SlideShare a Scribd company logo
1 of 11
ГУРӮҲИ ОФИЯТБАХШИИ
ҶАБРДИДАГОНИ ҲОЛАТҲОИ ШИКАНҶА
ВА/Ё АЪЗОИ ОИЛАҲОИ ОНҲОИ
ЭЪТИЛОФИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ БАР
ЗИДДИ ШИКАНҶА ВА БЕҶАЗОӢ ДАР
ТОҶИСТОН
ДАР БОРАИ ГУРӮҲ
Гурӯҳ мутобиқи Қоида ва принсипҳои иштирок дар Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар
зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо мақсади зерин таъсис дода шудааст:
ба ҳадди имкон пешниҳод намудани кӯмаку дастгирӣ ба ҷабрдидагони ҳолатҳои
шиканҷа/аъзои оилаҳои онҳо дар барқарор кардани мустақилият ва қобилияти
ҷисмонӣ, рӯҳӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, аз ҷумла ҳамгироии пурраи иҷтимоии онҳо ва
иштирок дар ҳаёти ҷомеа.
Дар гурӯҳи офиятбахшӣ мутахассисони соҳибтаҷриба кор мекунанд: кормандони
иҷтимоӣ, равоншиносон ва духтурон.
Вазифаҳо
• мусоидат кардан дар анҷом додани муоинаи тиббӣ ва расонидани ёрии таъҷилӣ;
• таҳияи барномаҳои инфиродӣ ҷиҳати анҷом додани офиятбахшии тиббӣ ва равонӣ-
иҷтимоии сатҳи касбӣ;
• мусоидат кардан дар расонидани ёрии тиббии амбулаторӣ ва статсионарӣ ва анҷом
додани табобати шахсони мавриди шиканҷа қароргирифта ва/ё аъзои оилаҳои онҳо;
• таҳияи қоида ва шартҳои ҳамкорӣ бо мутахассисоне, ки хизматрасонии офиятбахшии
ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳоро таъмин менамоянд;
• ҳамоҳангсозии корҳои вобаста ба пешбарӣ намудани таъсиси механизмҳои
самараноки офиятбахшии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо бо
мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассиса ва марказҳои тиббии равонӣ (псилологӣ).
Намудҳои фаъолият
Кӯмаки иҷтимоӣ, ки кори инфиродӣ бо ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои
оилаҳои онҳо, инчунин дастгирии иҷтимоиро дар бар мегирад;
Ёрии тиббӣ – ба муассисаҳои тиббӣ (марказҳои тиббӣ, беморхонаҳо, клиника ва ғайра)
ирсол кардани ҷабрдидагон ва/ё аъзои оилаҳои онҳо барои ба онҳо расонидани ёрии
тиббӣ;
Ёрии равонӣ (психологӣ) – офиятбахшии психологии инфиродии ҷабрдидагони ҳолатҳои
шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо.
Ташкилотҳои аъзои гурӯҳи офиятбахшӣ
1. Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ»
2. Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон»
3. Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»
4. Фонди ҷамъиятии «Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон»
5. Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон»
6. Ташкилоти ҷамъиятии «Апейрон»
7. Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ»
Ҳамоҳангсозии гурӯҳ:
• Котибот: ҳамоҳангсоз, корманди иҷтимоӣ, духтур (машваратчӣ) ва равоншинос
(машваратчӣ)
- ҷиҳати пешбарӣ намудани таъсиси механизмҳои самараноки офиятбахшии
ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо ҳамоҳангозии кор бо
муассисаҳои тиббӣ ва марказҳои ёрии психологӣ ва психиатриро анҷом медиҳад;
- қоида ва шартҳои ҳамкорӣ намудан бо мутахассисонеро, ки хизматрасониҳои
офиятбахшии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳоро пешниҳод
менамоянд, таҳия менамояд:
• Гурӯҳи офиятбахшӣ дар фаъолияти худ бо Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ
мондааст: механизмҳои ҳамкорӣ ва ирсоли шахсоне, ки шиканҷаро аз сар
гузаронидаанд ва/ё аъзои оилаҳои онҳо.
Шарикон ва донорҳо
• Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон
• Фонди ихтиёрии СММ барои ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа
• Иттиҳоди Аврупо
• Фонди Зигрид Раузинг
Фаъолият:
