ‫ون‬ُ‫ل‬ُ‫خ‬ ۡ‫د‬َ‫ي‬َ‫س‬ ‫ي‬ِ‫ت‬َ‫د‬‫ا‬َ‫ب‬ِ‫ع‬ ۡ‫ن‬َ‫ع‬ َ‫ون‬ُ‫ر‬ِ‫ب‬ ۡ‫َك‬‫ت‬ ۡ‫س‬َ‫ي‬﴾
:‫[غافر‬60]
Ва парвардигоратон фармуд: маро бихонед то дуои шуморо бипазирам. Бешак
онон ки аз ибодати ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ хор ва сарафканда вориди дузах
хоҳанд шуд. (Ғофир, ояти 60)
Имом Аҳмад ва соҳибони “Сунан” аз Зар аз Юсаъ аз Нуъмон ибни
Башир ривоят кардаанд, ки паёмбар фармуд: “Дуо ҳамон ибодат аст.
Ва сипас ин оятро хонд:
﴿‫ٱ‬ٓ‫ي‬ِ‫ن‬‫و‬ُ‫ع‬ ۡ‫د‬‫ن‬ِ‫إ‬ ُۚۡ‫م‬ُ‫ك‬َ‫ل‬ ۡ‫ب‬ ِ‫َج‬‫ت‬ۡ‫س‬َ‫أ‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬‫ي‬ِ‫ت‬َ‫د‬‫ا‬َ‫ب‬ِ‫ع‬ ۡ‫ن‬َ‫ع‬ َ‫ون‬ُ‫ر‬ِ‫ب‬ ۡ‫َك‬‫ت‬ۡ‫س‬َ‫ي‬﴾:‫[غافر‬60]
… маро бихонед то дуои шуморо бипазирам. Бешак онон ки аз ибодати ман саркашӣ
мекунанд… (Ғофир, ояти 60)
Аз ин рӯ ҳар кас аз ғайри Аллоҳ чизе бихоҳад ки фақат дар густураи
қудрати Аллоҳ аст, мушрик мебошад. Ба иборати дигар касе ки
махлуқро мехонад ва аз ӯ чизе мехоҳад, ки фақат аз Аллоҳи мутаол
сохта аст, мушрик аст. Ҳамон гуна ки Аллоҳ мефармояд:
﴿َ‫ع‬َ‫م‬ ُ‫ع‬ ۡ‫د‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬ َ‫و‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ َ‫ن‬ََٰ‫ه‬ ۡ‫ُر‬‫ب‬ َ‫َّل‬ َ‫َر‬‫خ‬‫ا‬َ‫ء‬ ‫ا‬ً‫ه‬ََٰ‫ل‬ِ‫إ‬‫ۥ‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬‫ۦ‬ُ‫ه‬ُ‫ب‬‫ا‬َ‫س‬ ِ‫ح‬ ‫ا‬َ‫م‬‫ن‬ِ‫إ‬َ‫ف‬‫ۥ‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ َ‫ر‬ َ‫د‬‫ن‬ِ‫ع‬ُۚٓ‫ۦ‬ُ‫ه‬‫ن‬ِ‫إ‬‫ۥ‬ُ‫ح‬ِ‫ل‬ۡ‫ُف‬‫ي‬ َ‫َّل‬‫ٱ‬َ‫ون‬ُ‫ر‬ِ‫ف‬ََٰ‫ك‬ۡ‫ل‬﴾
:‫[المؤمنون‬117]
Ҳар кас маъбуди дигареро бо Аллоҳ бихонад, ки ҳеҷ далел ва бурҳоне бар
ҳаққонияти он надорад, ҷуз ин нест ки ҳисобаш назди парвардигори уст. Бегумон
кофирон растагор намешаванд. (Мӯъминон, ояти 117)
Дуввум: ширки ният (ширки ирода ва қасд)
Ин навъи ширк ширке аст, ки асли қасд ва иродаи инсон аз амале ки
анҷом медиҳад, ғайри Аллоҳ мебошад. Яъне ҳамаи аъмолашро барои
20
ғайри Аллоҳ анҷом медиҳад. Аллоҳи мутаол дар ин навъи ширк
мефармояд:
﴿ُ‫د‬‫ي‬ ِ‫ُر‬‫ي‬ َ‫ان‬َ‫ك‬ ‫ن‬َ‫م‬‫ٱ‬َ‫ة‬ َٰ‫و‬َ‫ي‬َ‫ح‬ۡ‫ل‬‫ٱ‬‫ا‬َ‫ي‬ۡ‫ُّن‬‫د‬‫ل‬َ‫و‬ ‫ا‬َ‫ه‬‫ي‬ِ‫ف‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ ََٰ‫م‬ۡ‫ع‬َ‫أ‬ ۡ‫م‬ِ‫ه‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ ِ‫ف‬ َ‫و‬ُ‫ن‬ ‫ا‬َ‫ه‬َ‫ت‬َ‫ن‬‫ي‬ ِ‫ز‬ َ‫و‬َ‫ون‬ُ‫س‬َ‫خ‬ۡ‫ُب‬‫ي‬ َ‫َّل‬ ‫ا‬َ‫ه‬‫ي‬ِ‫ف‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬
َ‫ِك‬‫ئ‬
ََٰٓ‫ل‬ ْ‫و‬ُ‫أ‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬‫ي‬ِ‫ف‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ َ‫س‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬‫ٱ‬ِ‫ة‬َ‫ر‬ ِ‫خ‬ٓ ۡ‫ۡل‬‫َّل‬ِ‫إ‬‫ٱ‬ُ‫ار‬‫لن‬َ‫ون‬ُ‫ل‬َ‫م‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ن‬‫ا‬َ‫ك‬ ‫ا‬‫م‬ ‫ل‬ِ‫ط‬ََٰ‫ب‬ َ‫و‬ ‫ا‬َ‫ه‬‫ي‬ِ‫ف‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ع‬َ‫ن‬َ‫ص‬ ‫ا‬َ‫م‬ َ‫ط‬ِ‫ب‬َ‫ح‬ َ‫و‬﴾
:‫[هود‬15-16]
Касоне ки хоҳони зиндаги дунё ва зевару зинаташ ҳастанд, натиҷаи аъмолашро ба
таври комил дар дунё ба онон медиҳем ва дар он ҳеҷ каму костӣ нахоҳад дид. Чунин
касоне дар охират баҳрае ҷуз оташ надоранд ва дастовардҳояшон дар он ҷо бар
бод меравад ва аъмолаш нобуд мешавад. (Ҳуд, ояти 15-16)
Бинобар ин қуръони карим ширк ва куфрро асоситарин омили нобуд
шудани аъмол ва барбод рафтани корҳои инсон баршумурда аст. Аз ин
рӯ ҳар кас танҳо ҳадафаш аз амал дунё бошад, Аллоҳ ӯро дар дунё ба
хостаҳояш мерасонад ва он чӣ аз дунё мехоҳад ба ӯ медиҳад. Вале
амалаш назди Аллоҳ барбод меравад ва дар охират чизе ҷуз оташ
насибаш намешавад.
Ногуфта намонад, ки вуруд ё вуҷуди бархе аз ниятҳои бад дар ният ё
қасди банда дар порае аз аъмолаш ҷуз ӯ ширки асғар ба шумор меояд,
ки инсонро аз Ислом хориҷ намекунад. Албатта аз аҷр ва подоши ӯ
мекоҳад ва гоҳ амали ӯро ба куллӣ табоҳ мегардонад, бе он ки ӯро аз
доираи Ислом берун намояд.
21
Севум: ширки итоат (ширки ҳукм, ташреъ, таҳокум)1
Ширки итоат ба маънои баробар донистани ғайри Аллоҳ бо Аллоҳ
дар ташреъ ва ҳукм кардан аст. Ташреъ (ҳукм кардан) ҳақе аст, ки
Аллоҳи мутаол онро вижаи худ карор додааст. Хамон гуна ки
мефармояд:
﴿ِ‫ن‬ِ‫إ‬‫ٱ‬ُ‫م‬ۡ‫ك‬ُ‫ح‬ۡ‫ل‬ِ ِ‫ّلل‬ ‫َّل‬ِ‫إ‬﴾:‫[يوسف‬40]
Ҳукм кардан (ташреъ ва фармонравоӣ) танҳо аз они Аллоҳ аст. (Юсуф, ояти 40)
Аллоҳи мутаол дар бораи ин навъи ширк мефармояд:
﴿َ‫ن‬ِ‫م‬ ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ع‬َ‫َر‬‫ش‬ ْ‫ا‬ُ‫ؤ‬ََٰٓ‫ك‬َ‫ر‬ُ‫ش‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ ۡ‫م‬َ‫أ‬‫ٱ‬ِ‫ِين‬‫لد‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ ۢ‫ن‬َ‫ذ‬ۡ‫أ‬َ‫ي‬ ۡ‫م‬َ‫ل‬ ‫ا‬َ‫م‬‫ٱ‬ُُۚ‫ّلل‬﴾:‫[الشورى‬21]
Оё маъбудоне доранд, ки барои онон дин ва ойине сохтаанд, ки Аллоҳ ба онон
фармон надодааст? (Шуро, ояти 21)
Ҳар кас бовар дошта бошад, ки ё иддо кунад, ки касе ҷуз Аллоҳ
масалан яке аз уламо ё ҳокимон ҳаққи ташреъ дорад, дар ҳаққе ки
вижаи Аллоҳи мутаъол мебошад, ба ӯ ширк оварда ва ба он чӣ аз сӯи
Аллоҳ нозил шуда, куфр варзидааст. Аллоҳи мутаол мефармояд:
﴿‫ٱ‬ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫ذ‬َ‫خ‬‫ت‬ۡ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ن‬ََٰ‫ب‬ۡ‫ه‬ُ‫ر‬ َ‫و‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬َ‫ار‬َ‫ب‬ ۡ‫ح‬َ‫أ‬ِ‫ُون‬‫د‬ ‫ن‬ِ‫م‬ ‫ا‬ٗ‫اب‬َ‫ب‬ ۡ‫ر‬َ‫أ‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َ‫و‬‫ٱ‬َ‫ح‬‫ي‬ِ‫س‬َ‫م‬ۡ‫ل‬‫ٱ‬َ‫ن‬ۡ‫ب‬‫ا‬ ٗ‫ه‬ََٰ‫ل‬ِ‫إ‬ ْ‫ا‬ ٓ‫ُو‬‫د‬ُ‫ب‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬ِ‫ل‬ ‫َّل‬ِ‫إ‬ ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫ر‬ِ‫م‬ُ‫أ‬ ٓ‫ا‬َ‫م‬ َ‫و‬ َ‫م‬َ‫ي‬ ۡ‫ر‬َ‫م‬
ُ‫ه‬َ‫ن‬ ََٰ‫ح‬ۡ‫ب‬ُ‫س‬ َُۚ‫ُو‬‫ه‬ ‫َّل‬ِ‫إ‬ َ‫ه‬ََٰ‫ل‬ِ‫إ‬ ٓ‫َّل‬ ‫ا‬ ٗ‫د‬ ِ‫ح‬ ََٰ‫و‬‫ۥ‬َ‫ون‬ُ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ا‬‫م‬َ‫ع‬﴾:‫[التوبة‬31]
Аҳли китоб донишмандон ва роҳибонашон ва Масеҳ писари Марямро ба ҷои
Аллоҳ ба худоӣ гирифтанд. Ҳол он ки танҳо дастур доштанд, ки ягона маъбуди
барҳақро ибодат намоянд ва ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ӯ вуҷуд надорад. Аллоҳ аз
он чӣ ба ӯ ширк меварзанд, пок ва муназзаҳ аст. (Тавба, ояти 31)
1
Ширки ҳукм ба ғайри Аллоҳ ҳукм намудан. Ширки ташреъ мухолифи қонуни Аллоҳ конуне ва ҳукме
баровардан. Ширки таҳокум – муроҷиат намудан ба маҳкамаҳои тоғутӣ. Мутарҷим
22
Дар маъно ва тафсири ин оят, Тирмизӣ, Ибни Ҷарир ва Табаронӣ ва
дигарон аз Абдусалом ибни Ҳарб аз Ғатиф ибни Аъюн аз Мусъаб ибни
Саъд аз Ъадӣ ибни Ҳотам ривоят кардаанд, ки вай (Ъадӣ ибни Ҳотам)
мегуяд: назди паёмбар омадам ва дидам, ки ин оятро мехонд, фармуд:
“онҳо донишмандон ва роҳибонашонро ибодат намекарданд, балки ҳар
чӣ инҳо барояшон ҳалол қарор медоданд, онҳо низ онро ҳалол
мепиндоштанд ва он чӣ ки уламояшон ҳаром мегуфтанд, эшон ҳам онро
ҳаром қаламдод мекарданд”.
Ин ҳадисро Доруқутнӣ ва бархе дигар аз ҳофизон заиф донистаанд.
Тирмизӣ дар бораи “Ғатиф” гуфта аст: дар ривоят ҳадис маъруф нест.
Ибни Ҷарир дар тафсираш аз тариқи Абулбахтарӣ аз Ҳузайфа дар
бораи ин оят ривоят кардааст: “онон, олимон ва роҳибонашонро
намепарастиданд, балки дар заминаи гуноҳон аз онҳо итоат
мекарданд”.
Ва аз ҳамин тариқ ривоят кардааст: “онҳо донишмандон ва
роҳибонашонро ибодат намекарданд, балкӣ ҳар чӣ уламо барояшон
ҳалол қарор медоданд, онҳо низ онро ҳалол мепиндоштанд ва он чӣ
уламо ҳаром мегуфтанд, эшон ҳам онро ҳаром қаламдод мекарданд”.
Ногуфта намонад, ки шунидани ҳадис ё Самоъи Абулбахтарӣ, Саъид
ибни Фируз аз Ҳузайфа собит нест.
Аллоҳи мутаол мефармояд:
﴿‫ى‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ َ‫َر‬‫ت‬ ۡ‫م‬َ‫ل‬َ‫أ‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬ۡ‫ب‬َ‫ق‬ ‫ن‬ِ‫م‬ َ‫ل‬ ِ‫نز‬ُ‫أ‬ ٓ‫ا‬َ‫م‬ َ‫و‬ َ‫ك‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ َ‫ل‬ ِ‫نز‬ُ‫أ‬ ٓ‫ا‬َ‫م‬ِ‫ب‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ن‬َ‫م‬‫ا‬َ‫ء‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬‫ن‬َ‫أ‬ َ‫ون‬ُ‫م‬ُ‫ع‬ ۡ‫ز‬َ‫ي‬ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫م‬َ‫ك‬‫ا‬َ‫ح‬َ‫ت‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ َ‫ُون‬‫د‬‫ي‬ ِ‫ُر‬‫ي‬ َ‫ِك‬‫ل‬
‫ى‬َ‫ل‬ِ‫إ‬‫ٱ‬ِ‫ت‬‫و‬ُ‫غ‬
َٰ
‫لط‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ر‬ُ‫ف‬ۡ‫ك‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫ر‬ِ‫م‬ُ‫أ‬ ۡ‫د‬َ‫ق‬ َ‫و‬‫ۦ‬ُ‫د‬‫ي‬ ِ‫ُر‬‫ي‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ن‬ََٰ‫ط‬ۡ‫ي‬‫لش‬َۢ‫َل‬ََٰ‫ل‬َ‫ض‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬‫ل‬ ِ‫ُض‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬‫ًا‬‫د‬‫ي‬ِ‫ع‬َ‫ب‬﴾:‫[النساء‬60]
23
Магар намебинӣ касонеро ки гумон мебаранд ба он чӣ бар ту ва пеш аз ту нозил
шуда, имон овардаанд ва ҳол мехоҳанд тоғут – ғайри Аллоҳро довар қарор диҳанд.
Ҳол он ки дастур ёфтаанд ба тоғут кофир шаванд? Шайтон мехоҳад ононро ба
гумроҳии дури дучор намояд. (Нисоъ, ояти 60)
Тоғут чист ва ба чӣ касе тоғут гуфта мешавад?
Дар ин оят Аллоҳ касонеро ки мутобиқи аҳкоми илоҳӣ ҳукм
намекунанд, тоғут номидааст. Яъне тоғут ба касе гуфта мешавад, ки бар
хилофи аҳкоми нозилшуда аз сӯи Аллоҳ ҳукм менамояд. Пас тоғут касе
аст, ки ҳалоли Аллоҳро ҳаром ва ҳаромашро ҳалол мегардонад. Касе
ки аз тоғут итоат мекунад аз ду ҳолат хориҷ нест:
Аввал: дар ин ҳолат, медонад ки тоғут ё афроде ки аз онон итоат
менамояд, ҳукми Аллоҳро тағйир дода бо паёмбарон мухолифат
кардаанд. Бад-ин сабаб ба пайравӣ аз он ҳалоли Аллоҳро ҳаром ва
ҳаромашро ҳалол медонад. Ин ҳолат куфре аст, ки бандаро аз доираи
Ислом берун мекунад.
Дуввум: ба рағми пайравӣ аз тоғут ё касоне ки ҳалол ва ҳаромро тағйир
медиҳанд, ба ҳалол ва ҳаром эътиқод дорад ва фақат аз рӯи ҳавову
ҳавас аз қонунҳои мухолиф бо аҳкоми илоҳӣ итоат мекунад. Монанди
бисёре аз фосиқон ва мунҳарифон ки вақте ки шаробхорӣ, рибо ва
дигар корҳои ғайри шаръӣ озод мешавад аз рӯи ҳавасронӣ ба
шаробхорӣ ва тамаъи мол ва сарват ба рибохорӣ рӯй меоваранд ва
дар айни ҳол қабул доранд, ки муртакиби ҳаром мешаванд, ҳукми инҳо
монанди умуми гунаҳкорон аст ва аз доираи Ислом хориҷ нестанд.
Ҳамон тавр ки вазъияти бисёре аз мусалмонони имрӯзӣ ин гуна аст.
Гоҳ олиме ки илмаш суде ба ҳолаш надошта аст. Муртакиби ин навъ
ширк яъне ширки итоат мешавад ва ба пайравӣ аз майлу хостаи нафси
24
хеш ба тамаъ мансаб, мақом ё қудрат ва сарват дар мухолифат бо
ҳалол ва ҳароми илоҳӣ аз ҳоким ё фармонраво ва амсоли он итоат
мекунад. Шайхул - ислом ибни Таймия раҳматуллоҳ гуфтааст: ҳар гоҳ
олиме омӯхтаҳои худ аз китоби Аллоҳ ва суннати паёмбар тарк намояд
ва аз ҳукми ҳокиме пайравӣ намояд, ки ҳукмаш мухолифи ҳукми Аллоҳ
ва паёмбари ӯст, муртад ва кофир ба шумор меравад ва сазовори
муҷозоти дунё ва охират аст. Аллоҳи мутаол мефармояд:
ِ‫م‬ ‫ج‬َ‫ر‬َ‫ح‬ َ‫ك‬ ِ‫ر‬ ۡ‫د‬َ‫ص‬ ‫ي‬ِ‫ف‬ ‫ن‬ُ‫ك‬َ‫ي‬ َ‫َل‬َ‫ف‬ َ‫ك‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ َ‫ل‬ ِ‫نز‬ُ‫أ‬ ٌ‫ب‬ََٰ‫ت‬ِ‫ك‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ َ‫ِر‬‫ذ‬‫ن‬ُ‫ت‬ِ‫ل‬ ُ‫ه‬ۡ‫ن‬‫ۦ‬َ‫ِين‬‫ن‬ِ‫م‬ ۡ‫ؤ‬ُ‫م‬ۡ‫ل‬ِ‫ل‬ َٰ‫ى‬َ‫ر‬ ۡ‫ِك‬‫ذ‬ َ‫و‬ . ٓ‫ص‬ٓ‫م‬ٓ‫ل‬‫ا‬ ﴿
‫ٱ‬ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ع‬ِ‫ب‬‫ت‬ِ‫ه‬ِ‫ن‬‫ُو‬‫د‬ ‫ن‬ِ‫م‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ع‬ِ‫ب‬‫َت‬‫ت‬ َ‫َّل‬ َ‫و‬ ۡ‫م‬ُ‫ك‬ِ‫ب‬‫ر‬ ‫ن‬ِ‫م‬ ‫م‬ُ‫ك‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ َ‫ل‬ ِ‫نز‬ُ‫أ‬ ٓ‫ا‬َ‫م‬ٓ‫ۦ‬َ‫ون‬ُ‫ر‬‫ك‬َ‫ذ‬َ‫ت‬ ‫ا‬‫م‬ ٗ‫يَل‬ِ‫ل‬َ‫ق‬ ََۗ‫ء‬ٓ‫ا‬َ‫ي‬ِ‫ل‬ ۡ‫و‬َ‫أ‬﴾:‫[اۡلعراف‬1-3]
Алиф, лом, мим, сод. (Ин) китобе аст, ки бар ту нозил шудааст ва набояд дар
синааст барои (таблиғ) он тангӣ ва фишоре бошад то ба василаи он (ба мардум)
ҳушдор диҳӣ ва мояи панди муъминон бошад. Аз оёте ки аз ҷониби
парвардигоратон ба шумо нозил шуда пайравӣ кунед ва аз дӯстони (ботил) ва ёрони
аз ғайри ӯ пайравӣ накунед, чӣ андак панд мегиред! (аъроф, ояти 1 -
3)
Агар олиме катак бихурад, шиканҷа ва зиндонӣ шавад ва ба
шеваҳои гуногун ӯро биёзоранд то омӯхтаҳои худ аз шариати Аллоҳ ва
паёмбарашро ки итоаташ воҷиб аст, раҳо намояд. Бояд сабр кунад ва
агар ҳукми ғайри Аллоҳро бипазирад ва итоат намояд, сазовори азоби
илоҳӣ мегардад. Аз ин ҳол бар ӯ воҷиб аст, ки дар роҳи Аллоҳ ранҷ ва
машаққатро таҳаммул кунад ва сабру шикебоӣ пеша созад. Зеро ин
суннат ва қонуни Аллоҳ, дар бораи паёмбарон ва пайравони онҳост.
Чунон ки мефармояд:
َ‫ب‬ِ‫س‬َ‫ح‬َ‫أ‬‫ٱ‬ُ‫اس‬‫لن‬ٓ‫و‬ُ‫ك‬َ‫ر‬ۡ‫ت‬ُ‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬َ‫ون‬ُ‫ن‬َ‫ت‬ۡ‫ُف‬‫ي‬ َ‫َّل‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬ َ‫و‬ ‫ا‬‫ن‬َ‫م‬‫ا‬َ‫ء‬ ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫ل‬‫و‬ُ‫ق‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ ْ‫ا‬ . ﴿ٓ‫م‬ٓ‫ل‬‫ا‬
‫ا‬‫َن‬‫ت‬َ‫ف‬ ۡ‫د‬َ‫ق‬َ‫ل‬ َ‫و‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬‫ن‬َ‫م‬َ‫ل‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬َ‫ل‬َ‫ف‬ ۡ‫م‬ِ‫ه‬ِ‫ل‬ۡ‫ب‬َ‫ق‬ ‫ن‬ِ‫م‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬‫ن‬َ‫م‬َ‫ل‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬َ‫ل‬ َ‫و‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ق‬َ‫د‬َ‫ص‬‫ٱ‬ََٰ‫ك‬ۡ‫ل‬‫ي‬ِ‫ب‬ِ‫ذ‬َ‫ن‬﴾:‫[العنكبوت‬1-3]
25
Алиф, лом, мим. Оё мардум мепиндоранд ҳамин ки гуфтанд: “имон овардем” раҳо
мегарданд ва озмоиш намешаванд? Ба ростӣ касонеро ки пеш аз онон буданд,
озмудем ва баври қатъ Аллоҳ ростгӯён ва дурӯғгуёнро мушаххас мекунад. (поёни
сухани шайхулислом)1.
Чаҳорум: ширки муҳаббат
Ширки муҳаббат ин аст, ки касе дар муҳаббаташ бо Аллоҳ каси дигарро
ҳам дӯст бидорад, яъне касе ё чизеро ҷуз Аллоҳ ҳамонанди ӯ бештар
аз ӯ дӯст дошта бошад, Аллоҳи мутаол вазъияти мушриконро дар ин
бора баён намуда ва фармудааст:
﴿َ‫ن‬ِ‫م‬ َ‫و‬‫ٱ‬ِ‫اس‬‫لن‬ِ‫ُون‬‫د‬ ‫ن‬ِ‫م‬ ُ‫ذ‬ ِ‫خ‬‫ت‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬ِ‫ب‬ُ‫ح‬َ‫ك‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ن‬‫ُّو‬‫ب‬ ِ‫ُح‬‫ي‬ ‫ا‬ ٗ‫اد‬َ‫د‬‫ن‬َ‫أ‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َ‫و‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬َِۗ ِ‫ّلل‬ ‫ا‬ٗ‫ب‬ُ‫ح‬ ُّ‫د‬َ‫ش‬َ‫أ‬ ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫ن‬َ‫م‬‫ا‬َ‫ء‬﴾
:‫[البقرة‬165]
Баъзе аз мардум, маъбудоне ғайр аз Аллоҳ бармегузинанд ки онҳоро ҳамонанди
Аллоҳ дӯст бидоранд. Вале муъминон Аллоҳро бештар дӯст доранд. (бақара, ояти
165)
Мебинем, ки Аллоҳи мутаол дар ин оят аз маъбудони ботиле сухан
гуфтааст, ки мушрикон онҳоро ба андозаи Аллоҳ ва ҳатто бештар аз ӯ
дӯст доранд, яъне ҳар кас бо ё ҳар чизе ки инсон ба андозаи Аллоҳ ё
беш аз ӯ дӯсташ дошта бошад, дар воқеъ ба Аллоҳ ширк овардааст. Ба
иборати дигар касе ки дар муҳаббати Аллоҳ махлуқеро ҳамтои ӯ қарор
медиҳад, мушрик аст. Ҳатто гоҳ ин махлуқро беш аз Аллоҳ дӯст
медорад. Аз ин рӯ мизони муҳаббати мушрикон ба маъбудони
ботилашон гуногун аст ва муҳаббати муъминон ба Аллоҳ беш аз
муҳаббати мушрикон ба Аллоҳ ва маъбудони ботили худ доранд.
1 Маҷмуъ-ул-фатово, 35/372 - 373
26
Дар “Муснад” ва “Саҳеҳайн” аз Анас (р) ривоят шудааст, ки паёмбар
(с) фармуд: “ҳеҷ кадом аз шумо имон намеоварад то ин ки маро аз
падару модар ва фарзандонаш ва соири мардум (ва дигар азизонаш)
бештар дӯст дошта бошад”. Мебинем, ки дар ин ҳадис аз касе ки ғайри
Аллоҳро беш аз паёмбар дӯст дорад, инкори имон шудааст. Пас касе ки
ғайри Аллоҳро беш аз Аллоҳ дӯст дорад, чӣ вазъе дорад?
Ҳақиқати муҳаббат ин аст, ки инсон илова бар муҳаббат бар
маҳбубаш, он чиро ки маҳбубаш дӯст дорад, дӯст дошта бошад ва аз он
чӣ маҳбубаш аз он танаффур дорад, мутанаффир бошад. Аз ин рӯ
мебинем, ки мушрикон маъбудони худро – аз ҳар навъе ки бошанд,
монанди буд, қабр, зареҳ … дӯст доранд ва бо кучактарин иҳонате ба
маъбудашон сахт асабонӣ ва барошуфта мешаванд. Ба гунае ки ҳатто
барои Аллоҳ ҳам ин ҳам хашм намегиранд! Ва барои онон шод ва
хушҳол мешаванд бештар аз худашон барои Аллоҳ. Ва ҳама инҳо
нишонаи ин аст, ки онон муҳаббаташон ба ғайри Аллоҳ қавитар ва
шадидтар аз муҳаббаташон нисбат ба Аллоҳ аст.
Муқтазои муҳббат ин аст, ки дӯстдор бо маҳбуби худ мухолифат
накунад, Лизо ба таносуби мухолифате ки маҳбубаш мекунад, аз