Соли 2014 тадқиқот ва арзёбии марказҳои мавҷудаи офиятбахшии ҷабрдидагони ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқҳои инсон
(ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, хушунати хонаводагӣ) анҷом дода шуд.
Тадқиқот нишон дод, ки марказҳои бӯҳронӣ ва офиятбахшии дар Тоҷикистон амалкунанда (барои ҷабрдидагони хушунати
хонаводагӣ, хариду фурӯши одамон ва ғайра) наметавонанд ба фаъолияти кор бо ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ҷалб карда
шаванд ва аз ин рӯ, зарурати таъсис додани маркази алоҳидаи пилотӣ (дафтар) доир ба офиятбахшии ҷабрдидагони ҳолатҳои
шиканҷа ба миён омадааст.
Тренинг ва семинарҳо:
29 январи соли 2016 барои кормандони иҷтимоӣ аз рӯи системаи пешниҳод намудани кӯмаку дастгирии иҷтимоӣ ба
ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ гузаронида шуд. Барномаи ҷаласа ба баланд
бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷабрдидагони
ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо равона гардида буд.
3-5 феврали соли 2016 дар доираи лоиҳаи «Фаъолият баҳри ҳимоя аз шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон» (Иттиҳоди Аврупо)
Алмато тренинг дар мавзӯи «Ҷуброн намудани товони зарар ба ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа» гузаронида шуд. Дар
тренинги мазкур 33 фаъоли ТҒҲ, адвокатҳо ва психологҳо аз Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
15-17 апрел дар доираи лоиҳаи «Офиятбахшии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа» (OSI, Тоҷикистон) дар шаҳри Душанбе тренинг
дар мавзӯи «Такмили донишу малакаи психологҳо вобаста ба арзёбии психологӣ, муоина ва офиятбахшии ҷабрдидагони
ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намуд муносибати бераҳмона» баргузор карда шуд.
Расондани кӯмаку дастгирӣ:
Соли 2015 дар давраи фаъолияти Дафтари офиятбахшӣ ба 5 нафар ҷабрдида кӯмаку дастгирии
офиятбахшӣ расонида шуд: се ҷабрдидаи бевоситаи ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва
ду нафар хешовандони ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа. Ба ду ҷабрдида ёрии тиббӣ дар намуди
табобати амбулаторӣ ва ба 3 ҷабрдидаи дигар офиятбахшии психологӣ расонида шуд.
Дар соли 2016 ҳамагӣ 27 нафар ҷабрдида аз офиятбахшӣ гузаштанд, ки 12 нафари онҳоро занон ва
15 нафарро мардон ташкил медиҳанд. Даҳ нафар – шахсоне, ки бевосита дар натиҷаи нисбати онҳо
истифода шудани шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд, боқимонда 17 нафар – аъзои
оилаҳои ҷабрдидагони шиканҷа. Чор нафар ҷабрдидаро ноболиғон ташкил доданд.
Ҳамаи ҷабрдидагон аз муоинаи аввалияи тиббӣ гузаштанд ва ба онҳо ёрии тиббӣ таъмин карда шуд:
ба 16 нафар – табобати амбулаторӣ, ба 8 нафар – табобати статсионарӣ расонида шуд, ду нафар ба
ёрии тиббӣ ниёз надоштанд, як нафар аз гирифтани ёрии тиббӣ даст кашид. Дар асоси тавсияҳои
духтурони касбӣ ба 7 нафар табобати санаторию курортӣ таъин карда шуд.
16 нафар ҷабрдида аз офиятбахшии психологӣ истифода карданд.
Арзёбии зарари маънавӣ
Соли 2016 нуҳ арзёбии ҳолати психологӣ доир ба ҷуброн гардидани товони зарари маънавӣ
анҷом дода шуд. Хулосаҳои арзёбии зарари маънавӣ ҳангоми бурдани мурофиаҳои судии
вобаста ба парвандаҳои ҷуброн намудани товони зарари маънавӣ истифода карда
мешаванд.
Маълумот барои тамос
Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ», хиёбони Рӯдакӣ 137, ошёнаи 5, утоқи 505 (бинои
Тоҷикматлубот).
Шахси масъул: Зулфия Мӯсоева
Телефон: (+992) 908 58 83 89
Email: zmusaeva@gmail.com