мизони муҳаббаташ ба ӯ коста мешавад. Аллоҳи мутаол мефармояд:
﴿َ‫ُّون‬‫ب‬ ِ‫ح‬ُ‫ت‬ ۡ‫م‬ُ‫ت‬‫ن‬ُ‫ك‬ ‫ن‬ِ‫إ‬ ۡ‫ل‬ُ‫ق‬‫ٱ‬َ‫ّلل‬َ‫ف‬‫ٱ‬‫ي‬ِ‫ن‬‫و‬ُ‫ع‬ِ‫ب‬‫ت‬ُ‫م‬ُ‫ك‬ۡ‫ب‬ِ‫ب‬ ۡ‫ُح‬‫ي‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬َ‫و‬ ُۚۡ‫م‬ُ‫ك‬َ‫ب‬‫و‬ُ‫ن‬ُ‫ذ‬ ۡ‫م‬ُ‫ك‬َ‫ل‬ ۡ‫ر‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬َ‫ي‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬‫يم‬ ِ‫ح‬‫ر‬ ‫ور‬ُ‫ف‬َ‫غ‬﴾
:‫عمران‬ ‫[آل‬31]
Бигӯ: агар Аллоҳро дӯст доред, аз ман пайравӣ кунед, то Аллоҳ шуморо дӯст
бидорад ва гуноҳоятонро бибахшад. (оли имрон, ояти 31)
27
Намудҳои муҳаббат ва ҳукми ҳар кадом:
Ибни Қайим дар бораи анвоъи муҳаббат гуфтааст:
“Чаҳор навъи муҳаббат вуҷуд дорад ки бояд тафовуташро донист ва
миёни онҳо фарқ гузошт. Касе ки дар миёни навъҳои муҳаббат фарқ
намегузорад, ба гумроҳӣ ва каҷравӣ дучор мешавад.
Аввал: муҳаббати Аллоҳ мебошад. Ин муҳаббат ба танҳоӣ барои
наҷоти банда аз азоби илоҳӣ ва бархурдорӣ аз аҷру подош кофӣ нест.
Зеро мушрикон ва яҳуд ва насоро низ Аллоҳро дӯст доранд.
Дуввум: муҳаббати он чӣ ки Аллоҳ дӯст дорад. Ин ҳамон муҳаббатест,
ки вуруди банда ба Ислом ё хуруҷаш аз дин ба он бастагӣ дорад ва
маҳбубтарин банда назди Аллоҳ касоне ҳастанд, ки ин навъи муҳаббат
дар онҳо қавитар аст.
Севум: муҳаббат барои Аллоҳ ва ба хотири Аллоҳ ки дар ҳақиқат
лозимаи муҳаббат бо чизҳое аст, ки Аллоҳ дӯст медорад ва муҳаббати
навъи дуюм, яъне муҳаббати он чӣ ки Аллоҳ дӯст дорад, танҳо бо
муҳаббат барои Аллоҳ ва ба хотири Аллоҳ таҳаққуқ меёбад.
Чаҳорум: муҳаббати ширкомезе аст, ки банда чизе ё касеро бо Аллоҳ
дӯст бидорад. Лизо ҳар кас чизе ё касеро бо Аллоҳ дӯст бидорад, на ба
хотири Аллоҳ ё барои ӯ чунин касе маъбуде ҷуз Аллоҳ баргузида ва ин
муҳаббати мушрикон аст. Яъне муҳаббате ки мушрикон нисбат ба
маъбудони ботили худ доранд”.1
Ибни Қайим ҳамчунин дар китоби “Ал-руҳ” менависад: “тафовути
муҳаббати навъи сеюм бо чаҳорум дар ин аст, ки муҳаббат барои Аллоҳ
1 Ал – ҷавоб -ул – кофӣ, ибни Қайим, ҷ. 1, саҳ. 134.
28
аз камоли имон аст, вале навъи чаҳорум муҳаббати айни ширк
мебошад. Ин як тафовути асосӣ аст, ки ҳар кас муҳтоҷ ва балки ногузир
ба донистани он аст”.1
Яке аз намунаҳои ширки акбар ки муаллиф раҳматуллоҳи алайҳ зикр
кардааст, забҳ ё қурбонӣ барои ғайри Аллоҳ мебошад. Қурбонӣ яке аз
бузургтарин ибодатҳост. Аз ин рӯ воҷиб аст, ки ин ибодат ба сурати ноб
ва холисона танҳо барои Аллоҳ азза ва ҷалл анҷом шавад ва аз ҳар
гуна ширк пок бошад. Аллоҳи мутаол мефармояд:
﴿َ‫و‬ َ‫ك‬ِ‫ب‬َ‫ر‬ِ‫ل‬ ِ‫ل‬َ‫ص‬َ‫ف‬‫ٱ‬ۡ‫ر‬َ‫ح‬ۡ‫ن‬﴾:‫[الكوثر‬2]
Пас барои парвардигорат намоз бигузор ва (шутур) қурбонӣ кун. (кавсар, ояти 2)
Ва мефармояд:
﴿ۡ‫ل‬ُ‫ق‬‫ن‬ِ‫إ‬ِ‫ب‬ َ‫ر‬ ِ ِ‫ّلل‬ ‫ي‬ِ‫ت‬‫ا‬َ‫م‬َ‫م‬ َ‫و‬ َ‫اي‬َ‫ي‬ ۡ‫ح‬َ‫م‬ َ‫و‬ ‫ي‬ِ‫ك‬ُ‫س‬ُ‫ن‬ َ‫و‬ ‫ي‬ِ‫ت‬ َ‫َل‬َ‫ص‬‫ٱ‬َ‫ين‬ِ‫م‬َ‫ل‬ََٰ‫ع‬ۡ‫ل‬﴾:‫[اۡلنعام‬162]
бигӯ: ҳамоно намоз, қурбонӣ ва зиндагиву маргам аз они Аллоҳ, парвардигори
ҷаҳониён аст. (анъом, ояти 162)
Ҳар кас барои ғайри Аллоҳ қурбонӣ кунад, ин ибодатро ки вижаи
Аллоҳи мутаол мебошад, барои ғайри Аллоҳ анҷом додааст ва ба
Аллоҳ ширк варзидааст ӯ аз мусалмонон нест.
Бинобар ин қурбонӣ кардан барои ғайри Аллоҳ масалан барои бут, ё
ҷин, ё қабр, ё каъба, ё дарахт, ё санг ва амсоли он ширк ва куфр ба
Аллоҳи бузург аст ва ин қурбонӣ яъне гӯшти он ҳаром мебошад. Фарқ
намекунад, ки мусалмоне онро сар бурида бошад ё як яҳудӣ ё насронӣ.
Касе ки пеш аз қурбонӣ кардан барои ғайри Аллоҳ мусалмон будааст,
ҳамин ки ин амалро анҷом дод, аз доираи Ислом хориҷ мешавад ва
1 Ал – руҳ, ибни Қайим, ҷ. 1, саҳ. 254
29
кофир ба шумор меравад. Зеро яке аз бузургтарин ибодатҳоро ки вижаи
Аллоҳи мутаол мебошад, барои ғайри Аллоҳ анҷом дода ва монанди
касе аст, ки барои ғайри Аллоҳ саҷда мекунад.
Ширк қисмҳо ва намунаҳои гуногун дорад. Монанди хостан ё
фарёдхоҳӣ аз ғайри Аллоҳ дар корҳо ё мавориде ки фақат дар густураи
қудрати Аллоҳ мебошад. Лизо агар касе аз мурдагон ё солеҳон
даргузашта ва амсоли онон кумак ё мадад бихоҳад ва аз онҳо дархост
кунад ки ниёзҳо ва хостаҳояшро бароварда намоянд ё мушкилоташро
бартараф кунанд, ба Аллоҳ ширк варзидааст. Ҳамчунин назр барои
ғайри Аллоҳ ширк ба ҳисоб меояд.Онҳо ки дар сарзаминҳои исломӣ
барои ғайри Аллоҳ монанди фалон шайх ва фалон пир ё фалон дарахт
ва фалон санг назр мекунанд дар ҳақиқат ба Аллоҳ ширк меварзанд ва
аз доираи Ислом берун мешаванд, гарчӣ худро мусалмон бипиндоранд
ва муътақид бошанд, ки мусалмон ҳастанд. Ин амале аст, ки кофирони
қурайш ба касрат анҷом медоданд ва иддао мекарданд, ки ин амалро
барои наздикӣ ба Аллоҳ анҷом медиҳанд. Ҳамон гуна ки Аллоҳи мутаол
мефармояд:
﴿‫ى‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ ٓ‫ا‬َ‫ن‬‫ُو‬‫ب‬ ِ‫ر‬َ‫ق‬ُ‫ي‬ِ‫ل‬ ‫َّل‬ِ‫إ‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬ُ‫د‬ُ‫ب‬ۡ‫َع‬‫ن‬ ‫ا‬َ‫م‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َٰٓ‫ى‬َ‫ف‬ۡ‫ل‬ُ‫ز‬﴾:‫[الزمر‬3]
(Мегуянд): мо ононро ибодат ва парастиш намекунем магар барои он ки (воситаи
мо бошанд ва) моро ба Аллоҳ наздик кунанд. (зумар, ояти 3)
Вале кумак хостан аз мардум дар корҳо ё мавридҳое ки дар тавони
онҳост, ширк маҳсуб намешавад. Шайхул ислом ибни Таймия сухане
бад-ин мазмун дорад, ки гуфта аст: “ва аммо кӯмак хостан аз мардум
дар мавориде ки дар тавони инсонҳои зинда аст, ҷоиз мебошад, фарқ
30
намекунад, ки ин кор ёрӣ хостан номида шавадё паноҳ бурдан ва
амсоли он”.
Навъи дувум: ширки асғар
Ба ҳар амале ки дар шариат ширк номида шуда бошад вале ба
мартабаи ширки акбар нарасида бошад, ширки асғар гуфта мешавад.
Ва гарчӣ анҷом додани ширки асғар соҳибони онро аз ислом хориҷ
намегардонад вале дар тавҳиди шахс халал ва нақс эҷод мекунад ва
замина ё муқаддимаи ширки акбар аст. Ибни Қайим раҳматуллоҳ дар
китобаш “Эълом – ул мувақиин” гуноҳи ширки асғарро фаротар ва
бузургтар аз гуноҳони кабира донистааст ва бинобар дидгоҳи саҳеҳ
ширки асғар низ дар мафҳуми ин оят меғунҷад:
﴿‫ن‬ِ‫إ‬‫ٱ‬َ‫ّلل‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ َ‫ك‬ َ‫ر‬ ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ ُ‫ر‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬َ‫ي‬ َ‫َّل‬‫ۦ‬ُ‫ء‬ٓ‫ا‬َ‫ش‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬ِ‫ل‬ َ‫ِك‬‫ل‬ََٰ‫ذ‬ َ‫ُون‬‫د‬ ‫ا‬َ‫م‬ ُ‫ر‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬َ‫ي‬ َ‫و‬﴾:‫[النساء‬48]
Ҳамоно Аллоҳ инро ки ба ӯ ширк варзанд, намеомӯрзад ва (ҳар гуноҳе) ҷуз ширкро
барои ҳар ки бихоҳад, мебахшад. (нисо, ояти 48)
Зеро ин оят ом ва фаротар аст.
Оё ширки асғар дар охират бахшида хоҳад шуд?
Ибни Таймия раҳматуллоҳ мегуяд: “гуфта мешавад: ба муқтазои
мафҳумҳои қуръонӣ ҳеҷ ширке чӣ кучак ва чӣ бузург бахшида нахоҳад
шуд. Гарчӣ касе ки муртакиби ширки асғар гардад, мусалмон аз дунё
биравад, вале ширкаш бахшида намешавад ва ба хотири он муҷозот
хоҳад шуд ва саранҷом ба биҳишт хоҳад рафт”.
Аллома Абдураҳмони Саъдӣ раҳматуллоҳ дар бораи ояти 48 – и
сураи нисо мегуяд: “касоне ки ин ояро ом ва фарогир медонанд, бар ин
31
боваранд ки ширки асғар низ дар ин мафҳуми ин оя мегунҷад, яъне
ширки асғар, бахшида намешавад ва касе ки муртакиби ширки асғар
гардад, муҷозот хоҳад шуд. Зеро равшан аст ки агар касе омӯрзида
нашавад, муҷозот мегардад. Албатта касоне ки чунин дидгоҳе доранд,
касеро ки муртакиби ширки асғар мешавад, кофир намедонанд ва ба ин
бовар нестанд, ки ҳамеша дар дузах хоҳанд монд. Инҳо бар ин
боваранд ки чунин шахсе мутаносиб бо ширки худ азоб мешавад ва
саранҷом ба биҳишт меравад. Аммо касоне ки ширки асғарро дар ширки
мазкур дар ин оят ҷой намедиҳанд ва муътақиданд ки Аллоҳ ширки
асғарро барои ҳамеша мебахшад. Ба ояи 25 – и сураи “моида” истидлол
кардаанд ки Аллоҳи азза ва ҷалл мефармояд:
﴿ُ‫ه‬‫ن‬ِ‫إ‬‫ۥ‬ِ‫ب‬ ۡ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َ‫م‬‫ر‬َ‫ح‬ ۡ‫د‬َ‫ق‬َ‫ف‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬ِ‫ه‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬َ‫ع‬‫ٱ‬‫ن‬َ‫ج‬ۡ‫ل‬َ‫ة‬ُ‫ه‬َٰ‫ى‬ َ‫و‬ۡ‫أ‬َ‫م‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ار‬‫لن‬﴾:‫[المائدة‬72]
Ба ростӣ ҳар кас ба Аллоҳ ширк варзад, Аллоҳ биҳиштро бар ӯ ҳаром намуда ва
ҷойгоҳаш дузах аст. (моида, ояти 72)
Инҳо мегуянд: ҳамон гуна ки аимма иттифоқи назар доранд ки ширки
асғар дар ин оя – ояти 72 – и сураи моида намегунҷад пас дар ояи 65 –
сураи “Зумар” низ дахле надорад. Он ҷо ки Аллоҳи азза ва ҷалл
мефармояд:
﴿َ‫ك‬ُ‫ل‬َ‫م‬َ‫ع‬ ‫ن‬َ‫ط‬َ‫ب‬ ۡ‫ح‬َ‫ي‬َ‫ل‬ َ‫ت‬ۡ‫ك‬َ‫ر‬ۡ‫ش‬َ‫أ‬ ۡ‫ن‬ِ‫ئ‬َ‫ل‬﴾:‫[الزمر‬65]
Агар ширк биварзӣ, ба таври қатъ амалат нобуд ва табоҳ мешавад. (зумар, ояти
65)
Вожаи “амал” дар ин оя муфради музоф аст ва шомили ҳамаи амалҳо мешавад
ва чизе ҷуз ширки акбар ҳамаи амалҳои инсонро нобуд намекунад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ё арзёбӣ фақат дар миёни некиҳо ва бадиҳое аст, ки аз
ширки акбар пойинтаранд. Ин дидгоҳ тақвият мебахшад. Зеро ширки акбар бо ҳеҷ
32
чизи дигаре қобили муқоиса нест ва бо вуҷуди ширки акбар ҳеҷ амале ки судманд
бошад, боқӣ намемонад” (поёни сухани Саъдӣ)
Чигунагии шинохти ширки асғар:
Ширки асғар бино бар омӯзаҳо ва мутуни дини нишонаҳо ва далоиле
дорад ки шинохти он барои мо осон мекунад. Ҳамон гуна ки дар порае
аз мутуни динӣ аз бархе аз корҳои ҳаром ба унвони “ширки асғар” ёд
шудааст. Чунонкӣ дар “Муснад” аз Язид ибни Ҳод аз Умар аз Маҳмуд
ибни Лабид ривоят аст ки паёмбар фармуд: “ ‫إن‬‫أخوف‬‫الشرك‬ ‫عليكم‬ ‫أخاف‬ ‫ما‬
‫”اۡلصغر‬ яъне: “яке аз бузургтарин нигарониҳои ман барои шумо ширки
асғар аст” Ба иборати дигар аз ин метарсам ки гирифтори ширки асғар
шавед. Пурсиданд: эй расули Худо! Ширки асғар чист? Фармуд: “риё”.
Намунаи дигаре ки метавонем бо он ширки асғарро бишиносем, ин аст
ки вожаи “ширк” дар матнҳои динӣ ба сурати накира ё бидуни “алиф” ва
“лом” ки ҳарфҳои муаррифа ҳастанд, зикр шуда бошад. Монанди
ҳадисе ки имом Аҳмад дар “Муснад” – и худ ва Абудовуд, Тирмизӣ ва
Ибни Моҷа аз тариқи Салам ибни Каҳил аз Исо ибни Юнус аз Зар ибни
Ҳабиш аз Абдуллоҳ ибни Масъуд нақл кардаанд, ки паёмбар (с) се бор
фармуд: “‫بالتوكل‬ ‫يذهبه‬ ‫هللا‬ ‫ولكن‬ ‫منا‬ ‫ما‬ ‫و‬ ،‫شرك‬ ‫”الطيرة‬1
яъне: “бадшугуни ширк аст”.
1 Тияра. Гарчӣ дар ин ҷо ба маънои бадшугунӣ ё фоли бад мебошад вале дар асл навъе
фолгирӣ дар даврони ҷоҳилият буд. Бад – ин сон ки паррандагонро ба парвоз
дармеоварданд. Агар паррандагон ба самти рост парвоз мекарданд, онро фоли нек
мегирифтанд ва сафар ё корҳои дигарро ки пештар барномарезӣ карда ё тасмим гирифта
буданд, оғоз мекарданд. Ва агар паррандагон ба самти чап мепариданд, аз тасмими худ
бозмеомаданд. Хатобӣ мегуяд: Муҳаммад ибни Исмоил, яъне Бухорӣ гуфтааст: Сулаймон
ибни Ҳарб иборати “‫بالتوكل‬ ‫يذةبة‬ ‫ولكن‬ ‫اَّل‬ ‫منا‬ ‫ما‬ ‫”و‬ – ро сухани ибни Масъуд (р) медонист. Тирмизӣ
ҳам аз Бухорӣ аз Сулаймон ибни Ҳарб, ҳаминро нақл карда ва Мунзирӣ низ сухани
Бухориро таъйид кардааст. (мутарҷим)
33
Ибни Масъуд дар идома афзуд: “ҳеҷ кас аз мо нест, ки фоли бад назада
бошад вале Аллоҳ ин ҳолатро бо таваккал аз миён мебарад”. Ба ҳар
хол ин ҷо ки аз вожаи “ширк” дар ин ривоят ба сурати накира омадааст,
пас манзур ширки асғар аст.
Ва аз дигар нишонаҳои ширки асғар ин аст ки саҳоба аз он ба унвони
ширки асғар ёд карда бошанд, яъне ширке ки бандаро аз доираи ислом
ихроҷ намекунад.
Равиши дигар барои бозшиносии ширки асғар, ҷамъбандӣ ва арзёбии
мутун ва додаҳои динӣ аст.
Намудҳои ширки асғар:
Аввал: ширки зоҳир (намоён)
Ширке аст ки дар гуфтор ва кирдор намоён мешавад, ки аз он ба
ширки гуфторӣ (лафзӣ) ва амалӣ ёд мекунем. Ширки лафзӣ монанди
савганд ба номи ғайри Аллоҳ.
Чунон кӣ Аҳмад, Абудовуд, Тирмизӣ ва дигарон аз Саъд ибни
Убайда ривоят кардаанд: ибни Умар (р) аз марде шунид ки мегуфт:
“савганд ба Каъба …”. Ибни Умар ба ӯ фармуд: аз расули Аллоҳ (с)
шунидам, ки фармуд: “‫اشرك‬ ‫فقد‬ ‫هللا‬ ‫بغير‬ ‫خلف‬ ‫”من‬ “ҳар касе ба ғайри Аллоҳ
савганд ёд кунад, ширк варзида аст”.
Ва аммо намунаи дигар аз ширки лафзӣ гуфтани ин иборат аст: “он
чӣ Аллоҳ ва ту бихоҳед”. Зеро имом Аҳмад, ибни Моҷа ва Насоӣ дар
“Ал-кубро” аз Язид ибни Асам ривоят кардаанд ки: ибни Аббос гуяд:
марде назди паёмбар омад ва зимни сухан гуфтан бо эшон гуфт: “он чӣ
Аллоҳ бихоҳад ва он чӣ шумо бихоҳед”. Паёмбар фармуд: “ ‫ويلك‬‫وهللا‬ ‫اجعلتني‬
34
:‫قل‬ ،‫عدَّل‬"‫وحده‬ ‫هللا‬ ‫شاء‬ ‫ما‬ ” яъне: “вой бар ту! оё маро ҳамтои Аллоҳ қарор
медиҳӣ? бигӯ: он чӣ Аллоҳи якто бихоҳад”.
Лизо дуруст ин аст, ки гуфта шавад: “он чӣ Аллоҳи якто бихоҳад” ё
“он чӣ Аллоҳ бихоҳад, сипас он чӣ шумо бихоҳед ё майли шумо бошад”.
Ҳамчунин “агар иродаи Аллоҳ сипас фалонӣ набуд” яъне дар иборате
ки ба кор мебарем, хостаи махлуқ тобеи иродаи илоҳӣ бошад, на ин ки
хостаи махлуқ бо иродаи холиқ зикр шавад, чунон ки Аллоҳи мутаол
мефармояд:
﴿َ‫ء‬ٓ‫ا‬َ‫ش‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ ٓ‫َّل‬ِ‫إ‬ َ‫ون‬ُ‫ء‬ٓ‫ا‬َ‫ش‬َ‫ت‬ ‫ا‬َ‫م‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬ُّ‫ب‬َ‫ر‬‫ٱ‬َ‫ين‬ِ‫م‬َ‫ل‬ََٰ‫ع‬ۡ‫ل‬﴾:‫[التكوير‬29]
Ва шумо (паймудани роҳи мустақим ё ҳар чизи дигареро) намехоҳед магар он ки
Аллоҳ, парвардигори ҷаҳониён бихоҳад ва ирода кунад. (таквир, ояти 29)
Дар ин маврид асл бар ин аст, ки ширки асғар аст. Вале гоҳ бар
асоси қасд ва иродаи гуяндааш ба ширки акбар меанҷомад. Яъне агар
қасди гуянда ин бошад, ки махлуқеро ба сони Аллоҳ таъзим кунад,
муртакиби ширки акбар шудааст.
Ва аммо ширки амалӣ монанди пушидани ҳалқа ё дастовез ё
гарданбанд ва амсоли он ба қасди дафъи бало ва низ овехтани муҳра
ва таъвиз барои дафъи захми чашм. Зеро Аҳмад аз Духин аз Ақаба ба
сурати марфуъ ривоят кардааст: “ҳар кас барои дафъи захми чашм,
чизе (чун муҳра ё таъвиз ба гардан ё дасти худ) бибандад, ширк
варзидааст”.
Масъала: агар касе чунин чизҳоеро сабаби дафъи бало бидонад,
муртакиби ширки асғар шудааст, аммо эътиқод ба ин ки чунин чизҳое
(муҳра, таъвиз ва амсоли он) худ балогардон ҳастанд ва дафъи бало
мекунанд, ин ширки акбар аст.
35
Дувум: ширки хафӣ (пинҳон) ва хатароти он
Ширке аст, ки қасди ирода ё нияти банда вуҷуд дорад. Монанди риё
ва қасди худнамоӣ ба дигарон. Мисли касе ки ибодате чун намоз ё
қироати қуръонро ба хубӣ ё беҳтар анҷом медиҳад то дигарон аз ӯ
таъриф ва тамҷид кунанд! Соҳиби “Муснад” аз Язид ибни Ҳод аз Умар
аз Маҳмуд ибни Лабид (р) ривоят кардааст: расули Аллоҳ (с) фармуд:
“ ‫أخاف‬ ‫ما‬ ‫اخوف‬ ‫إن‬‫اۡلصغر‬ ‫الشرك‬ ‫عليكم‬ ”
“яке аз бузургтарин нигарониҳои ман барои шумо ширки асғар аст”. Ба
иборати дигар аз ин метарсам, ки гирифтори ширки асғар шавед.
Пурсиданд: эй расули Аллоҳ! Ширки асғар чист? Фармуд: “риё”.
Камтар касе аз ин навъи ширк наҷот меёбад. Ибни Қайим
раҳматуллоҳи алайҳ гуфтааст: “ин навъи ширк дарёи пурталотуме аст,
ки соҳил надорад ва камтар касе аз он раҳо меёбад. Лизо касе ки
амалаш, чизе ҷуз ризояти Аллоҳро талаб кунад ва қасдаш чизе ҷуз
наздикӣ ҷустан ба Аллоҳ ё бархурдорӣ аз подоши илоҳӣ бошад, дар
қасд ва нияти худ ба Аллоҳ ширк овардааст”. Яке аз орифон1
дар ин
бора гуфтааст: “риё аз зиёнбортарин авомили дарунӣ ва нафсонии
ҳалокат аст ки комилан пушида мебошад ва уламо, обидон ва касоне ки
остини ҳиммат барои паймудани роҳи охират боло задаанд ба ин балои
бузург дучор мешаванд. Зеро ҳарчанд бар хостаҳо ва амёли нафсонии
хеш чира мешаванд ва нафсро аз шаҳватҳо ва майлҳои нодуруст
бозмедоранд ва онро дар баробари шубаҳаҳо ҳифозат мекунанд ва дар
1
Хонандаи гиромӣ таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки манзур аз ориф касе аст ки дар чорчуби
додаҳои шариат яъне омӯзаҳои китоб ва суннат остини ҳиммат барои ибодати Аллоҳи азза
ва ҷалл боло мезанад. На касе ки дар ӯ ибодатҳои аҷибу ғарибе мебинем ки на бо шариат
созгор аст ва на ба ақли солим. (мутарҷим)
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом
Шарҳи Шиканандаҳои  Ислом