More Related Content

More from Salim Salim

Уҳдадориҳои журналист
Уҳдадориҳои журналистУҳдадориҳои журналист
Уҳдадориҳои журналистSalim Salim
 
Ҳуқуқҳои журналист
Ҳуқуқҳои журналистҲуқуқҳои журналист
Ҳуқуқҳои журналистSalim Salim
 
2. Гуруҳи ёрии ҳуқуқӣ 2016
2. Гуруҳи ёрии ҳуқуқӣ 20162. Гуруҳи ёрии ҳуқуқӣ 2016
2. Гуруҳи ёрии ҳуқуқӣ 2016Salim Salim
 
6. Проект по внедрению стандартов сп 2016
6. Проект по внедрению стандартов сп 20166. Проект по внедрению стандартов сп 2016
6. Проект по внедрению стандартов сп 2016Salim Salim
 
5. Медиа группа 2016
5. Медиа группа 20165. Медиа группа 2016
5. Медиа группа 2016Salim Salim
 
4. Группа по реабилитация
4. Группа по реабилитация4. Группа по реабилитация
4. Группа по реабилитацияSalim Salim
 
2. Группа правовой помощи 2016г.
2. Группа правовой помощи 2016г.2. Группа правовой помощи 2016г.
2. Группа правовой помощи 2016г.Salim Salim
 
1. О коалиции 2016
1. О коалиции 20161. О коалиции 2016
1. О коалиции 2016Salim Salim
 
3. Мониторинговая группа 2016
3. Мониторинговая группа 20163. Мониторинговая группа 2016
3. Мониторинговая группа 2016Salim Salim
 
Рӯзноманигории чандрасонаӣ
Рӯзноманигории чандрасонаӣРӯзноманигории чандрасонаӣ
Рӯзноманигории чандрасонаӣSalim Salim
 

More from Salim Salim (10)

Уҳдадориҳои журналист
Уҳдадориҳои журналистУҳдадориҳои журналист
Уҳдадориҳои журналист
 
Ҳуқуқҳои журналист
Ҳуқуқҳои журналистҲуқуқҳои журналист
Ҳуқуқҳои журналист
 
2. Гуруҳи ёрии ҳуқуқӣ 2016
2. Гуруҳи ёрии ҳуқуқӣ 20162. Гуруҳи ёрии ҳуқуқӣ 2016
2. Гуруҳи ёрии ҳуқуқӣ 2016
 
6. Проект по внедрению стандартов сп 2016
6. Проект по внедрению стандартов сп 20166. Проект по внедрению стандартов сп 2016
6. Проект по внедрению стандартов сп 2016
 
5. Медиа группа 2016
5. Медиа группа 20165. Медиа группа 2016
5. Медиа группа 2016
 
4. Группа по реабилитация
4. Группа по реабилитация4. Группа по реабилитация
4. Группа по реабилитация
 
2. Группа правовой помощи 2016г.
2. Группа правовой помощи 2016г.2. Группа правовой помощи 2016г.
2. Группа правовой помощи 2016г.
 