More Related Content

Featured

Social Media Marketing Trends 2024 // The Global Indie Insights
Social Media Marketing Trends 2024 // The Global Indie InsightsSocial Media Marketing Trends 2024 // The Global Indie Insights
Social Media Marketing Trends 2024 // The Global Indie Insights
Kurio // The Social Media Age(ncy)
 
Good Stuff Happens in 1:1 Meetings: Why you need them and how to do them well
Good Stuff Happens in 1:1 Meetings: Why you need them and how to do them wellGood Stuff Happens in 1:1 Meetings: Why you need them and how to do them well
Good Stuff Happens in 1:1 Meetings: Why you need them and how to do them well
Saba Software
 

Featured (20)

Content Methodology: A Best Practices Report (Webinar)
Content Methodology: A Best Practices Report (Webinar)Content Methodology: A Best Practices Report (Webinar)
Content Methodology: A Best Practices Report (Webinar)
 
How to Prepare For a Successful Job Search for 2024
How to Prepare For a Successful Job Search for 2024How to Prepare For a Successful Job Search for 2024
How to Prepare For a Successful Job Search for 2024
 
Social Media Marketing Trends 2024 // The Global Indie Insights
Social Media Marketing Trends 2024 // The Global Indie InsightsSocial Media Marketing Trends 2024 // The Global Indie Insights
Social Media Marketing Trends 2024 // The Global Indie Insights
 
Trends In Paid Search: Navigating The Digital Landscape In 2024
Trends In Paid Search: Navigating The Digital Landscape In 2024Trends In Paid Search: Navigating The Digital Landscape In 2024
Trends In Paid Search: Navigating The Digital Landscape In 2024
 
5 Public speaking tips from TED - Visualized summary
5 Public speaking tips from TED - Visualized summary5 Public speaking tips from TED - Visualized summary
5 Public speaking tips from TED - Visualized summary
 
ChatGPT and the Future of Work - Clark Boyd
ChatGPT and the Future of Work - Clark Boyd ChatGPT and the Future of Work - Clark Boyd
ChatGPT and the Future of Work - Clark Boyd
 
Getting into the tech field. what next
Getting into the tech field. what next Getting into the tech field. what next
Getting into the tech field. what next
 
Google's Just Not That Into You: Understanding Core Updates & Search Intent
Google's Just Not That Into You: Understanding Core Updates & Search IntentGoogle's Just Not That Into You: Understanding Core Updates & Search Intent
Google's Just Not That Into You: Understanding Core Updates & Search Intent
 
How to have difficult conversations
How to have difficult conversations How to have difficult conversations
How to have difficult conversations
 
Introduction to Data Science
Introduction to Data ScienceIntroduction to Data Science
Introduction to Data Science
 
Time Management & Productivity - Best Practices
Time Management & Productivity -  Best PracticesTime Management & Productivity -  Best Practices
Time Management & Productivity - Best Practices
 
The six step guide to practical project management
The six step guide to practical project managementThe six step guide to practical project management
The six step guide to practical project management
 
Beginners Guide to TikTok for Search - Rachel Pearson - We are Tilt __ Bright...
Beginners Guide to TikTok for Search - Rachel Pearson - We are Tilt __ Bright...Beginners Guide to TikTok for Search - Rachel Pearson - We are Tilt __ Bright...
Beginners Guide to TikTok for Search - Rachel Pearson - We are Tilt __ Bright...
 
Unlocking the Power of ChatGPT and AI in Testing - A Real-World Look, present...
Unlocking the Power of ChatGPT and AI in Testing - A Real-World Look, present...Unlocking the Power of ChatGPT and AI in Testing - A Real-World Look, present...
Unlocking the Power of ChatGPT and AI in Testing - A Real-World Look, present...
 
12 Ways to Increase Your Influence at Work
12 Ways to Increase Your Influence at Work12 Ways to Increase Your Influence at Work
12 Ways to Increase Your Influence at Work
 
ChatGPT webinar slides
ChatGPT webinar slidesChatGPT webinar slides
ChatGPT webinar slides
 
More than Just Lines on a Map: Best Practices for U.S Bike Routes
More than Just Lines on a Map: Best Practices for U.S Bike RoutesMore than Just Lines on a Map: Best Practices for U.S Bike Routes
More than Just Lines on a Map: Best Practices for U.S Bike Routes
 
Ride the Storm: Navigating Through Unstable Periods / Katerina Rudko (Belka G...
Ride the Storm: Navigating Through Unstable Periods / Katerina Rudko (Belka G...Ride the Storm: Navigating Through Unstable Periods / Katerina Rudko (Belka G...
Ride the Storm: Navigating Through Unstable Periods / Katerina Rudko (Belka G...
 