1. О коалиции 2016
1. О коалиции 20161. О коалиции 2016
1. О коалиции 2016
 
3. Мониторинговая группа 2016
3. Мониторинговая группа 20163. Мониторинговая группа 2016
3. Мониторинговая группа 2016
 
Рӯзноманигории чандрасонаӣ
Рӯзноманигории чандрасонаӣРӯзноманигории чандрасонаӣ
Рӯзноманигории чандрасонаӣ
 

4. Гуруҳи офиятбахш 2016

  • 1. ГУРӮҲИ ОФИЯТБАХШИИ ҶАБРДИДАГОНИ ҲОЛАТҲОИ ШИКАНҶА ВА/Ё АЪЗОИ ОИЛАҲОИ ОНҲОИ ЭЪТИЛОФИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ БАР ЗИДДИ ШИКАНҶА ВА БЕҶАЗОӢ ДАР ТОҶИСТОН
  • 2. ДАР БОРАИ ГУРӮҲ Гурӯҳ мутобиқи Қоида ва принсипҳои иштирок дар Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо мақсади зерин таъсис дода шудааст: ба ҳадди имкон пешниҳод намудани кӯмаку дастгирӣ ба ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа/аъзои оилаҳои онҳо дар барқарор кардани мустақилият ва қобилияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, аз ҷумла ҳамгироии пурраи иҷтимоии онҳо ва иштирок дар ҳаёти ҷомеа. Дар гурӯҳи офиятбахшӣ мутахассисони соҳибтаҷриба кор мекунанд: кормандони иҷтимоӣ, равоншиносон ва духтурон.
  • 3. Вазифаҳо • мусоидат кардан дар анҷом додани муоинаи тиббӣ ва расонидани ёрии таъҷилӣ; • таҳияи барномаҳои инфиродӣ ҷиҳати анҷом додани офиятбахшии тиббӣ ва равонӣ- иҷтимоии сатҳи касбӣ; • мусоидат кардан дар расонидани ёрии тиббии амбулаторӣ ва статсионарӣ ва анҷом додани табобати шахсони мавриди шиканҷа қароргирифта ва/ё аъзои оилаҳои онҳо; • таҳияи қоида ва шартҳои ҳамкорӣ бо мутахассисоне, ки хизматрасонии офиятбахшии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳоро таъмин менамоянд; • ҳамоҳангсозии корҳои вобаста ба пешбарӣ намудани таъсиси механизмҳои самараноки офиятбахшии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассиса ва марказҳои тиббии равонӣ (псилологӣ).
  • 4. Намудҳои фаъолият Кӯмаки иҷтимоӣ, ки кори инфиродӣ бо ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо, инчунин дастгирии иҷтимоиро дар бар мегирад; Ёрии тиббӣ – ба муассисаҳои тиббӣ (марказҳои тиббӣ, беморхонаҳо, клиника ва ғайра) ирсол кардани ҷабрдидагон ва/ё аъзои оилаҳои онҳо барои ба онҳо расонидани ёрии тиббӣ; Ёрии равонӣ (психологӣ) – офиятбахшии психологии инфиродии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо.
  • 5. Ташкилотҳои аъзои гурӯҳи офиятбахшӣ 1. Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» 2. Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» 3. Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» 4. Фонди ҷамъиятии «Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон» 5. Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» 6. Ташкилоти ҷамъиятии «Апейрон» 7. Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ»
  • 6. Ҳамоҳангсозии гурӯҳ: • Котибот: ҳамоҳангсоз, корманди иҷтимоӣ, духтур (машваратчӣ) ва равоншинос (машваратчӣ) - ҷиҳати пешбарӣ намудани таъсиси механизмҳои самараноки офиятбахшии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо ҳамоҳангозии кор бо муассисаҳои тиббӣ ва марказҳои ёрии психологӣ ва психиатриро анҷом медиҳад; - қоида ва шартҳои ҳамкорӣ намудан бо мутахассисонеро, ки хизматрасониҳои офиятбахшии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳоро пешниҳод менамоянд, таҳия менамояд: • Гурӯҳи офиятбахшӣ дар фаъолияти худ бо Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондааст: механизмҳои ҳамкорӣ ва ирсоли шахсоне, ки шиканҷаро аз сар гузаронидаанд ва/ё аъзои оилаҳои онҳо.
  • 7. Шарикон ва донорҳо • Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон • Фонди ихтиёрии СММ барои ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа • Иттиҳоди Аврупо • Фонди Зигрид Раузинг