Barbie - Brand Strategy Presentation
Barbie - Brand Strategy PresentationBarbie - Brand Strategy Presentation
Barbie - Brand Strategy Presentation
 
Good Stuff Happens in 1:1 Meetings: Why you need them and how to do them well
Good Stuff Happens in 1:1 Meetings: Why you need them and how to do them wellGood Stuff Happens in 1:1 Meetings: Why you need them and how to do them well
Good Stuff Happens in 1:1 Meetings: Why you need them and how to do them well
 

Шарҳи Шиканандаҳои Ислом

  • 1. 1 корҳое ки як шахсро аз доираи Ислом хориҷ мегардонад Муаллиф: Шайх Абдулазиз Турайфӣ Мутарҷим: Абу муҳаммад Маданӣ
  • 2. 2 Феҳрист Муқаддима ...................................................................................................................................................5 Шарҳи шиканандаҳои Ислом.............................................................................................................8 Маънии калимаи шикананда............................................................................................................10 Саъю кӯшиши уламо ба баёни ҳукми муртад (баргашта аз дин) .............................10 Ноқиси аввал (ширк дар ибодати Аллоҳ)................................................................................12 Ширк ба Аллоҳ бар ду навъ аст:................................................................................................16 Навъи аввал: ширки акбар бар чаҳор навъ аст:...........................................................16 Aввал: ширк дар дуо...........................................................................................................18 Дувум: ширки ният (ширки ирода ва қасд) ..............................................................19 Севум: ширки итоат Хукм Ташреъ Тахокум............................................................21 Тоғут чист ва ба чӣ касе гуфта мешавад?.........................................................23 Чаҳорум: ширки муҳаббат................................................................................................25 Анвоъи ширки муҳаббат ва ҳар кадом ................................................................27 Навъи дувум: ширки асғар ......................................................................................................30 Чигунагии шинохти ширки асғар: .................................................................................32 Навъҳои ширки асғар ...................................................................................................33 Аввал: ширки зоҳир (намоён)...................................................................................33 Дувум: ширки хафӣ (пинҳон) ва хатарҳои он....................................................35 Ҳолатҳои ворид шудани риё дар корҳо ва ҳукми ҳар кадом..............37 Ҳукми худдорӣ аз кори нек аз тарси ин ки риё бошад...........................39 Ноқиси дувум (касе ки миёни худ ва Аллоҳ воситаҳое қарор диҳад, онҳоро бихонад ва аз онон дархости шафоат кунад ва бар онҳо таваккал намояд, ба иҷмоъ кофир аст):..................................................................................................................................41 Шафоат дар китоби Аллоҳ ва суннати паёмбар ба ду сурат: .....................................46 Шартҳои шафоати собитшуда..............................................................................................45 Ноқиси севум (ҳукми касе ки мушриконро кофир надонад ё дар куфрашон шак кунад ё мазҳаб ва ойини ононро дуруст бипиндорад):........................................48 Даъват ба сӯи озодӣ ва ваҳдати адён ва ҳукми он...........................................................50
  • 3. 3 Хулосаи ноқиси савум.....................................................................................................................53 Ноқиси чаҳорум (касе ки муътақид бошад равиш ва ҳукми ғайр аз расули Аллоҳ аз равиш ва ҳукми паёмбар комилтар ва беҳтар аст, кофир мебошад. Ва низ касе ки ҳукми тоғут (ғайри Аллоҳ) – ро аз ҳукми паёмбар бартар медонад).......................................................................................................................................................59 Ноқиси панҷум (ҳар кас ҳукм ё раҳнамуде аз аҳком ё раҳнамуди иблоғи паёмбаро бад бидонад ва аз он мутанаффир бошад, кофир аст, ҳарчанд худ ба он амал кунад)....................................................................................................................................68 Ноқиси шашум (ба ришханд гирифтани чизе ё бахше аз дини паёмбар ва масхара кардани подош ё муҷозоти он ё оёти Аллоҳ, куфр аст):............................73 Агар қасди масхаракунанда шухӣ бошад ҳукми он чист? .............................................74 Масхара кардани дини илоҳӣ аз нишонаҳои мунофиқон ва кофирон ....................76 Дар ҳукми масхара кардан аз дин, эътиқоди шахс шарт нест, ки бо нияти бад ё хуб анҷом гирифта бошад ................................................................................................................ Ҳукми масхаракунанда ба иҷмоъи мусалмонон куфр мебошад ...............................76 Масхара кардан бар ду навъ аст: ошкор ва киноя............................................................78 Хатароти истеҳзо ба дин ва шаоири он ва ҳукми ҳамнишинӣ бо масхаракунандагон ..........................................................................................................................78 Ҳукми масхара кардани саҳоба (ёрони паёмбар) ва анвоъи он................................80 Масхара кардани саҳоба ва носазо гуфтан ба онҳо бар чанд гуна аст:................81 Ҳукми масхара кардани уламо ва накӯкорон ва солеҳон..............................................81 Ноқиси ҳафтум (сеҳр аст ки аз он ҷумла ҷудо кардан ва алоқаманд сохтан байни одамон бо сеҳр ба таври дуруғ мебошад ва ҳар кас анҷомаш диҳад ё ба он розӣ бошад, кофир аст): .......................................................................................................84 Маънои сеҳр дар луғат ва истилоҳ...........................................................................................84 Оё сеҳр ва соҳирӣ ҳақиқат дорад? ..........................................................................................86 Ширк будани сеҳр ва соҳирӣ аз ду ҷиҳат мебошад .........................................................87 Анвоъи сеҳр ва ҳукми он.............................................................................................................. Ҳукми соҳир дар Ислом ..............................................................................................................89
  • 4. 4 Ноқиси ҳаштум (дӯстӣ бо мушрикон ва ёрӣ расондан ба онон дар баробари мусалмонон):.............................................................................................................................................94 Дӯстӣ ва душманӣ ба хотири Аллоҳ аз устувортарин ресмонҳои имон.................96 Нукта: ҳукми кумак гирифтан аз куффор дар ҷанг бо гурӯҳе дигар аз куффор102 Ноқиси нуҳум (ҳар кас муътақид бошад ки барои бархе аз мардум гунҷоиш ё иҷозаи хуруҷ аз шариати Муҳаммад (с) вуҷуд дорад – монанди гунҷоише ки барои хуруҷи Хизр аз шариати Мусо (а) вуҷуд дошт – кофир аст):......................106 Ҳукми касе ки яке аз аҳкоми мавҷуд дар қуръон ё суннати собитшударо инкор кунад ......................................................................................................................................................110 Ноқиси даҳум (рӯйгардонӣ аз дини Аллоҳ, ба гунае ки на онро фаро бигирад ва на ба он амал кунад): ...................................................................................................................111 Мақсуд ва маънои рӯйгардонӣ..................................................................................................111 Анвоъи руйгардонӣ аз дини илоҳӣ..........................................................................................114 Оё касе ба хотири надонистан ва фаро нагирифтани дин маъзур аст?..............117 Оё байни шухӣ ва ҷиддӣ будан ё тарс доштан дар шиканандаҳо узр мебошад?.................................................................................................................................................. Ҳукми касе ки ҷоҳил бошад ва огоҳӣ ба ин шиканандаҳо надошта бошад чист? ............................................................................................................................................ Ҳукми куфри шахси муайян ........................................................................................................121 Ҳукми касе ки дар иртикоби ин навоқиз таъвил (тафсир) ва тавҷия дошта бошад чист? .......................................................................................................................................126 Поён ёфт.
  • 5. 5 Ба номи Аллоҳи бахшанда ва меҳрубон Муқаддима Ҳамду ситоиш мар Аллоҳро ва дуруду салом ба банда ва набӣ ва оли асҳобаш. Аммо баъд: Аллоҳи мутаол амал ба шариаташ ва пайравӣ аз паёмбарашро воҷиб фармудааст. Ин роҳи дурусте аст, ки каҷандешӣ ва боварҳои нодуруст ба он роҳ надорад, балки фурӯғе аст, ки кӯрии чашмҳоро мезудояд ва ба рӯҳу равон тароват ва тозагӣ мебахшад ва дилҳоро зинда мегардонад. Ҳар кас ин роҳро дар пеш гирад, растагор мешавад ва ҳар кас аз ин роҳ мунҳариф шавад ё роҳи дигаре баргузинад ба ҳалокат мерасад. Мухолифони ин шариат аз рӯшаноӣ ва нури ҳаётбахши он бебаҳра мондаанд. Чун ба пояҳо ва усуле вобаста шуданд, ки комилан беасос ва суст ва ба андешаҳое рӯй оваранд, ки бо марги соҳибонаш мемирад ва дар баҳра ҷустан аз шариати ҷовидон берағбат ва дилсард шуданд. Китобе ки пеши рӯ доред, дар асл дарсҳое аст, ки дар шарҳи китоби “шиканандаҳои ислом” - и асари имом Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ироа дода будам. Бархе аз дӯстон ба умеди ин ки нафъаш бештар шавад, пешниҳоди чоп ва нашри онро ба ман доданд. Барои иҷрои ин амр ба баррасӣ ва бознигарии матолиб пардохтам, матолибе бар он афзудам ва порае аз матолибро ҳазф кардам. Ин китоб аз усуле аст, ки поя ва асоси дин ба шумор меравад. Аллоҳи мутаол барои баёни ин усул паёмбарашро ба сӯи ҷинҳо ва инсонҳо фиристода ва динашро дар қолаби ду ваҳй1 нозил намуда ва мардумро 1 Манзур аз ду ваҳй нузули китобҳои илоҳӣ ва раҳнамудҳои паёмбарон аст. Дар бораи ин уммат, қуръони карим ваҳйе аст, ки тиловат мешавад. Чунончӣ суннати паёмбар (с) низ ваҳйе аст. Лизо манзур аз ду ваҳй, китоб ва суннат мебошад. (мутарҷим)
  • 6. 6 ду даста гардонида1 ва ба барпоии дин ва шариаташ бо забон ва шамшер дастур додааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: ُ‫ت‬ۡ‫ق‬َ‫ل‬َ‫خ‬ ‫ا‬َ‫م‬ َ‫﴿و‬‫ٱ‬‫ن‬ ِ‫ج‬ۡ‫ل‬َ‫و‬‫ٱ‬َ‫نس‬ِ ۡ‫ۡل‬:‫[الذاريات‬ ﴾ِ‫ُون‬‫د‬ُ‫ب‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬ِ‫ل‬ ‫َّل‬ِ‫إ‬56] Ва инсонҳо ва ҷинҳоро танҳо барои ин офаридам, ки маро ибодат ва парастиш намоянд (зориёт, ояти 56) Ибни Аббос Аллоҳ аз ӯ розӣ бод дар тафсири ин оя гуфтааст: “яъне хоста ё нохоста ба бандагии ман пайравӣ кунанд”.2 Дар даврони мо бисёр аз касоне ки ҳеҷ баҳрае аз дунё ва охират надоранд, кушидаанд, то ин усул ва зерсохтҳои фикрӣ ва ақидатиро ошкор ё махфиёна, бо шубҳафканӣ ва равишҳои гуногун аз миён бибаранд. Дар ин миён фитнаҳо ба сони мавҷҳои пурталотум аз фирори якдигар боло мераванд ва бисёр аз касоне, ки ному расму илм ва донишро бо худ дастак мекунанд, ҷуз ба худ ва саломатии хештан намеандешанд ва аз баёни ҳақиқат дур мераванд. Дар ин шароити душвор ки хелеҳо ба хотири ҳифзи худ ва манофеъи хеш роҳи бехатарро баргузидаанд., касоне ҳам ёфт мешаванд, ки ба саломатии роҳ меандешанд на ба саломати худ ва манофеъи хеш. Ва ба ростӣ ба хотири вуҷуди чунин олимони баргузидае аст, ки дин ва ойин ёрӣ ва ҳифозат мешавад. Шариати илоҳӣ бартар аст ва аз ҳар осебе, ки сабаби аз байн рафтан аст, наҷот меёбад. Бад - ин ҳол касе ки сарват ва мақоми худро дар ҳоли хидмати дин ва ҳифзи ойини илоҳӣ қарор диҳад, Аллоҳи мутаъол ҷойгоҳ ва мавқеияташро ҳифз мекунад ва динашро барояш нигаҳ медорад, вале касе ки динашро дар хидмати қудрат ва сарват қарор диҳад, Аллоҳ қудрат ва сарваташро аз миён мебарад ва дине ҳам барои ин шахс боқӣ намегузорад. 1 Гурӯҳе ки даъвати ҳақро мепазиранд ва гурӯҳе ки онро инкор ва саркаширо дар пеш мегиранд. (мутарҷим) 2 Ибни Ҷарир дар тафсири худ инро ривоят кардааст.
  • 7. 7 Ин муқтазо ва мафҳуми сухани паёмбар (с) мебошад, ки фармудааст: “‫يحفظك‬ ‫هللا‬ ‫”احفظ‬ яъне: “шариати Аллоҳро пос бидор то Аллоҳ туро ҳифз кунад”. Ҳамон гуна ки гуфтаанд: “ҳар касе он диравад оқибати кор ки кишт”. Зеро ҳар амале пайомад ва натиҷае дархур ва шоистаашро ба дунбол дорад. Ва Аллоҳи мутаъол аст, ки тавфиқ медиҳад ва ӯ барои мо кофӣ ва беҳтарин корсоз аст. Шайх АбдулАзиз Турайфи. 4/3/1324 Риёз
  • 8. 8 Шарҳи шиканандаҳои Ислом Нависанда, Аллоҳ раҳматаш кунад, мегӯяд: “ба номи Аллоҳи бахшанда ва меҳрубон, биндон шиканандаҳои Ислом даҳ маврид аст”. Муаллиф ба пайравӣ аз Қуръони карим ва мутобиқи амалкарди паёмбар дар бисёре аз мавридҳо аз ҷумла номанигорӣ ва корҳои дигар китобашро бо “бисмилоҳир раҳмонир раҳим” оғоз кардааст. Дар ривояте омадааст, ки паёмбар (дуруду салом бар ӯ бод) дастур додааст, ки оғози ҳама кор бо “бисмиллаҳ” бошад. Гуфтанӣ аст: Ин ривоят субуте надорад. “Хатиб” дар “Ҷомеъ” – и худ ба нақл аз Мубашшир ибни Исмоил аз Авзоъӣ аз Заҳрӣ аз Абусалима аз Абуҳурайра ба сурати марфуъ ривоят кардааст: “ ‫ب‬ ‫فيه‬ ‫يبدا‬ ‫َّل‬ ‫بال‬ ‫ذي‬ ‫امر‬ ‫كل‬‫اقتع‬ ‫فهو‬ ‫الرحيم‬ ‫الرمن‬ ‫هللا‬ ‫بسم‬ ” яъне: “ҳар кори муҳиме ки бидуни бисмилоҳир раҳмони раҳим оғоз шавад, бурида аст (ва ба натиҷа намерасад)”. Ин хабари мункаре1 аст ва ҳофизони онро муаллал2 донистаанд. Саҳеҳ ин аст, ки ин ривоят мурсал ва бидуни лафзи “бисмилоҳир 1 Мункар дар истилоҳи ҳадис ба хабаре гуфта мешавад ки монанди ривояти “шоз” ровиаш бо ровиёни сиққа (муътабар) мухолифат карда бошад ва чунин ривояте пазируфта намешавад. Ҳамчунин агар ровӣ дорои адл ва забт набошад, ҳарчанд дар ривояташ бо ровиёни сиққа мухолифат накунад, боз ҳам ривояташ мункар ва ғайри қобили қабул аст. Лизо агар ровӣ одил, зобит ва ҳофиз ба танҳоӣ ривоят кунад ривояташ пазируфта мешавад ва ривояташ мункар нест. Гарчӣ ин луғат барои он ба кор равад. Хулоса ин ки хабари мункар дар мухолифат монанди хабари “шоз” аст, бо ин тафовут ки илова бар мухолифат дорои заиф аст. 2 Муаллал ҳадисе аст ки дар зоҳир ҳеҷ эроде надорад вале дар ҳақиқат иллати қодиҳаи пушидае дорад, яъне иллате ки дар сиҳаташ халал эҷод кунад. Ин иллат гоҳ дар санад ----- қарор додан ва гоҳ дар матн. Аз беҳтарин китобҳое ки дар замина ба нигориш даромадааст, метавон ба китоби “Ал - ъилал”, асари Алӣ ибни Мадинӣ, устоди Бухорӣ ишора кард. Абдураҳмон ибни Абиҳотам низ китобе ба ҳамин ном дорад. (мутарҷим)
  • 9. 9 раҳмонир раҳим” мебошад, ки албатта ин ривоят низ мункар аст ва муаллал ба ваҳми ровӣ Мубашшир ибни Исмол ки онро бо “бисмиллоҳ…) ривоят кардааст. Гуруҳе чун Валид ибни Муслим, Бақия, Хориҷа ибни Мусъаб, Шуайб ибни Исҳоқ, Муҳаммад ибни Касир, Маофӣ ибни Умрон ва Абдулқуддус ва дигарон ин ривоятро аз Авзоъӣ бо ин нақл кардаанд: .“ ‫بح‬ ‫فيه‬ ‫يبدا‬ ‫َّل‬ ‫بال‬ ‫ذي‬ ‫امر‬ ‫كل‬‫هللا‬ ‫مد‬ ” яъне: “ҳар коре ки муҳиме ки оғозаш бо ҳамд ва ситоиши Аллоҳ набошад, ноқис аст.” Касоне ки онро бо лафзи “бисмиллоҳ” зикр кардаанд, дучори ваҳм ва иштибоҳ шудаанд, монанди Зайлаъӣ, Ироқӣ, Суюутӣ ва …. ногуфта намонад, ки бархе аз мутааххирин дар ин бора саҳлангорӣ намуда ин ривоятро ҳасан донистаанд. Пас ба ин натиҷа мерасем, ки амр ба оғози корҳо бо “бисмиллоҳ” дар ривояти мазкур собит набуда ва он чӣ аз паёмбар (с) дар ин бора собит шуда ин аст, ки он бузургвор номаҳояш ва соири корҳоро бо “бисмилоҳир раҳмонир раҳим” оғоз мекард. Ҳамон гуна ки Бухорӣ ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Аббос аз Абусуфён нақл кардаанд, ки паёмбар дар номааш ба “Ҳирақл” чунин навишт: “Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Аз Муҳаммад, фиристодаи Аллоҳ ба Ҳирақл, бузурги Рум…”
  • 10. 10 Маънии калимаи навоқиз Навоқиз ҷамъи ноқис аст. Ва ноқис яъне нақскунанда ва нобудкунанда ки вақте бар чизе ориз шавад, онро нобуд ё хароб мегардонад. Ҳамчунон ки Аллоҳ азза ва ҷалл мефармояд: ﴿َ‫ك‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ن‬‫و‬ُ‫ك‬َ‫ت‬ َ‫َّل‬ َ‫و‬‫ٱ‬‫ي‬ِ‫ت‬‫ل‬ۢ‫ن‬ِ‫م‬ ‫ا‬َ‫ه‬َ‫ل‬ ۡ‫َز‬‫غ‬ ۡ‫ت‬َ‫ض‬َ‫ق‬َ‫ن‬‫ا‬ٗ‫ث‬ََٰ‫ك‬‫ن‬َ‫أ‬ ٍ‫ة‬‫و‬ُ‫ق‬ ِ‫د‬ۡ‫ع‬َ‫ب‬﴾:‫[النحل‬92] Монанди зане набошед, ки нахҳои тобидаашро пас тобидан муҳкам боз мекард. (наҳл, ояти 92) яъне ҳар чӣ ришта аст, аз миён мебарад. Масалан: гуфта мешавад: “навоқизи вузу”, яъне чизҳое ки вузуро ботил мекунад. Ва навоқизи ислом низ ба амалҳое гуфта мешавад, ки вақте мусалмоне онро анҷом диҳад, исломашро хароб ва нобуд мекунад, яъне аз доираи Ислом берун мешавад. Саъю кушиши олимон ба баёни ҳукми муртад (баргашта аз дин) Муаллиф дар ин китоб даҳ маврид аз шиканандаҳои исломро баршумурда аст. Ногуфта намонад, ки шиканандаҳои ислом беш аз инҳост. Ҳамон гуна ки олимон дар заминаи масъалаи иртидод (баргаштан аз дин) ва ҳукми муртад, навъҳои гуногуни хуруҷи мусалмон аз доираи исломро зикр кардаанд ки ба сабаби он ҷон ва моли муртад ҳалол мешавад. Бад – ин ҳол муаллиф раҳматуллоҳи алайҳ муҳимтарин ва роиҷтарин шиканандаи исломро ки мавриди иттифоқи уламост, зикр кардааст. Олимони ҳанафӣ, моликӣ, ҳанбалӣ ва шофеъӣ, бахше аз китобҳои фиқҳро ба баёни аҳкоми муртад ихтисос додаанд ва дар он суратҳои гуногуни куфр ва навъҳои эътиқодӣ, гуфторӣ ва кирдори он ки боиси
  • 11. 11 хуруҷи мусалмон аз доираи Ислом мешавад зикр кардаанд, ки метавонед барои тафсили бештар ба ин китобҳо муроҷиа кунед. Муфассалтарин китобҳое ки дар ин замина ба нигориш даромада, китобҳое аст, ки уламои ҳанафӣ навиштаанд ва навъҳо ва суратҳои гуногуни куфрро баршумурда ва тавзеҳ додаанд. Ин ҷост ки бояд бидонем вақте далелҳои мавҷуд нишонгари ин буд ки фалон амал ноқиси ислом аст, лозимааш ҳалол донистани он амал нест, яъне ин гуна нест, ки ҳар кас амали куфромезро ҳалол бидонад, кофир аст ва ҳар кас ҳалолаш надонад, кофир нест. Зеро вақте амале ноқиси Ислом буд, ҳамин ки касе онро анҷом диҳад, кофир мешавад. Мисли зино, шаробхорӣ, дуздӣ ва қатли ноҳақ ва монанди он шиканандаҳои ислом нест. Чун касе ки муртакиби амали ҳароме мешавад, аз ду ҳол хориҷ нест: Агар ба ҳалол будани он муътақид бошад, кофир аст ва агар ба рағми ин ки корҳои ҳаромро ҳалол намедонад, вале муртакиби амалҳои ҳаром мешавад, кофир нест. Ба иборати дигар ҳалол донистани корҳои ҳаром куфр аст, гарчӣ муртакиби ин корҳо нашавад. Анҷом додани шиканандаҳои ислом низ куфр аст, гарчӣ ба ҳалол будани ин навоқиз муътақид набошад, иртикоби гуноҳони кабира ҷуз ӯ ислом нест ва ҳалол донистани корҳои ҳаром, нақси ислом мешавад. Албатта ин ҳам дар ҳоли ҷаҳл будан аст ва итмоми ҳуҷҷат аст, ки ин ҷо маҷоли баррасии он нест.
  • 12. 12 Ноқизи аввал (ширк дар ибодати Аллоҳ) Аллоҳи мутаол мефармояд: ﴿‫ن‬ِ‫إ‬‫ٱ‬َ‫ّلل‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ َ‫ك‬ َ‫ر‬ ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ ُ‫ر‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬َ‫ي‬ َ‫َّل‬‫ۦ‬َ‫و‬َ‫ي‬ُُۚ‫ء‬ٓ‫ا‬َ‫ش‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬ِ‫ل‬ َ‫ِك‬‫ل‬ََٰ‫ذ‬ َ‫ُون‬‫د‬ ‫ا‬َ‫م‬ ُ‫ر‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬﴾[‫النساء‬:48] ҳамоно Аллоҳ инро ки ба ӯ ширк варзанд, намеомӯрзад ва ҷуз ширкро барои ҳар кас ки бихоҳад мебахшад. (нисо, ояти 48) Ва мегуяд: ﴿ُ‫ه‬‫ن‬ِ‫إ‬‫ۥ‬ِ‫ب‬ ۡ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َ‫م‬‫ر‬َ‫ح‬ ۡ‫د‬َ‫ق‬َ‫ف‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬َ‫ع‬ِ‫ه‬‫ٱ‬َ‫ة‬‫ن‬َ‫ج‬ۡ‫ل‬ُ‫ه‬َٰ‫ى‬ َ‫و‬ۡ‫أ‬َ‫م‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ار‬‫لن‬‫ار‬َ‫ص‬‫ن‬َ‫أ‬ ۡ‫ن‬ِ‫م‬ َ‫ين‬ِ‫م‬ِ‫ل‬ َٰ ‫لظ‬ِ‫ل‬ ‫ا‬َ‫م‬ َ‫و‬﴾ :‫[المائدة‬72] ба ростӣ ҳар кас ба Аллоҳ ширк варзад, Аллоҳ биҳиштро барои ӯ ҳаром намуда ва ҷойгоҳаш дузах аст ва ситамкорон ҳеҷ ёваре надоранд. (моида, ояти 72) Аз он ҷумла забҳ (қурбонӣ кардан) барои ғайри Аллоҳ мебошад, монанди касе ки барои ҷин ё қабр қурбонӣ мекунад.) Ширк бад-ин маъност, ки касе ё чизеро дар рубубият ва улуҳият шарики Аллоҳ қарор месозанд, ки ғолибан ширк дар улуҳият беш аз ширк дар рубубият аст. Ширк бузургтарин маъсият ва нофармонӣ аз Аллоҳ аст ва бештарин ҷурмро дар миёни шиканандаҳои ислом дорад. Аллоҳи мутаол ба равшанӣ баён фармуда, ки гуноҳи ширкро барои ҳеҷ мушрике намебахшад, магар ин ки тавба намояд. Чунонкӣ машҳур аст бархе аз амалҳои нек каффораи гуноҳи бузург маҳсуб мешавад, вале гуноҳи ширк ҳеҷ каффорае надорад ва танҳо омиле ки боиси бахшиши ин гуноҳ мегардад, ин аст ки мушрик аз ширки худ тавба кунад. Аз ин рӯ Аллоҳи мутаол мефармояд: ﴿‫ن‬ِ‫إ‬‫ٱ‬َ‫ّلل‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ َ‫ك‬ َ‫ر‬ ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ ُ‫ر‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬َ‫ي‬ َ‫َّل‬‫ۦ‬َ‫ي‬ َ‫و‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬ُُۚ‫ء‬ٓ‫ا‬َ‫ش‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬ِ‫ل‬ َ‫ِك‬‫ل‬ََٰ‫ذ‬ َ‫ُون‬‫د‬ ‫ا‬َ‫م‬ ُ‫ر‬﴾:‫[النساء‬48]
  • 13. 13 ҳамоно Аллоҳ инро ки ба ӯ ширк варзанд, намеомӯрзад ва ғайр аз ширкро барои ҳар ки бихоҳад мебахшад. (нисо, ояти 48) Ширк зулм ва гуноҳи бузурге аст, ки Аллоҳи мутаъол баён мекунад: ﴿‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬َ‫م‬‫ا‬َ‫ء‬ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ن‬ُ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ َ‫ِك‬‫ئ‬ ََٰٓ‫ل‬ ْ‫و‬ُ‫أ‬ ٍ‫م‬ۡ‫ل‬ُ‫ظ‬ِ‫ب‬ ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ن‬ ََٰ‫م‬‫ي‬ِ‫إ‬ ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫س‬ِ‫ب‬ۡ‫ل‬َ‫ي‬ ۡ‫م‬َ‫ل‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ن‬ ۡ‫م‬َ ۡ‫ۡل‬َ‫ُون‬‫د‬َ‫ت‬ ۡ‫ه‬ُّ‫م‬ ‫ُم‬‫ه‬ َ‫و‬﴾ :‫[اۡلنعام‬82] амният аз они касоне аст, ки имон оварданд ва имонашонро ба ширк наёмехтанд, онон ҳидоятёфтагонанд. (анъом, ояти 82) Аҳмад, Бухорӣ ва Муслим аз Сулаймон аз Иброҳим аз Алқама аз Абдуллоҳ ривоят кардаанд, ки вақте ин ояти 82 – и сураи анъом нозил шуд, мафҳуми ин оят барои саҳобагони паёмбар душвор буд. Аз ин рӯ гуфтанд: чӣ касе аз мо бар хештан ситам намекунад? Расули Аллоҳ фармуд: “он гуна ки шумо мепиндоред нест, балки мафҳумаш монанди сухани Луқмон ба фарзандаш: ﴿ِ‫ِل‬ ُ‫ن‬ ََٰ‫م‬ۡ‫ق‬ُ‫ل‬ َ‫ل‬‫ا‬َ‫ق‬ ۡ‫ذ‬ِ‫إ‬ َ‫و‬ِ‫ه‬ِ‫ن‬ۡ‫ب‬‫ۦ‬ُ‫ه‬ُ‫ظ‬ِ‫ع‬َ‫ي‬ َ‫ُو‬‫ه‬ َ‫و‬‫ۥ‬ِ‫ب‬ ۡ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ش‬ُ‫ت‬ َ‫َّل‬ ‫َي‬‫ن‬ُ‫ب‬ََٰ‫ي‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬‫ن‬ِ‫إ‬‫ٱ‬َ‫ك‬ ۡ‫ر‬ِ‫لش‬‫يم‬ِ‫ظ‬َ‫ع‬ ٌ‫م‬ۡ‫ل‬ُ‫ظ‬َ‫ل‬﴾:‫[لقمان‬13] “эй писарам! ба Аллоҳ ширк наварз, бегумон ширк ситами бузурге аст”. (Луқмон, ояти 13) Имом Аҳмад ва Бухорӣ ва Муслим аз Мансур аз Абувоил аз Умар бини Ширҳабил аз Абдуллоҳ ривоят кардаанд: “ ‫النبي‬ ‫سألت‬‫الذنب‬ ‫اي‬‫هللا‬ ‫عند‬ ‫اعظم‬ ‫هلل‬ ‫تجعل‬ ‫ان‬ ‫قال‬‫قلت‬ ،‫خلقك‬ ‫هو‬ ‫و‬ ‫ندا‬‫ذلك‬ ‫ان‬ :."‫لعظيم‬ ” яъне: “Абдуллоҳ ибни Масъуд мегуяд: аз паёмбар пурсидам: гуноҳи бузургтарин назди Аллоҳ чист? Фармуд: Ин ки касе ё чизеро бо Аллоҳ шарик қарор диҳӣ, ҳол он ки Аллоҳ туро офаридааст”. Абдуллоҳ (р) мегуяд: гуфтам: Ба ростӣ ин гуноҳи бузурге аст.
  • 14. 14 Чаро бузургтарин гуноҳ ва бадтарин зулм набошад дар ҳоле ки ширк баробар ва ҳамсон донистани махлуқ бо холиқи ҳастӣ? Ширк айби бузург ва накуҳида мебошад, ки Аллоҳи мутаол худро аз он пок ва дур донистааст. Аз ин рӯ, ҳар кас ба Аллоҳ ширк варзад, ба мухолифат бо ӯ бархоста ва костӣ ва айберо ба Аллоҳ нисбат дода ки шоистаи ӯ нест. Зеро Аллоҳи мутаол аз ҳар айб ва нақсе поку муназзаҳ аст. Аллоҳи азза ва ҷалл худ аз ҳол ва рӯзи мушрикон ва суханоне ки рӯзи қиёмат ба маъбудони ботил хеш мегуянд, хабар дода ва фармудааст: ﴿ۡ‫ُم‬‫ه‬ َ‫و‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ل‬‫ا‬َ‫ق‬ِ‫َص‬‫ت‬ ۡ‫خ‬َ‫ي‬ ‫ا‬َ‫ه‬‫ي‬ِ‫ف‬َ‫ون‬ُ‫م‬ َ‫ت‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬ٍ‫ين‬ِ‫ب‬ُّ‫م‬ ‫ل‬ََٰ‫ل‬َ‫ض‬ ‫ي‬ِ‫ف‬َ‫ل‬ ‫ا‬‫ن‬ُ‫ك‬ ‫ن‬ِ‫إ‬ ِ‫ب‬َ‫ر‬ِ‫ب‬ ‫م‬ُ‫ك‬‫ي‬ِ‫و‬َ‫س‬ُ‫ن‬ ۡ‫ذ‬ِ‫إ‬‫ٱ‬َ‫ين‬ِ‫م‬َ‫ل‬ََٰ‫ع‬ۡ‫ل‬﴾:‫[الشعراء‬96-98] дар дузах дар ҳоле ки бо ҳам хасм меварзанд, (ба маъбудони хеш) мегуянд: савганд ба Аллоҳ ки мо дар гумроҳии ошкоре будем, чун шуморо бо парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем. (шуъаро, ояти 96-98) Биҳишт бар мушрик ҳаром аст. Ҳамон гуна ки Аллоҳ мефармояд: ﴿ُ‫ه‬‫ن‬ِ‫إ‬‫ۥ‬ِ‫ب‬ ۡ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َ‫م‬‫ر‬َ‫ح‬ ۡ‫د‬َ‫ق‬َ‫ف‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬ِ‫ه‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬َ‫ع‬‫ٱ‬َ‫ة‬‫ن‬َ‫ج‬ۡ‫ل‬ُ‫ه‬َٰ‫ى‬ َ‫و‬ۡ‫أ‬َ‫م‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ار‬‫لن‬ۡ‫ن‬ِ‫م‬ َ‫ين‬ِ‫م‬ِ‫ل‬ َٰ ‫لظ‬ِ‫ل‬ ‫ا‬َ‫م‬ َ‫و‬‫ار‬َ‫ص‬‫ن‬َ‫أ‬﴾ :‫[المائدة‬72] Ба ростӣ ҳар кас ба Аллоҳ ширк варзад, Аллоҳ биҳиштро бар ӯ ҳаром намуда ва ҷойгоҳаш дузах аст ва ситамкорон ҳеҷ ёваре надоранд. (моида, ояти 72) Ҳамаи амалҳои мушрик табоҳ мегардад: ﴿َ‫ك‬ ‫ا‬‫م‬ ‫م‬ُ‫ه‬ۡ‫ن‬َ‫ع‬ َ‫ط‬ِ‫ب‬َ‫ح‬َ‫ل‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ك‬َ‫ر‬ ۡ‫ش‬َ‫أ‬ ۡ‫و‬َ‫ل‬ َ‫و‬َ‫ون‬ُ‫ل‬َ‫م‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ن‬‫ا‬﴾:‫[اۡلنعام‬88] Агар ба Аллоҳ ширк варзанд, аъмолашон нобуд мешавад. (анъом, ояти 88)