  • 8. Фаъолият: Соли 2014 тадқиқот ва арзёбии марказҳои мавҷудаи офиятбахшии ҷабрдидагони ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқҳои инсон (ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, хушунати хонаводагӣ) анҷом дода шуд. Тадқиқот нишон дод, ки марказҳои бӯҳронӣ ва офиятбахшии дар Тоҷикистон амалкунанда (барои ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ, хариду фурӯши одамон ва ғайра) наметавонанд ба фаъолияти кор бо ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ҷалб карда шаванд ва аз ин рӯ, зарурати таъсис додани маркази алоҳидаи пилотӣ (дафтар) доир ба офиятбахшии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ба миён омадааст. Тренинг ва семинарҳо: 29 январи соли 2016 барои кормандони иҷтимоӣ аз рӯи системаи пешниҳод намудани кӯмаку дастгирии иҷтимоӣ ба ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ гузаронида шуд. Барномаи ҷаласа ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо равона гардида буд. 3-5 феврали соли 2016 дар доираи лоиҳаи «Фаъолият баҳри ҳимоя аз шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон» (Иттиҳоди Аврупо) Алмато тренинг дар мавзӯи «Ҷуброн намудани товони зарар ба ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа» гузаронида шуд. Дар тренинги мазкур 33 фаъоли ТҒҲ, адвокатҳо ва психологҳо аз Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. 15-17 апрел дар доираи лоиҳаи «Офиятбахшии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа» (OSI, Тоҷикистон) дар шаҳри Душанбе тренинг дар мавзӯи «Такмили донишу малакаи психологҳо вобаста ба арзёбии психологӣ, муоина ва офиятбахшии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намуд муносибати бераҳмона» баргузор карда шуд.
  • 9. Расондани кӯмаку дастгирӣ: Соли 2015 дар давраи фаъолияти Дафтари офиятбахшӣ ба 5 нафар ҷабрдида кӯмаку дастгирии офиятбахшӣ расонида шуд: се ҷабрдидаи бевоситаи ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва ду нафар хешовандони ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа. Ба ду ҷабрдида ёрии тиббӣ дар намуди табобати амбулаторӣ ва ба 3 ҷабрдидаи дигар офиятбахшии психологӣ расонида шуд. Дар соли 2016 ҳамагӣ 27 нафар ҷабрдида аз офиятбахшӣ гузаштанд, ки 12 нафари онҳоро занон ва 15 нафарро мардон ташкил медиҳанд. Даҳ нафар – шахсоне, ки бевосита дар натиҷаи нисбати онҳо истифода шудани шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд, боқимонда 17 нафар – аъзои оилаҳои ҷабрдидагони шиканҷа. Чор нафар ҷабрдидаро ноболиғон ташкил доданд. Ҳамаи ҷабрдидагон аз муоинаи аввалияи тиббӣ гузаштанд ва ба онҳо ёрии тиббӣ таъмин карда шуд: ба 16 нафар – табобати амбулаторӣ, ба 8 нафар – табобати статсионарӣ расонида шуд, ду нафар ба ёрии тиббӣ ниёз надоштанд, як нафар аз гирифтани ёрии тиббӣ даст кашид. Дар асоси тавсияҳои духтурони касбӣ ба 7 нафар табобати санаторию курортӣ таъин карда шуд. 16 нафар ҷабрдида аз офиятбахшии психологӣ истифода карданд.
  • 10. Арзёбии зарари маънавӣ Соли 2016 нуҳ арзёбии ҳолати психологӣ доир ба ҷуброн гардидани товони зарари маънавӣ анҷом дода шуд. Хулосаҳои арзёбии зарари маънавӣ ҳангоми бурдани мурофиаҳои судии вобаста ба парвандаҳои ҷуброн намудани товони зарари маънавӣ истифода карда мешаванд.
  • 11. Маълумот барои тамос Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ», хиёбони Рӯдакӣ 137, ошёнаи 5, утоқи 505 (бинои Тоҷикматлубот). Шахси масъул: Зулфия Мӯсоева Телефон: (+992) 908 58 83 89 Email: zmusaeva@gmail.com