  • 15. 15 Ҳамчунин мефармояд: ﴿َ‫ك‬ُ‫ل‬َ‫م‬َ‫ع‬ ‫ن‬َ‫ط‬َ‫ب‬ ۡ‫ح‬َ‫ي‬َ‫ل‬ َ‫ت‬ۡ‫ك‬َ‫ر‬ۡ‫ش‬َ‫أ‬ ۡ‫ن‬ِ‫ئ‬َ‫ل‬﴾:‫[الزمر‬65] Агар ширк биварзӣ, ба таврӣ қатъ амалат нобуд ва табоҳ мешавад. (зумаро, ояти 65) Амал ки дар ин оят шомили ҳамаи амалҳои инсон мебошад. Яъне ҳамаи амалҳои солеҳ табоҳ мешавад ва чизе ҷуз ширки акбар наметавонад, ҳамаи аъмолро нобуд кунад. Ҷон ва моли мушрик ҳалол мебошад, ҷуз дар мавориде ки шариат истисно кардааст, монанди кофири зимӣ ва ҳампаймон1. Аллоҳ мефармояд: ﴿َ‫ف‬‫ٱ‬ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ل‬ُ‫ت‬ۡ‫ق‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ش‬ُ‫م‬ۡ‫ل‬َ‫و‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬‫و‬ُ‫ذ‬ُ‫خ‬ َ‫و‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬‫و‬ُ‫م‬ُّ‫ت‬‫د‬َ‫ج‬ َ‫و‬ ُ‫ث‬ۡ‫ي‬َ‫ح‬‫ٱ‬ۡ‫ُم‬‫ه‬‫و‬ُ‫ر‬ُ‫ص‬ ۡ‫ح‬َ‫و‬‫ٱ‬ْ‫ا‬‫ُو‬‫د‬ُ‫ع‬ۡ‫ق‬‫د‬َ‫ص‬ ۡ‫ر‬َ‫م‬ ‫ل‬ُ‫ك‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ل‬﴾:‫[التوبة‬5] Пас мушриконро ҳар ҷо ки ёфтед, бикушед ва ононро ба асорат бигиред ва муҳосира намоед ва дар камингоҳ ба каминашон биншинед. (тавба, ояти 5) 1 Зимӣ ба кофире гуфта мешавад ки дар қаламрави ҳукумати исломӣ зиндагӣ мекунад ва дар қиболи вазоифе ки дорад аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ бархудор аст. Ҳампаймон кофире аст ки аз хориҷ аз қаламрави ҳукумати исломӣ зиндагӣ мекунад ва бо мусулмонон ҳампаймон аст ва дар ҷанг нест. (мутарҷим)
  • 16. 16 Ширк ба Аллоҳ бар ду навъ аст: - ширки акбар - ширки асғар Навъи аввал яъне ширки акбар инсонро аз доираи Ислом берун мекунад ва касе ки дорои чунин ширк мешавад, агар аз ширки худ тавба накунад ва дар ҳоли ширк бимирад, ҳамеша ва ҷовид дар оташи дузах хоҳад монд. Ширки акбар ин аст, ки инсон яке аз навъҳои ибодатҳоро барои ғайри Холиқ анҷом медиҳад. Монанди қурбонӣ кардан ба ғайри Аллоҳ, барои қабрҳо ва алиё ва бандагони солеҳи Аллоҳ ё барои ҷинҳо ва шаётин. Фарқ намекунад, ки ин корро аз рӯи рағбат ва алоқа ба онон анҷом диҳад ё аз тарс ва хавфи онҳо мабодо осеб ё зиёне ба ӯ бирасонанд! Монанди бисёре аз мардум ки дар ин даврон барои дафъи зарар ё ҷалби манфиат дар мавориде ки фақат аз Аллоҳи мутаъол сохта аст, ба ғайри ӯ умед мебанданд ва канори қубури солеҳон қурбонӣ мекунанд! Аллоҳ мефармояд: ﴿ُ‫ب‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬ َ‫و‬ِ‫ُون‬‫د‬ ‫ن‬ِ‫م‬ َ‫ُون‬‫د‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َ‫د‬‫ن‬ِ‫ع‬ ‫َا‬‫ن‬ُ‫ؤ‬ََٰٓ‫ع‬َ‫ف‬ُ‫ش‬ ِ‫ء‬ٓ َ‫َُّل‬‫ؤ‬ََٰٓ‫ه‬ َ‫ون‬ُ‫ل‬‫و‬ُ‫ق‬َ‫ي‬ َ‫و‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬ُ‫ع‬َ‫ف‬‫ن‬َ‫ي‬ َ‫َّل‬ َ‫و‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬ُّ‫ر‬ُ‫ض‬َ‫ي‬ َ‫َّل‬ ‫ا‬َ‫م‬‫ٱ‬ُِۚ‫ّلل‬ِ‫َب‬‫ن‬ُ‫ت‬َ‫أ‬ ۡ‫ل‬ُ‫ق‬َ‫ون‬‫ٱ‬َ‫ّلل‬ ‫ي‬ِ‫ف‬ ُ‫م‬َ‫ل‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬ َ‫َّل‬ ‫ا‬َ‫م‬ِ‫ب‬‫ٱ‬ِ‫ت‬ ََٰ‫و‬ ََٰ‫م‬‫لس‬‫ي‬ِ‫ف‬ َ‫َّل‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُِۚ‫ض‬ ۡ‫ر‬َ ۡ‫ۡل‬ُ‫ه‬َ‫ن‬ ََٰ‫ح‬ۡ‫ب‬ُ‫س‬‫ۥ‬َ‫ون‬ُ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ا‬‫م‬َ‫ع‬ َٰ‫ى‬َ‫ل‬ََٰ‫ع‬َ‫ت‬ َ‫و‬﴾:‫[يونس‬18] Ва ҷуз Аллоҳ чизҳоеро мепарастанд, ки на зиёне ба онон мерасонанд ва на суде. Ва мегуянд: “инҳо шафеони мо назди Аллоҳ ҳастанд”. Бигу: Оё ба гумони худ Аллоҳро (аз вуҷуди шафеоне) огоҳ месозед ки ӯ дар осмонҳо ва замин суроғ надорад?! Аллоҳ аз ширке ки ба ӯ меварзанд, пок ва бартар аст. (юнус, ояти 18) Ширк баробар донистани махлуқ бо холиқ аст. Ҳамон гуна ки Аллоҳи мутаол аз хусумати мушрикон дар дӯзах бо якдигар хабар дода ва фармудааст:
  • 17. 17 ﴿َ‫ون‬ُ‫م‬ ِ‫َص‬‫ت‬ ۡ‫خ‬َ‫ي‬ ‫ا‬َ‫ه‬‫ي‬ِ‫ف‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬ َ‫و‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ل‬‫ا‬َ‫ق‬ َ‫ت‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬ٍ‫ين‬ِ‫ب‬ُّ‫م‬ ‫ل‬ََٰ‫ل‬َ‫ض‬ ‫ي‬ِ‫ف‬َ‫ل‬ ‫ا‬‫ن‬ُ‫ك‬ ‫ن‬ِ‫إ‬ ِ‫ب‬َ‫ر‬ِ‫ب‬ ‫م‬ُ‫ك‬‫ي‬ِ‫و‬َ‫س‬ُ‫ن‬ ۡ‫ذ‬ِ‫إ‬‫ٱ‬َ‫ين‬ِ‫م‬َ‫ل‬ََٰ‫ع‬ۡ‫ل‬﴾:‫[الشعراء‬96-98] дар дузах дар ҳоле ки бо ҳам хасм доранд, (ба маъбудони хеш) мегуянд: савганд ба Аллоҳ ки мо дар гумроҳии ошкоре будем, чун шуморо бо парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем. (шуъаро, ояти 96-98) Лизо ширк баробар донистани махлуқ бо холиқ дар таъзим ва муҳаббате аст, ки рӯҳи ибодат ва дарунмояи бандагӣ аст.
  • 18. 18 Ширки акбар бар чаҳор навъ аст: Аввал: ширк дар дуо Ширк дар дуо ин аст, ки ғайри Аллоҳро монанди Аллоҳ бихонад, фарқ намекунад ки дуо дуои масъалат (дархост) бошад ё дуои ибодат. Лизо ҳар кас ки махлуқеро монанди Аллоҳ бихонад ба Аллоҳ ширк варзидааст. Аллоҳи мутаъол дар бораи ин навъ ширк мефармояд: ﴿‫ي‬ِ‫ف‬ ْ‫ا‬‫ُو‬‫ب‬ِ‫ك‬َ‫ر‬ ‫ا‬َ‫ذ‬ِ‫إ‬َ‫ف‬‫ٱ‬ِ‫ك‬ۡ‫ل‬ُ‫ف‬ۡ‫ل‬ْ‫ا‬ ُ‫و‬َ‫ع‬َ‫د‬‫ٱ‬َ‫ّلل‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ َ‫ين‬ ِ‫ص‬ِ‫ل‬ ۡ‫خ‬ُ‫م‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫لد‬‫ى‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬َٰ‫ى‬‫َج‬‫ن‬ ‫ا‬‫م‬َ‫ل‬َ‫ف‬‫ٱ‬ِ‫ر‬َ‫ب‬ۡ‫ل‬َ‫ون‬ُ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ُش‬‫ي‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬ ‫ا‬َ‫ذ‬ِ‫إ‬﴾ :‫[العنكبوت‬65] Пас ҳангоме ки савори киштӣ мешаванд, Аллоҳро холисона ва мухлисона ба дуо мехонанд ва чун онҳоро ба хушкӣ (мерасонад) наҷот медиҳад, он ҳангом аст, ки ширк меварзанд (анкабут, ояти 65) Касе ки манзураш аз дуо касби манфиат ё дафъи зарар бошад, дуояш дуои дархост (масъалат) аст. Ва касе ки қасдаш хузӯъ ё фурӯтанӣ ё хоксорӣ дар баробари Аллоҳ бошад, дуояш дуои ибодат аст. Дар ҳар ду навъ дуо, чӣ дуои ибодат ва чӣ дуои дархост, ҷоиз нест ки таваҷҷуҳи дуокунанда ба сӯи ғайри Аллоҳ бошад. Дуо яке аз бузургтарин ва бартарин аъмол аст, ки мояи тақарруб ва наздикӣ ба Аллоҳ мебошад. Ҳамон гуна ки Аллоҳ мефармояд: ﴿َ‫ة‬ َ‫و‬ ۡ‫ع‬َ‫د‬ ُ‫يب‬ ِ‫ج‬ُ‫أ‬ ٌ‫يب‬ ِ‫ر‬َ‫ق‬ ‫ي‬ِ‫ن‬ِ‫إ‬َ‫ف‬ ‫ي‬ِ‫ن‬َ‫ع‬ ‫ِي‬‫د‬‫ا‬َ‫ب‬ِ‫ع‬ َ‫ك‬َ‫ل‬َ‫أ‬َ‫س‬ ‫ا‬َ‫ذ‬ِ‫إ‬ َ‫و‬‫ٱ‬‫لد‬ِ‫اع‬ِ‫ان‬َ‫ع‬َ‫د‬ ‫ا‬َ‫ذ‬ِ‫إ‬﴾:‫[البقرة‬186] Ва чун бандагонам аз ту дар бораи ман мепурсанд. (бидонанд, ки) ман наздикам ва дархости дуокунандаро бад-он гоҳ ки маро мехонад, иҷобат мекунам. (Бақара, ояти 186) Ҳамчунин ба бандагонаш дастур додааст, ки ӯро бихонанд ва дархости худро назди ӯ бибаранд:
  • 19. 19 ﴿ُ‫م‬ُ‫ك‬ُّ‫ب‬ َ‫ر‬ َ‫ل‬‫ا‬َ‫ق‬ َ‫و‬‫ٱ‬ٓ‫ي‬ِ‫ن‬‫و‬ُ‫ع‬ ۡ‫د‬‫ن‬ِ‫إ‬ ُۚۡ‫م‬ُ‫ك‬َ‫ل‬ ۡ‫ب‬ ِ‫َج‬‫ت‬ۡ‫س‬َ‫أ‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬َ‫ين‬ ِ‫ر‬ ِ‫اخ‬َ‫د‬ َ‫م‬‫ن‬َ‫ه‬َ‫ج‬ َ‫ون‬ُ‫ل‬ُ‫خ‬ ۡ‫د‬َ‫ي‬َ‫س‬ ‫ي‬ِ‫ت‬َ‫د‬‫ا‬َ‫ب‬ِ‫ع‬ ۡ‫ن‬َ‫ع‬ َ‫ون‬ُ‫ر‬ِ‫ب‬ ۡ‫َك‬‫ت‬ ۡ‫س‬َ‫ي‬﴾ :‫[غافر‬60] Ва парвардигоратон фармуд: маро бихонед то дуои шуморо бипазирам. Бешак онон ки аз ибодати ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ хор ва сарафканда вориди дузах хоҳанд шуд. (Ғофир, ояти 60) Имом Аҳмад ва соҳибони “Сунан” аз Зар аз Юсаъ аз Нуъмон ибни Башир ривоят кардаанд, ки паёмбар фармуд: “Дуо ҳамон ибодат аст. Ва сипас ин оятро хонд: ﴿‫ٱ‬ٓ‫ي‬ِ‫ن‬‫و‬ُ‫ع‬ ۡ‫د‬‫ن‬ِ‫إ‬ ُۚۡ‫م‬ُ‫ك‬َ‫ل‬ ۡ‫ب‬ ِ‫َج‬‫ت‬ۡ‫س‬َ‫أ‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬‫ي‬ِ‫ت‬َ‫د‬‫ا‬َ‫ب‬ِ‫ع‬ ۡ‫ن‬َ‫ع‬ َ‫ون‬ُ‫ر‬ِ‫ب‬ ۡ‫َك‬‫ت‬ۡ‫س‬َ‫ي‬﴾:‫[غافر‬60] … маро бихонед то дуои шуморо бипазирам. Бешак онон ки аз ибодати ман саркашӣ мекунанд… (Ғофир, ояти 60) Аз ин рӯ ҳар кас аз ғайри Аллоҳ чизе бихоҳад ки фақат дар густураи қудрати Аллоҳ аст, мушрик мебошад. Ба иборати дигар касе ки махлуқро мехонад ва аз ӯ чизе мехоҳад, ки фақат аз Аллоҳи мутаол сохта аст, мушрик аст. Ҳамон гуна ки Аллоҳ мефармояд: ﴿َ‫ع‬َ‫م‬ ُ‫ع‬ ۡ‫د‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬ َ‫و‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ َ‫ن‬ََٰ‫ه‬ ۡ‫ُر‬‫ب‬ َ‫َّل‬ َ‫َر‬‫خ‬‫ا‬َ‫ء‬ ‫ا‬ً‫ه‬ََٰ‫ل‬ِ‫إ‬‫ۥ‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬‫ۦ‬ُ‫ه‬ُ‫ب‬‫ا‬َ‫س‬ ِ‫ح‬ ‫ا‬َ‫م‬‫ن‬ِ‫إ‬َ‫ف‬‫ۥ‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ َ‫ر‬ َ‫د‬‫ن‬ِ‫ع‬ُۚٓ‫ۦ‬ُ‫ه‬‫ن‬ِ‫إ‬‫ۥ‬ُ‫ح‬ِ‫ل‬ۡ‫ُف‬‫ي‬ َ‫َّل‬‫ٱ‬َ‫ون‬ُ‫ر‬ِ‫ف‬ََٰ‫ك‬ۡ‫ل‬﴾ :‫[المؤمنون‬117] Ҳар кас маъбуди дигареро бо Аллоҳ бихонад, ки ҳеҷ далел ва бурҳоне бар ҳаққонияти он надорад, ҷуз ин нест ки ҳисобаш назди парвардигори уст. Бегумон кофирон растагор намешаванд. (Мӯъминон, ояти 117) Дуввум: ширки ният (ширки ирода ва қасд) Ин навъи ширк ширке аст, ки асли қасд ва иродаи инсон аз амале ки анҷом медиҳад, ғайри Аллоҳ мебошад. Яъне ҳамаи аъмолашро барои
  • 20. 20 ғайри Аллоҳ анҷом медиҳад. Аллоҳи мутаол дар ин навъи ширк мефармояд: ﴿ُ‫د‬‫ي‬ ِ‫ُر‬‫ي‬ َ‫ان‬َ‫ك‬ ‫ن‬َ‫م‬‫ٱ‬َ‫ة‬ َٰ‫و‬َ‫ي‬َ‫ح‬ۡ‫ل‬‫ٱ‬‫ا‬َ‫ي‬ۡ‫ُّن‬‫د‬‫ل‬َ‫و‬ ‫ا‬َ‫ه‬‫ي‬ِ‫ف‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ ََٰ‫م‬ۡ‫ع‬َ‫أ‬ ۡ‫م‬ِ‫ه‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ ِ‫ف‬ َ‫و‬ُ‫ن‬ ‫ا‬َ‫ه‬َ‫ت‬َ‫ن‬‫ي‬ ِ‫ز‬ َ‫و‬َ‫ون‬ُ‫س‬َ‫خ‬ۡ‫ُب‬‫ي‬ َ‫َّل‬ ‫ا‬َ‫ه‬‫ي‬ِ‫ف‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬ َ‫ِك‬‫ئ‬ ََٰٓ‫ل‬ ْ‫و‬ُ‫أ‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬‫ي‬ِ‫ف‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ َ‫س‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬‫ٱ‬ِ‫ة‬َ‫ر‬ ِ‫خ‬ٓ ۡ‫ۡل‬‫َّل‬ِ‫إ‬‫ٱ‬ُ‫ار‬‫لن‬َ‫ون‬ُ‫ل‬َ‫م‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ن‬‫ا‬َ‫ك‬ ‫ا‬‫م‬ ‫ل‬ِ‫ط‬ََٰ‫ب‬ َ‫و‬ ‫ا‬َ‫ه‬‫ي‬ِ‫ف‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ع‬َ‫ن‬َ‫ص‬ ‫ا‬َ‫م‬ َ‫ط‬ِ‫ب‬َ‫ح‬ َ‫و‬﴾ :‫[هود‬15-16] Касоне ки хоҳони зиндаги дунё ва зевару зинаташ ҳастанд, натиҷаи аъмолашро ба таври комил дар дунё ба онон медиҳем ва дар он ҳеҷ каму костӣ нахоҳад дид. Чунин касоне дар охират баҳрае ҷуз оташ надоранд ва дастовардҳояшон дар он ҷо бар бод меравад ва аъмолаш нобуд мешавад. (Ҳуд, ояти 15-16) Бинобар ин қуръони карим ширк ва куфрро асоситарин омили нобуд шудани аъмол ва барбод рафтани корҳои инсон баршумурда аст. Аз ин рӯ ҳар кас танҳо ҳадафаш аз амал дунё бошад, Аллоҳ ӯро дар дунё ба хостаҳояш мерасонад ва он чӣ аз дунё мехоҳад ба ӯ медиҳад. Вале амалаш назди Аллоҳ барбод меравад ва дар охират чизе ҷуз оташ насибаш намешавад. Ногуфта намонад, ки вуруд ё вуҷуди бархе аз ниятҳои бад дар ният ё қасди банда дар порае аз аъмолаш ҷуз ӯ ширки асғар ба шумор меояд, ки инсонро аз Ислом хориҷ намекунад. Албатта аз аҷр ва подоши ӯ мекоҳад ва гоҳ амали ӯро ба куллӣ табоҳ мегардонад, бе он ки ӯро аз доираи Ислом берун намояд.
  • 21. 21 Севум: ширки итоат (ширки ҳукм, ташреъ, таҳокум)1 Ширки итоат ба маънои баробар донистани ғайри Аллоҳ бо Аллоҳ дар ташреъ ва ҳукм кардан аст. Ташреъ (ҳукм кардан) ҳақе аст, ки Аллоҳи мутаол онро вижаи худ карор додааст. Хамон гуна ки мефармояд: ﴿ِ‫ن‬ِ‫إ‬‫ٱ‬ُ‫م‬ۡ‫ك‬ُ‫ح‬ۡ‫ل‬ِ ِ‫ّلل‬ ‫َّل‬ِ‫إ‬﴾:‫[يوسف‬40] Ҳукм кардан (ташреъ ва фармонравоӣ) танҳо аз они Аллоҳ аст. (Юсуф, ояти 40) Аллоҳи мутаол дар бораи ин навъи ширк мефармояд: ﴿َ‫ن‬ِ‫م‬ ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ع‬َ‫َر‬‫ش‬ ْ‫ا‬ُ‫ؤ‬ََٰٓ‫ك‬َ‫ر‬ُ‫ش‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ل‬ ۡ‫م‬َ‫أ‬‫ٱ‬ِ‫ِين‬‫لد‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ ۢ‫ن‬َ‫ذ‬ۡ‫أ‬َ‫ي‬ ۡ‫م‬َ‫ل‬ ‫ا‬َ‫م‬‫ٱ‬ُُۚ‫ّلل‬﴾:‫[الشورى‬21] Оё маъбудоне доранд, ки барои онон дин ва ойине сохтаанд, ки Аллоҳ ба онон фармон надодааст? (Шуро, ояти 21) Ҳар кас бовар дошта бошад, ки ё иддо кунад, ки касе ҷуз Аллоҳ масалан яке аз уламо ё ҳокимон ҳаққи ташреъ дорад, дар ҳаққе ки вижаи Аллоҳи мутаъол мебошад, ба ӯ ширк оварда ва ба он чӣ аз сӯи Аллоҳ нозил шуда, куфр варзидааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: ﴿‫ٱ‬ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫ذ‬َ‫خ‬‫ت‬ۡ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ن‬ََٰ‫ب‬ۡ‫ه‬ُ‫ر‬ َ‫و‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬َ‫ار‬َ‫ب‬ ۡ‫ح‬َ‫أ‬ِ‫ُون‬‫د‬ ‫ن‬ِ‫م‬ ‫ا‬ٗ‫اب‬َ‫ب‬ ۡ‫ر‬َ‫أ‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َ‫و‬‫ٱ‬َ‫ح‬‫ي‬ِ‫س‬َ‫م‬ۡ‫ل‬‫ٱ‬َ‫ن‬ۡ‫ب‬‫ا‬ ٗ‫ه‬ََٰ‫ل‬ِ‫إ‬ ْ‫ا‬ ٓ‫ُو‬‫د‬ُ‫ب‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬ِ‫ل‬ ‫َّل‬ِ‫إ‬ ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫ر‬ِ‫م‬ُ‫أ‬ ٓ‫ا‬َ‫م‬ َ‫و‬ َ‫م‬َ‫ي‬ ۡ‫ر‬َ‫م‬ ُ‫ه‬َ‫ن‬ ََٰ‫ح‬ۡ‫ب‬ُ‫س‬ َُۚ‫ُو‬‫ه‬ ‫َّل‬ِ‫إ‬ َ‫ه‬ََٰ‫ل‬ِ‫إ‬ ٓ‫َّل‬ ‫ا‬ ٗ‫د‬ ِ‫ح‬ ََٰ‫و‬‫ۥ‬َ‫ون‬ُ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ا‬‫م‬َ‫ع‬﴾:‫[التوبة‬31] Аҳли китоб донишмандон ва роҳибонашон ва Масеҳ писари Марямро ба ҷои Аллоҳ ба худоӣ гирифтанд. Ҳол он ки танҳо дастур доштанд, ки ягона маъбуди барҳақро ибодат намоянд ва ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ӯ вуҷуд надорад. Аллоҳ аз он чӣ ба ӯ ширк меварзанд, пок ва муназзаҳ аст. (Тавба, ояти 31) 1 Ширки ҳукм ба ғайри Аллоҳ ҳукм намудан. Ширки ташреъ мухолифи қонуни Аллоҳ конуне ва ҳукме баровардан. Ширки таҳокум – муроҷиат намудан ба маҳкамаҳои тоғутӣ. Мутарҷим
  • 22. 22 Дар маъно ва тафсири ин оят, Тирмизӣ, Ибни Ҷарир ва Табаронӣ ва дигарон аз Абдусалом ибни Ҳарб аз Ғатиф ибни Аъюн аз Мусъаб ибни Саъд аз Ъадӣ ибни Ҳотам ривоят кардаанд, ки вай (Ъадӣ ибни Ҳотам) мегуяд: назди паёмбар омадам ва дидам, ки ин оятро мехонд, фармуд: “онҳо донишмандон ва роҳибонашонро ибодат намекарданд, балки ҳар чӣ инҳо барояшон ҳалол қарор медоданд, онҳо низ онро ҳалол мепиндоштанд ва он чӣ ки уламояшон ҳаром мегуфтанд, эшон ҳам онро ҳаром қаламдод мекарданд”. Ин ҳадисро Доруқутнӣ ва бархе дигар аз ҳофизон заиф донистаанд. Тирмизӣ дар бораи “Ғатиф” гуфта аст: дар ривоят ҳадис маъруф нест. Ибни Ҷарир дар тафсираш аз тариқи Абулбахтарӣ аз Ҳузайфа дар бораи ин оят ривоят кардааст: “онон, олимон ва роҳибонашонро намепарастиданд, балки дар заминаи гуноҳон аз онҳо итоат мекарданд”. Ва аз ҳамин тариқ ривоят кардааст: “онҳо донишмандон ва роҳибонашонро ибодат намекарданд, балкӣ ҳар чӣ уламо барояшон ҳалол қарор медоданд, онҳо низ онро ҳалол мепиндоштанд ва он чӣ уламо ҳаром мегуфтанд, эшон ҳам онро ҳаром қаламдод мекарданд”. Ногуфта намонад, ки шунидани ҳадис ё Самоъи Абулбахтарӣ, Саъид ибни Фируз аз Ҳузайфа собит нест. Аллоҳи мутаол мефармояд: ﴿‫ى‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ َ‫َر‬‫ت‬ ۡ‫م‬َ‫ل‬َ‫أ‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬ۡ‫ب‬َ‫ق‬ ‫ن‬ِ‫م‬ َ‫ل‬ ِ‫نز‬ُ‫أ‬ ٓ‫ا‬َ‫م‬ َ‫و‬ َ‫ك‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ َ‫ل‬ ِ‫نز‬ُ‫أ‬ ٓ‫ا‬َ‫م‬ِ‫ب‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ن‬َ‫م‬‫ا‬َ‫ء‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬‫ن‬َ‫أ‬ َ‫ون‬ُ‫م‬ُ‫ع‬ ۡ‫ز‬َ‫ي‬ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫م‬َ‫ك‬‫ا‬َ‫ح‬َ‫ت‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ َ‫ُون‬‫د‬‫ي‬ ِ‫ُر‬‫ي‬ َ‫ِك‬‫ل‬ ‫ى‬َ‫ل‬ِ‫إ‬‫ٱ‬ِ‫ت‬‫و‬ُ‫غ‬ َٰ ‫لط‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ر‬ُ‫ف‬ۡ‫ك‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫ر‬ِ‫م‬ُ‫أ‬ ۡ‫د‬َ‫ق‬ َ‫و‬‫ۦ‬ُ‫د‬‫ي‬ ِ‫ُر‬‫ي‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ن‬ََٰ‫ط‬ۡ‫ي‬‫لش‬َۢ‫َل‬ََٰ‫ل‬َ‫ض‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬‫ل‬ ِ‫ُض‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬‫ًا‬‫د‬‫ي‬ِ‫ع‬َ‫ب‬﴾:‫[النساء‬60]
  • 23. 23 Магар намебинӣ касонеро ки гумон мебаранд ба он чӣ бар ту ва пеш аз ту нозил шуда, имон овардаанд ва ҳол мехоҳанд тоғут – ғайри Аллоҳро довар қарор диҳанд. Ҳол он ки дастур ёфтаанд ба тоғут кофир шаванд? Шайтон мехоҳад ононро ба гумроҳии дури дучор намояд. (Нисоъ, ояти 60) Тоғут чист ва ба чӣ касе тоғут гуфта мешавад? Дар ин оят Аллоҳ касонеро ки мутобиқи аҳкоми илоҳӣ ҳукм намекунанд, тоғут номидааст. Яъне тоғут ба касе гуфта мешавад, ки бар хилофи аҳкоми нозилшуда аз сӯи Аллоҳ ҳукм менамояд. Пас тоғут касе аст, ки ҳалоли Аллоҳро ҳаром ва ҳаромашро ҳалол мегардонад. Касе ки аз тоғут итоат мекунад аз ду ҳолат хориҷ нест: Аввал: дар ин ҳолат, медонад ки тоғут ё афроде ки аз онон итоат менамояд, ҳукми Аллоҳро тағйир дода бо паёмбарон мухолифат кардаанд. Бад-ин сабаб ба пайравӣ аз он ҳалоли Аллоҳро ҳаром ва ҳаромашро ҳалол медонад. Ин ҳолат куфре аст, ки бандаро аз доираи Ислом берун мекунад. Дуввум: ба рағми пайравӣ аз тоғут ё касоне ки ҳалол ва ҳаромро тағйир медиҳанд, ба ҳалол ва ҳаром эътиқод дорад ва фақат аз рӯи ҳавову ҳавас аз қонунҳои мухолиф бо аҳкоми илоҳӣ итоат мекунад. Монанди бисёре аз фосиқон ва мунҳарифон ки вақте ки шаробхорӣ, рибо ва дигар корҳои ғайри шаръӣ озод мешавад аз рӯи ҳавасронӣ ба шаробхорӣ ва тамаъи мол ва сарват ба рибохорӣ рӯй меоваранд ва дар айни ҳол қабул доранд, ки муртакиби ҳаром мешаванд, ҳукми инҳо монанди умуми гунаҳкорон аст ва аз доираи Ислом хориҷ нестанд. Ҳамон тавр ки вазъияти бисёре аз мусалмонони имрӯзӣ ин гуна аст. Гоҳ олиме ки илмаш суде ба ҳолаш надошта аст. Муртакиби ин навъ ширк яъне ширки итоат мешавад ва ба пайравӣ аз майлу хостаи нафси
  • 24. 24 хеш ба тамаъ мансаб, мақом ё қудрат ва сарват дар мухолифат бо ҳалол ва ҳароми илоҳӣ аз ҳоким ё фармонраво ва амсоли он итоат мекунад. Шайхул - ислом ибни Таймия раҳматуллоҳ гуфтааст: ҳар гоҳ олиме омӯхтаҳои худ аз китоби Аллоҳ ва суннати паёмбар тарк намояд ва аз ҳукми ҳокиме пайравӣ намояд, ки ҳукмаш мухолифи ҳукми Аллоҳ ва паёмбари ӯст, муртад ва кофир ба шумор меравад ва сазовори муҷозоти дунё ва охират аст. Аллоҳи мутаол мефармояд: ِ‫م‬ ‫ج‬َ‫ر‬َ‫ح‬ َ‫ك‬ ِ‫ر‬ ۡ‫د‬َ‫ص‬ ‫ي‬ِ‫ف‬ ‫ن‬ُ‫ك‬َ‫ي‬ َ‫َل‬َ‫ف‬ َ‫ك‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ َ‫ل‬ ِ‫نز‬ُ‫أ‬ ٌ‫ب‬ََٰ‫ت‬ِ‫ك‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ َ‫ِر‬‫ذ‬‫ن‬ُ‫ت‬ِ‫ل‬ ُ‫ه‬ۡ‫ن‬‫ۦ‬َ‫ِين‬‫ن‬ِ‫م‬ ۡ‫ؤ‬ُ‫م‬ۡ‫ل‬ِ‫ل‬ َٰ‫ى‬َ‫ر‬ ۡ‫ِك‬‫ذ‬ َ‫و‬ . ٓ‫ص‬ٓ‫م‬ٓ‫ل‬‫ا‬ ﴿ ‫ٱ‬ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ع‬ِ‫ب‬‫ت‬ِ‫ه‬ِ‫ن‬‫ُو‬‫د‬ ‫ن‬ِ‫م‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ع‬ِ‫ب‬‫َت‬‫ت‬ َ‫َّل‬ َ‫و‬ ۡ‫م‬ُ‫ك‬ِ‫ب‬‫ر‬ ‫ن‬ِ‫م‬ ‫م‬ُ‫ك‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ َ‫ل‬ ِ‫نز‬ُ‫أ‬ ٓ‫ا‬َ‫م‬ٓ‫ۦ‬َ‫ون‬ُ‫ر‬‫ك‬َ‫ذ‬َ‫ت‬ ‫ا‬‫م‬ ٗ‫يَل‬ِ‫ل‬َ‫ق‬ ََۗ‫ء‬ٓ‫ا‬َ‫ي‬ِ‫ل‬ ۡ‫و‬َ‫أ‬﴾:‫[اۡلعراف‬1-3] Алиф, лом, мим, сод. (Ин) китобе аст, ки бар ту нозил шудааст ва набояд дар синааст барои (таблиғ) он тангӣ ва фишоре бошад то ба василаи он (ба мардум) ҳушдор диҳӣ ва мояи панди муъминон бошад. Аз оёте ки аз ҷониби парвардигоратон ба шумо нозил шуда пайравӣ кунед ва аз дӯстони (ботил) ва ёрони аз ғайри ӯ пайравӣ накунед, чӣ андак панд мегиред! (аъроф, ояти 1 - 3) Агар олиме катак бихурад, шиканҷа ва зиндонӣ шавад ва ба шеваҳои гуногун ӯро биёзоранд то омӯхтаҳои худ аз шариати Аллоҳ ва паёмбарашро ки итоаташ воҷиб аст, раҳо намояд. Бояд сабр кунад ва агар ҳукми ғайри Аллоҳро бипазирад ва итоат намояд, сазовори азоби илоҳӣ мегардад. Аз ин ҳол бар ӯ воҷиб аст, ки дар роҳи Аллоҳ ранҷ ва машаққатро таҳаммул кунад ва сабру шикебоӣ пеша созад. Зеро ин суннат ва қонуни Аллоҳ, дар бораи паёмбарон ва пайравони онҳост. Чунон ки мефармояд: َ‫ب‬ِ‫س‬َ‫ح‬َ‫أ‬‫ٱ‬ُ‫اس‬‫لن‬ٓ‫و‬ُ‫ك‬َ‫ر‬ۡ‫ت‬ُ‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬َ‫ون‬ُ‫ن‬َ‫ت‬ۡ‫ُف‬‫ي‬ َ‫َّل‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬ َ‫و‬ ‫ا‬‫ن‬َ‫م‬‫ا‬َ‫ء‬ ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫ل‬‫و‬ُ‫ق‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ ْ‫ا‬ . ﴿ٓ‫م‬ٓ‫ل‬‫ا‬ ‫ا‬‫َن‬‫ت‬َ‫ف‬ ۡ‫د‬َ‫ق‬َ‫ل‬ َ‫و‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬‫ن‬َ‫م‬َ‫ل‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬َ‫ل‬َ‫ف‬ ۡ‫م‬ِ‫ه‬ِ‫ل‬ۡ‫ب‬َ‫ق‬ ‫ن‬ِ‫م‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬‫ن‬َ‫م‬َ‫ل‬ۡ‫ع‬َ‫ي‬َ‫ل‬ َ‫و‬ ْ‫ا‬‫و‬ُ‫ق‬َ‫د‬َ‫ص‬‫ٱ‬ََٰ‫ك‬ۡ‫ل‬‫ي‬ِ‫ب‬ِ‫ذ‬َ‫ن‬﴾:‫[العنكبوت‬1-3]
  • 25. 25 Алиф, лом, мим. Оё мардум мепиндоранд ҳамин ки гуфтанд: “имон овардем” раҳо мегарданд ва озмоиш намешаванд? Ба ростӣ касонеро ки пеш аз онон буданд, озмудем ва баври қатъ Аллоҳ ростгӯён ва дурӯғгуёнро мушаххас мекунад. (поёни сухани шайхулислом)1. Чаҳорум: ширки муҳаббат Ширки муҳаббат ин аст, ки касе дар муҳаббаташ бо Аллоҳ каси дигарро ҳам дӯст бидорад, яъне касе ё чизеро ҷуз Аллоҳ ҳамонанди ӯ бештар аз ӯ дӯст дошта бошад, Аллоҳи мутаол вазъияти мушриконро дар ин бора баён намуда ва фармудааст: ﴿َ‫ن‬ِ‫م‬ َ‫و‬‫ٱ‬ِ‫اس‬‫لن‬ِ‫ُون‬‫د‬ ‫ن‬ِ‫م‬ ُ‫ذ‬ ِ‫خ‬‫ت‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬ِ‫ب‬ُ‫ح‬َ‫ك‬ ۡ‫م‬ُ‫ه‬َ‫ن‬‫ُّو‬‫ب‬ ِ‫ُح‬‫ي‬ ‫ا‬ ٗ‫اد‬َ‫د‬‫ن‬َ‫أ‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َ‫و‬‫ٱ‬َ‫ِين‬‫ذ‬‫ل‬َِۗ ِ‫ّلل‬ ‫ا‬ٗ‫ب‬ُ‫ح‬ ُّ‫د‬َ‫ش‬َ‫أ‬ ْ‫ا‬ ٓ‫و‬ُ‫ن‬َ‫م‬‫ا‬َ‫ء‬﴾ :‫[البقرة‬165] Баъзе аз мардум, маъбудоне ғайр аз Аллоҳ бармегузинанд ки онҳоро ҳамонанди Аллоҳ дӯст бидоранд. Вале муъминон Аллоҳро бештар дӯст доранд. (бақара, ояти 165) Мебинем, ки Аллоҳи мутаол дар ин оят аз маъбудони ботиле сухан гуфтааст, ки мушрикон онҳоро ба андозаи Аллоҳ ва ҳатто бештар аз ӯ дӯст доранд, яъне ҳар кас бо ё ҳар чизе ки инсон ба андозаи Аллоҳ ё беш аз ӯ дӯсташ дошта бошад, дар воқеъ ба Аллоҳ ширк овардааст. Ба иборати дигар касе ки дар муҳаббати Аллоҳ махлуқеро ҳамтои ӯ қарор медиҳад, мушрик аст. Ҳатто гоҳ ин махлуқро беш аз Аллоҳ дӯст медорад. Аз ин рӯ мизони муҳаббати мушрикон ба маъбудони ботилашон гуногун аст ва муҳаббати муъминон ба Аллоҳ беш аз муҳаббати мушрикон ба Аллоҳ ва маъбудони ботили худ доранд. 1 Маҷмуъ-ул-фатово, 35/372 - 373
  • 26. 26 Дар “Муснад” ва “Саҳеҳайн” аз Анас (р) ривоят шудааст, ки паёмбар (с) фармуд: “ҳеҷ кадом аз шумо имон намеоварад то ин ки маро аз падару модар ва фарзандонаш ва соири мардум (ва дигар азизонаш) бештар дӯст дошта бошад”. Мебинем, ки дар ин ҳадис аз касе ки ғайри Аллоҳро беш аз паёмбар дӯст дорад, инкори имон шудааст. Пас касе ки ғайри Аллоҳро беш аз Аллоҳ дӯст дорад, чӣ вазъе дорад? Ҳақиқати муҳаббат ин аст, ки инсон илова бар муҳаббат бар маҳбубаш, он чиро ки маҳбубаш дӯст дорад, дӯст дошта бошад ва аз он чӣ маҳбубаш аз он танаффур дорад, мутанаффир бошад. Аз ин рӯ мебинем, ки мушрикон маъбудони худро – аз ҳар навъе ки бошанд, монанди буд, қабр, зареҳ … дӯст доранд ва бо кучактарин иҳонате ба маъбудашон сахт асабонӣ ва барошуфта мешаванд. Ба гунае ки ҳатто барои Аллоҳ ҳам ин ҳам хашм намегиранд! Ва барои онон шод ва хушҳол мешаванд бештар аз худашон барои Аллоҳ. Ва ҳама инҳо нишонаи ин аст, ки онон муҳаббаташон ба ғайри Аллоҳ қавитар ва шадидтар аз муҳаббаташон нисбат ба Аллоҳ аст. Муқтазои муҳббат ин аст, ки дӯстдор бо маҳбуби худ мухолифат накунад, Лизо ба таносуби мухолифате ки маҳбубаш мекунад, аз мизони муҳаббаташ ба ӯ коста мешавад. Аллоҳи мутаол мефармояд: ﴿َ‫ُّون‬‫ب‬ ِ‫ح‬ُ‫ت‬ ۡ‫م‬ُ‫ت‬‫ن‬ُ‫ك‬ ‫ن‬ِ‫إ‬ ۡ‫ل‬ُ‫ق‬‫ٱ‬َ‫ّلل‬َ‫ف‬‫ٱ‬‫ي‬ِ‫ن‬‫و‬ُ‫ع‬ِ‫ب‬‫ت‬ُ‫م‬ُ‫ك‬ۡ‫ب‬ِ‫ب‬ ۡ‫ُح‬‫ي‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬َ‫و‬ ُۚۡ‫م‬ُ‫ك‬َ‫ب‬‫و‬ُ‫ن‬ُ‫ذ‬ ۡ‫م‬ُ‫ك‬َ‫ل‬ ۡ‫ر‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬َ‫ي‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬‫يم‬ ِ‫ح‬‫ر‬ ‫ور‬ُ‫ف‬َ‫غ‬﴾ :‫عمران‬ ‫[آل‬31] Бигӯ: агар Аллоҳро дӯст доред, аз ман пайравӣ кунед, то Аллоҳ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳоятонро бибахшад. (оли имрон, ояти 31)
  • 27. 27 Намудҳои муҳаббат ва ҳукми ҳар кадом: Ибни Қайим дар бораи анвоъи муҳаббат гуфтааст: “Чаҳор навъи муҳаббат вуҷуд дорад ки бояд тафовуташро донист ва миёни онҳо фарқ гузошт. Касе ки дар миёни навъҳои муҳаббат фарқ намегузорад, ба гумроҳӣ ва каҷравӣ дучор мешавад. Аввал: муҳаббати Аллоҳ мебошад. Ин муҳаббат ба танҳоӣ барои наҷоти банда аз азоби илоҳӣ ва бархурдорӣ аз аҷру подош кофӣ нест. Зеро мушрикон ва яҳуд ва насоро низ Аллоҳро дӯст доранд. Дуввум: муҳаббати он чӣ ки Аллоҳ дӯст дорад. Ин ҳамон муҳаббатест, ки вуруди банда ба Ислом ё хуруҷаш аз дин ба он бастагӣ дорад ва маҳбубтарин банда назди Аллоҳ касоне ҳастанд, ки ин навъи муҳаббат дар онҳо қавитар аст. Севум: муҳаббат барои Аллоҳ ва ба хотири Аллоҳ ки дар ҳақиқат лозимаи муҳаббат бо чизҳое аст, ки Аллоҳ дӯст медорад ва муҳаббати навъи дуюм, яъне муҳаббати он чӣ ки Аллоҳ дӯст дорад, танҳо бо муҳаббат барои Аллоҳ ва ба хотири Аллоҳ таҳаққуқ меёбад. Чаҳорум: муҳаббати ширкомезе аст, ки банда чизе ё касеро бо Аллоҳ дӯст бидорад. Лизо ҳар кас чизе ё касеро бо Аллоҳ дӯст бидорад, на ба хотири Аллоҳ ё барои ӯ чунин касе маъбуде ҷуз Аллоҳ баргузида ва ин муҳаббати мушрикон аст. Яъне муҳаббате ки мушрикон нисбат ба маъбудони ботили худ доранд”.1 Ибни Қайим ҳамчунин дар китоби “Ал-руҳ” менависад: “тафовути муҳаббати навъи сеюм бо чаҳорум дар ин аст, ки муҳаббат барои Аллоҳ 1 Ал – ҷавоб -ул – кофӣ, ибни Қайим, ҷ. 1, саҳ. 134.
  • 28. 28 аз камоли имон аст, вале навъи чаҳорум муҳаббати айни ширк мебошад. Ин як тафовути асосӣ аст, ки ҳар кас муҳтоҷ ва балки ногузир ба донистани он аст”.1 Яке аз намунаҳои ширки акбар ки муаллиф раҳматуллоҳи алайҳ зикр кардааст, забҳ ё қурбонӣ барои ғайри Аллоҳ мебошад. Қурбонӣ яке аз бузургтарин ибодатҳост. Аз ин рӯ воҷиб аст, ки ин ибодат ба сурати ноб ва холисона танҳо барои Аллоҳ азза ва ҷалл анҷом шавад ва аз ҳар гуна ширк пок бошад. Аллоҳи мутаол мефармояд: ﴿َ‫و‬ َ‫ك‬ِ‫ب‬َ‫ر‬ِ‫ل‬ ِ‫ل‬َ‫ص‬َ‫ف‬‫ٱ‬ۡ‫ر‬َ‫ح‬ۡ‫ن‬﴾:‫[الكوثر‬2] Пас барои парвардигорат намоз бигузор ва (шутур) қурбонӣ кун. (кавсар, ояти 2) Ва мефармояд: ﴿ۡ‫ل‬ُ‫ق‬‫ن‬ِ‫إ‬ِ‫ب‬ َ‫ر‬ ِ ِ‫ّلل‬ ‫ي‬ِ‫ت‬‫ا‬َ‫م‬َ‫م‬ َ‫و‬ َ‫اي‬َ‫ي‬ ۡ‫ح‬َ‫م‬ َ‫و‬ ‫ي‬ِ‫ك‬ُ‫س‬ُ‫ن‬ َ‫و‬ ‫ي‬ِ‫ت‬ َ‫َل‬َ‫ص‬‫ٱ‬َ‫ين‬ِ‫م‬َ‫ل‬ََٰ‫ع‬ۡ‫ل‬﴾:‫[اۡلنعام‬162] бигӯ: ҳамоно намоз, қурбонӣ ва зиндагиву маргам аз они Аллоҳ, парвардигори ҷаҳониён аст. (анъом, ояти 162) Ҳар кас барои ғайри Аллоҳ қурбонӣ кунад, ин ибодатро ки вижаи Аллоҳи мутаол мебошад, барои ғайри Аллоҳ анҷом додааст ва ба Аллоҳ ширк варзидааст ӯ аз мусалмонон нест. Бинобар ин қурбонӣ кардан барои ғайри Аллоҳ масалан барои бут, ё ҷин, ё қабр, ё каъба, ё дарахт, ё санг ва амсоли он ширк ва куфр ба Аллоҳи бузург аст ва ин қурбонӣ яъне гӯшти он ҳаром мебошад. Фарқ намекунад, ки мусалмоне онро сар бурида бошад ё як яҳудӣ ё насронӣ. Касе ки пеш аз қурбонӣ кардан барои ғайри Аллоҳ мусалмон будааст, ҳамин ки ин амалро анҷом дод, аз доираи Ислом хориҷ мешавад ва 1 Ал – руҳ, ибни Қайим, ҷ. 1, саҳ. 254
  • 29. 29 кофир ба шумор меравад. Зеро яке аз бузургтарин ибодатҳоро ки вижаи Аллоҳи мутаол мебошад, барои ғайри Аллоҳ анҷом дода ва монанди касе аст, ки барои ғайри Аллоҳ саҷда мекунад. Ширк қисмҳо ва намунаҳои гуногун дорад. Монанди хостан ё фарёдхоҳӣ аз ғайри Аллоҳ дар корҳо ё мавориде ки фақат дар густураи қудрати Аллоҳ мебошад. Лизо агар касе аз мурдагон ё солеҳон даргузашта ва амсоли онон кумак ё мадад бихоҳад ва аз онҳо дархост кунад ки ниёзҳо ва хостаҳояшро бароварда намоянд ё мушкилоташро бартараф кунанд, ба Аллоҳ ширк варзидааст. Ҳамчунин назр барои ғайри Аллоҳ ширк ба ҳисоб меояд.Онҳо ки дар сарзаминҳои исломӣ барои ғайри Аллоҳ монанди фалон шайх ва фалон пир ё фалон дарахт ва фалон санг назр мекунанд дар ҳақиқат ба Аллоҳ ширк меварзанд ва аз доираи Ислом берун мешаванд, гарчӣ худро мусалмон бипиндоранд ва муътақид бошанд, ки мусалмон ҳастанд. Ин амале аст, ки кофирони қурайш ба касрат анҷом медоданд ва иддао мекарданд, ки ин амалро барои наздикӣ ба Аллоҳ анҷом медиҳанд. Ҳамон гуна ки Аллоҳи мутаол мефармояд: ﴿‫ى‬َ‫ل‬ِ‫إ‬ ٓ‫ا‬َ‫ن‬‫ُو‬‫ب‬ ِ‫ر‬َ‫ق‬ُ‫ي‬ِ‫ل‬ ‫َّل‬ِ‫إ‬ ۡ‫ُم‬‫ه‬ُ‫د‬ُ‫ب‬ۡ‫َع‬‫ن‬ ‫ا‬َ‫م‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َٰٓ‫ى‬َ‫ف‬ۡ‫ل‬ُ‫ز‬﴾:‫[الزمر‬3] (Мегуянд): мо ононро ибодат ва парастиш намекунем магар барои он ки (воситаи мо бошанд ва) моро ба Аллоҳ наздик кунанд. (зумар, ояти 3) Вале кумак хостан аз мардум дар корҳо ё мавридҳое ки дар тавони онҳост, ширк маҳсуб намешавад. Шайхул ислом ибни Таймия сухане бад-ин мазмун дорад, ки гуфта аст: “ва аммо кӯмак хостан аз мардум дар мавориде ки дар тавони инсонҳои зинда аст, ҷоиз мебошад, фарқ
  • 30. 30 намекунад, ки ин кор ёрӣ хостан номида шавадё паноҳ бурдан ва амсоли он”. Навъи дувум: ширки асғар Ба ҳар амале ки дар шариат ширк номида шуда бошад вале ба мартабаи ширки акбар нарасида бошад, ширки асғар гуфта мешавад. Ва гарчӣ анҷом додани ширки асғар соҳибони онро аз ислом хориҷ намегардонад вале дар тавҳиди шахс халал ва нақс эҷод мекунад ва замина ё муқаддимаи ширки акбар аст. Ибни Қайим раҳматуллоҳ дар китобаш “Эълом – ул мувақиин” гуноҳи ширки асғарро фаротар ва бузургтар аз гуноҳони кабира донистааст ва бинобар дидгоҳи саҳеҳ ширки асғар низ дар мафҳуми ин оят меғунҷад: ﴿‫ن‬ِ‫إ‬‫ٱ‬َ‫ّلل‬ِ‫ه‬ِ‫ب‬ َ‫ك‬ َ‫ر‬ ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ ُ‫ر‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬َ‫ي‬ َ‫َّل‬‫ۦ‬ُ‫ء‬ٓ‫ا‬َ‫ش‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬ِ‫ل‬ َ‫ِك‬‫ل‬ََٰ‫ذ‬ َ‫ُون‬‫د‬ ‫ا‬َ‫م‬ ُ‫ر‬ِ‫ف‬ۡ‫غ‬َ‫ي‬ َ‫و‬﴾:‫[النساء‬48] Ҳамоно Аллоҳ инро ки ба ӯ ширк варзанд, намеомӯрзад ва (ҳар гуноҳе) ҷуз ширкро барои ҳар ки бихоҳад, мебахшад. (нисо, ояти 48) Зеро ин оят ом ва фаротар аст. Оё ширки асғар дар охират бахшида хоҳад шуд? Ибни Таймия раҳматуллоҳ мегуяд: “гуфта мешавад: ба муқтазои мафҳумҳои қуръонӣ ҳеҷ ширке чӣ кучак ва чӣ бузург бахшида нахоҳад шуд. Гарчӣ касе ки муртакиби ширки асғар гардад, мусалмон аз дунё биравад, вале ширкаш бахшида намешавад ва ба хотири он муҷозот хоҳад шуд ва саранҷом ба биҳишт хоҳад рафт”. Аллома Абдураҳмони Саъдӣ раҳматуллоҳ дар бораи ояти 48 – и сураи нисо мегуяд: “касоне ки ин ояро ом ва фарогир медонанд, бар ин
  • 31. 31 боваранд ки ширки асғар низ дар ин мафҳуми ин оя мегунҷад, яъне ширки асғар, бахшида намешавад ва касе ки муртакиби ширки асғар гардад, муҷозот хоҳад шуд. Зеро равшан аст ки агар касе омӯрзида нашавад, муҷозот мегардад. Албатта касоне ки чунин дидгоҳе доранд, касеро ки муртакиби ширки асғар мешавад, кофир намедонанд ва ба ин бовар нестанд, ки ҳамеша дар дузах хоҳанд монд. Инҳо бар ин боваранд ки чунин шахсе мутаносиб бо ширки худ азоб мешавад ва саранҷом ба биҳишт меравад. Аммо касоне ки ширки асғарро дар ширки мазкур дар ин оят ҷой намедиҳанд ва муътақиданд ки Аллоҳ ширки асғарро барои ҳамеша мебахшад. Ба ояи 25 – и сураи “моида” истидлол кардаанд ки Аллоҳи азза ва ҷалл мефармояд: ﴿ُ‫ه‬‫ن‬ِ‫إ‬‫ۥ‬ِ‫ب‬ ۡ‫ك‬ ِ‫ر‬ۡ‫ُش‬‫ي‬ ‫ن‬َ‫م‬‫ٱ‬ِ‫ّلل‬َ‫م‬‫ر‬َ‫ح‬ ۡ‫د‬َ‫ق‬َ‫ف‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬ِ‫ه‬ۡ‫ي‬َ‫ل‬َ‫ع‬‫ٱ‬‫ن‬َ‫ج‬ۡ‫ل‬َ‫ة‬ُ‫ه‬َٰ‫ى‬ َ‫و‬ۡ‫أ‬َ‫م‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ار‬‫لن‬﴾:‫[المائدة‬72] Ба ростӣ ҳар кас ба Аллоҳ ширк варзад, Аллоҳ биҳиштро бар ӯ ҳаром намуда ва ҷойгоҳаш дузах аст. (моида, ояти 72) Инҳо мегуянд: ҳамон гуна ки аимма иттифоқи назар доранд ки ширки асғар дар ин оя – ояти 72 – и сураи моида намегунҷад пас дар ояи 65 – сураи “Зумар” низ дахле надорад. Он ҷо ки Аллоҳи азза ва ҷалл мефармояд: ﴿َ‫ك‬ُ‫ل‬َ‫م‬َ‫ع‬ ‫ن‬َ‫ط‬َ‫ب‬ ۡ‫ح‬َ‫ي‬َ‫ل‬ َ‫ت‬ۡ‫ك‬َ‫ر‬ۡ‫ش‬َ‫أ‬ ۡ‫ن‬ِ‫ئ‬َ‫ل‬﴾:‫[الزمر‬65] Агар ширк биварзӣ, ба таври қатъ амалат нобуд ва табоҳ мешавад. (зумар, ояти 65) Вожаи “амал” дар ин оя муфради музоф аст ва шомили ҳамаи амалҳо мешавад ва чизе ҷуз ширки акбар ҳамаи амалҳои инсонро нобуд намекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ё арзёбӣ фақат дар миёни некиҳо ва бадиҳое аст, ки аз ширки акбар пойинтаранд. Ин дидгоҳ тақвият мебахшад. Зеро ширки акбар бо ҳеҷ
  • 32. 32 чизи дигаре қобили муқоиса нест ва бо вуҷуди ширки акбар ҳеҷ амале ки судманд бошад, боқӣ намемонад” (поёни сухани Саъдӣ) Чигунагии шинохти ширки асғар: Ширки асғар бино бар омӯзаҳо ва мутуни дини нишонаҳо ва далоиле дорад ки шинохти он барои мо осон мекунад. Ҳамон гуна ки дар порае аз мутуни динӣ аз бархе аз корҳои ҳаром ба унвони “ширки асғар” ёд шудааст. Чунонкӣ дар “Муснад” аз Язид ибни Ҳод аз Умар аз Маҳмуд ибни Лабид ривоят аст ки паёмбар фармуд: “ ‫إن‬‫أخوف‬‫الشرك‬ ‫عليكم‬ ‫أخاف‬ ‫ما‬ ‫”اۡلصغر‬ яъне: “яке аз бузургтарин нигарониҳои ман барои шумо ширки асғар аст” Ба иборати дигар аз ин метарсам ки гирифтори ширки асғар шавед. Пурсиданд: эй расули Худо! Ширки асғар чист? Фармуд: “риё”. Намунаи дигаре ки метавонем бо он ширки асғарро бишиносем, ин аст ки вожаи “ширк” дар матнҳои динӣ ба сурати накира ё бидуни “алиф” ва “лом” ки ҳарфҳои муаррифа ҳастанд, зикр шуда бошад. Монанди ҳадисе ки имом Аҳмад дар “Муснад” – и худ ва Абудовуд, Тирмизӣ ва Ибни Моҷа аз тариқи Салам ибни Каҳил аз Исо ибни Юнус аз Зар ибни Ҳабиш аз Абдуллоҳ ибни Масъуд нақл кардаанд, ки паёмбар (с) се бор фармуд: “‫بالتوكل‬ ‫يذهبه‬ ‫هللا‬ ‫ولكن‬ ‫منا‬ ‫ما‬ ‫و‬ ،‫شرك‬ ‫”الطيرة‬1 яъне: “бадшугуни ширк аст”. 1 Тияра. Гарчӣ дар ин ҷо ба маънои бадшугунӣ ё фоли бад мебошад вале дар асл навъе фолгирӣ дар даврони ҷоҳилият буд. Бад – ин сон ки паррандагонро ба парвоз дармеоварданд. Агар паррандагон ба самти рост парвоз мекарданд, онро фоли нек мегирифтанд ва сафар ё корҳои дигарро ки пештар барномарезӣ карда ё тасмим гирифта буданд, оғоз мекарданд. Ва агар паррандагон ба самти чап мепариданд, аз тасмими худ бозмеомаданд. Хатобӣ мегуяд: Муҳаммад ибни Исмоил, яъне Бухорӣ гуфтааст: Сулаймон ибни Ҳарб иборати “‫بالتوكل‬ ‫يذةبة‬ ‫ولكن‬ ‫اَّل‬ ‫منا‬ ‫ما‬ ‫”و‬ – ро сухани ибни Масъуд (р) медонист. Тирмизӣ ҳам аз Бухорӣ аз Сулаймон ибни Ҳарб, ҳаминро нақл карда ва Мунзирӣ низ сухани Бухориро таъйид кардааст. (мутарҷим)
  • 33. 33 Ибни Масъуд дар идома афзуд: “ҳеҷ кас аз мо нест, ки фоли бад назада бошад вале Аллоҳ ин ҳолатро бо таваккал аз миён мебарад”. Ба ҳар хол ин ҷо ки аз вожаи “ширк” дар ин ривоят ба сурати накира омадааст, пас манзур ширки асғар аст. Ва аз дигар нишонаҳои ширки асғар ин аст ки саҳоба аз он ба унвони ширки асғар ёд карда бошанд, яъне ширке ки бандаро аз доираи ислом ихроҷ намекунад. Равиши дигар барои бозшиносии ширки асғар, ҷамъбандӣ ва арзёбии мутун ва додаҳои динӣ аст. Намудҳои ширки асғар: Аввал: ширки зоҳир (намоён) Ширке аст ки дар гуфтор ва кирдор намоён мешавад, ки аз он ба ширки гуфторӣ (лафзӣ) ва амалӣ ёд мекунем. Ширки лафзӣ монанди савганд ба номи ғайри Аллоҳ. Чунон кӣ Аҳмад, Абудовуд, Тирмизӣ ва дигарон аз Саъд ибни Убайда ривоят кардаанд: ибни Умар (р) аз марде шунид ки мегуфт: “савганд ба Каъба …”. Ибни Умар ба ӯ фармуд: аз расули Аллоҳ (с) шунидам, ки фармуд: “‫اشرك‬ ‫فقد‬ ‫هللا‬ ‫بغير‬ ‫خلف‬ ‫”من‬ “ҳар касе ба ғайри Аллоҳ савганд ёд кунад, ширк варзида аст”. Ва аммо намунаи дигар аз ширки лафзӣ гуфтани ин иборат аст: “он чӣ Аллоҳ ва ту бихоҳед”. Зеро имом Аҳмад, ибни Моҷа ва Насоӣ дар “Ал-кубро” аз Язид ибни Асам ривоят кардаанд ки: ибни Аббос гуяд: марде назди паёмбар омад ва зимни сухан гуфтан бо эшон гуфт: “он чӣ Аллоҳ бихоҳад ва он чӣ шумо бихоҳед”. Паёмбар фармуд: “ ‫ويلك‬‫وهللا‬ ‫اجعلتني‬
  • 34. 34 :‫قل‬ ،‫عدَّل‬"‫وحده‬ ‫هللا‬ ‫شاء‬ ‫ما‬ ” яъне: “вой бар ту! оё маро ҳамтои Аллоҳ қарор медиҳӣ? бигӯ: он чӣ Аллоҳи якто бихоҳад”. Лизо дуруст ин аст, ки гуфта шавад: “он чӣ Аллоҳи якто бихоҳад” ё “он чӣ Аллоҳ бихоҳад, сипас он чӣ шумо бихоҳед ё майли шумо бошад”. Ҳамчунин “агар иродаи Аллоҳ сипас фалонӣ набуд” яъне дар иборате ки ба кор мебарем, хостаи махлуқ тобеи иродаи илоҳӣ бошад, на ин ки хостаи махлуқ бо иродаи холиқ зикр шавад, чунон ки Аллоҳи мутаол мефармояд: ﴿َ‫ء‬ٓ‫ا‬َ‫ش‬َ‫ي‬ ‫ن‬َ‫أ‬ ٓ‫َّل‬ِ‫إ‬ َ‫ون‬ُ‫ء‬ٓ‫ا‬َ‫ش‬َ‫ت‬ ‫ا‬َ‫م‬ َ‫و‬‫ٱ‬ُ‫ّلل‬ُّ‫ب‬َ‫ر‬‫ٱ‬َ‫ين‬ِ‫م‬َ‫ل‬ََٰ‫ع‬ۡ‫ل‬﴾:‫[التكوير‬29] Ва шумо (паймудани роҳи мустақим ё ҳар чизи дигареро) намехоҳед магар он ки Аллоҳ, парвардигори ҷаҳониён бихоҳад ва ирода кунад. (таквир, ояти 29) Дар ин маврид асл бар ин аст, ки ширки асғар аст. Вале гоҳ бар асоси қасд ва иродаи гуяндааш ба ширки акбар меанҷомад. Яъне агар қасди гуянда ин бошад, ки махлуқеро ба сони Аллоҳ таъзим кунад, муртакиби ширки акбар шудааст. Ва аммо ширки амалӣ монанди пушидани ҳалқа ё дастовез ё гарданбанд ва амсоли он ба қасди дафъи бало ва низ овехтани муҳра ва таъвиз барои дафъи захми чашм. Зеро Аҳмад аз Духин аз Ақаба ба сурати марфуъ ривоят кардааст: “ҳар кас барои дафъи захми чашм, чизе (чун муҳра ё таъвиз ба гардан ё дасти худ) бибандад, ширк варзидааст”. Масъала: агар касе чунин чизҳоеро сабаби дафъи бало бидонад, муртакиби ширки асғар шудааст, аммо эътиқод ба ин ки чунин чизҳое (муҳра, таъвиз ва амсоли он) худ балогардон ҳастанд ва дафъи бало мекунанд, ин ширки акбар аст.
  • 35. 35 Дувум: ширки хафӣ (пинҳон) ва хатароти он Ширке аст, ки қасди ирода ё нияти банда вуҷуд дорад. Монанди риё ва қасди худнамоӣ ба дигарон. Мисли касе ки ибодате чун намоз ё қироати қуръонро ба хубӣ ё беҳтар анҷом медиҳад то дигарон аз ӯ таъриф ва тамҷид кунанд! Соҳиби “Муснад” аз Язид ибни Ҳод аз Умар аз Маҳмуд ибни Лабид (р) ривоят кардааст: расули Аллоҳ (с) фармуд: “ ‫أخاف‬ ‫ما‬ ‫اخوف‬ ‫إن‬‫اۡلصغر‬ ‫الشرك‬ ‫عليكم‬ ” “яке аз бузургтарин нигарониҳои ман барои шумо ширки асғар аст”. Ба иборати дигар аз ин метарсам, ки гирифтори ширки асғар шавед. Пурсиданд: эй расули Аллоҳ! Ширки асғар чист? Фармуд: “риё”. Камтар касе аз ин навъи ширк наҷот меёбад. Ибни Қайим раҳматуллоҳи алайҳ гуфтааст: “ин навъи ширк дарёи пурталотуме аст, ки соҳил надорад ва камтар касе аз он раҳо меёбад. Лизо касе ки амалаш, чизе ҷуз ризояти Аллоҳро талаб кунад ва қасдаш чизе ҷуз наздикӣ ҷустан ба Аллоҳ ё бархурдорӣ аз подоши илоҳӣ бошад, дар қасд ва нияти худ ба Аллоҳ ширк овардааст”. Яке аз орифон1 дар ин бора гуфтааст: “риё аз зиёнбортарин авомили дарунӣ ва нафсонии ҳалокат аст ки комилан пушида мебошад ва уламо, обидон ва касоне ки остини ҳиммат барои паймудани роҳи охират боло задаанд ба ин балои бузург дучор мешаванд. Зеро ҳарчанд бар хостаҳо ва амёли нафсонии хеш чира мешаванд ва нафсро аз шаҳватҳо ва майлҳои нодуруст бозмедоранд ва онро дар баробари шубаҳаҳо ҳифозат мекунанд ва дар 1 Хонандаи гиромӣ таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки манзур аз ориф касе аст ки дар чорчуби додаҳои шариат яъне омӯзаҳои китоб ва суннат остини ҳиммат барои ибодати Аллоҳи азза ва ҷалл боло мезанад. На касе ки дар ӯ ибодатҳои аҷибу ғарибе мебинем ки на бо шариат созгор аст ва на ба ақли солим. (мутарҷим)